ЛАҶОМИ СУХАН НЕ,
ТИЗГИНИ ГАП ГӮЕД!
Ман журналистам. Дар
васоити ахбори чопӣ кор кунам ҳам, камтарак таҷрибаи фаъолият дар телевизионро
дорам. Замоне дар телевизиони маҳаллӣ барномаҳои “Зан ва мард”, “Масъалаи рӯз”
ва “Ташреҳ”-ро мебурдам. Он вақт
ва ҳоло низ оид ба мушкилии омода сохтани тарҳи як барнома андеша ҳам
накардаам. Зеро ин пешаи ман буду ҳаст ва онро бо муҳаббат иҷро мекунам. Гуфти
русҳо, “оказывается» мушкил будааст. Мушкил будааст таҳияи сенарияи як барнома, дарёфти қаҳрамонони он, ба иштирокчиён фаҳмонида
додани умқи масъала, дизайни студия ва ғайраву ва ҳоказо. Ба хусус мушкилтар
мешавад чун ноогоҳе ба Шумо самти огоҳӣ нишон диҳад. Да...
Алҳол омодагӣ ба ташкилу гузаронидани як мизи гирдаке дар мавзӯи наонқадар печидаву баҳсбарангез идома дорад. Барнома бояд рӯзҳои наздик наворбардорӣ шавад. Тайёрӣ ба он бо ҷалби ҳамаю ҳама чиз ҳафтаест, ки идома дорад ва ман низ яке аз ҳамон сафарбаршудагон ҳастам. Аниқтараш мо журналистонро омода карда истодаанд чӣ тавр сухан гӯему чӣ тавр шеваи рафторамон бошад. Аслан намехоҳанд номи мо ва ё чеҳраи мо дар ин гуна маҳфилҳо бошаду расонаӣ шавад, аммо чорае надоранд. Гӯё чорасози дигаронанду дар илоҷи кори худ бечораанд. Э ҳа, аҷаб дискусия дорем дар раванди омодагиҳо.

Ин
албатта ҷойи аҷобат надорад, ба шарте як нуктаро сарфи назар накунем. Нуктаеро,
ки чӣ тавр соли 2007 барномаи 20 дақиқаи маро дар нисфаш қайчӣ зада буданд, қайчии маъмурӣ. Онҳое, ки ҳамон вақт барномаи “Зан ва мард”, ки муаллиф ва
барандааш каминаи камтарин буд, нагузоштанд дигар пешкаши бинанда шавад, имрӯз
сар мекафонанд оиди чӣ тавр гузаронидани як мизи мудаввари телевизонӣ. Воқеа ин
тавр буд:
Соли 2007. Дар телевизиони
маҳаллӣ барномаи “Зан ва мард”, ки аз
мушкилот ва муносибатҳо ҳикоят мекунад, рафта истодааст. Дар нисфи барнома занг зада, талаб мекунанд,
ки барнома боз дошта шавад ва қисмати боқимондаи он манзури бинанда нагардад. Ноилоҷ
барнома боз дошта шуд. Рӯзи дигар комиссияи бонуфуз ташкил карда, омаданд то
барномаро майда- майда таҳлил
кунанд. Дар комиссия киҳое шомил набуд... ҳамаи бузургони идеологии ҳамонвақта!!!
Қисса кӯтоҳ айб
ёфтанд, айби ногуфтанӣ ва бузургтар аз ин айб ҳам шояд набошад. Камбудӣ ҳамин
будааст, ки ман дар рафти барнома ибораи “лаҷоми сухан”-ро истифода
бурдаам. Вақте эътироз кардам, ки пас чӣ бояд гуям, гуфтанд:
-Тизгини гап гӯед,
тизгини гап...чуваки ҳама мефаҳмад...
Ана ҳамин тавр,
онҳое, ки лаҷоми суханро бо тизгини гап иваз карданӣ буданд, имрӯз "тизгин"-и маро гирифтанианд чӣ бало??? Лек сахт хато мекунанд!!!