БРАВО, "ДАРОЖНИК"
Дар маҳаллаи мо Ҳомидҷонҳо зиёданд. То лақаби онҳоро нагиред, кас сарфаҳм намеравад, ки сухан бобати кадом Ҳомидҷон меравад, Ҳомидҷони “гӯрков”, Ҳомидҷони “бачақапак”, Ҳомидҷони “дарожник” ва ё дигар Ҳомидҷон. Лақаб ба Ҳомидҷонҳо беҳуда начаспидааст. Балки ифодагари кору амал ва хислату хусусияти онҳост. Ин ҷо мехоҳам дар бораи яке аз ин Ҳомидҷонҳо – Ҳомидҷони “дарожник” нависам.
Ҳомидҷони “дарожник” дар ҳамсоягии бародарам зиндагӣ мекунад. Бобову бобокалонҳояш аз мардуми соҳибилм буданд. Ба ҳадде, ки яке аз масҷидҳои панҷвақтаи деҳаи Чоркӯҳ ба номи бобояш – Домулло Абдухаллоқ номгузорӣ шудааст. Худи Ҳомидҷон бошад, илми казоии динӣ надорад ва ба гуфти модаркалонам дар илми “совет” низ қаторӣ мебошад. Худованд ба ӯ илм надода бошад ҳам, аммо соҳибамал гардонидааст. Даррав ба ёдатон раисӣ наояд, амали ӯ болотар аз раисист. Кораш таъмири роҳи Исфара – Чоркӯҳ буд. Навҷавон будем, субҳи барвақт вақте мардум аз масҷид ҷониби хонаҳояшон мешитофтанд, ӯ сӯйи роҳи калон мерафт, зеро қиблаи оромишаш ободии роҳҳо буд. Дар сари китфаш бел буду дар миёнаш порае нон. Андеша мекардем “аз субҳи содиқ то намози шом” ният кардааст, ки ба мардум хизмат кунад. Ҳарчанд дигар ӯро дар роҳҳо намебинам, аммо бо ҳамин симои хоксоронаву омиёна дар лавҳи хотирҳо нишастааст. Гумон мекунам аз ҳама бештар дар ҳаққи ӯ дуо кардаанд. Дуои самимӣ ва холӣ аз риёву чоплусӣ. Вақте ба чеҳраи дар офтоб сӯхтаи ӯ нигоҳ мекунед, бе ихтиёр ҳақиқати зиндагиро ҳис менамоед. Ҳис мекунед, ки бояд касби худро аз таҳти дил дӯст дошт, барои иҷрои кору вазифа масъул бояд буд ва барои “показуха” набояд фаъолият бурд. Барои ӯ саису раис дар як сатҳ буданду муҳимтарин арзиш одаму одамгарӣ ба ҳисоб мерафт. Баъди анҷоми кор дар қади роҳ меистод ва бо ишораи даст мошинеро манъ намекард. Балки интизори микроавтобусҳои хатсайр мегашт. Чеҳрааш ба ҳамаи равандагони роҳи Исфара-Ворух шинос буд ва ҳама аз мусофир шудани ӯ дар нақлиёташон худро хушбахт ҳис менамуданд. Гӯё ҳамроҳи ӯ дасти Худоро медиданд.
-Ман мегӯяд, -Ҳомидҷон, - аз соли 1991 инҷониб ба таъмири роҳҳо машғул шудам. Соли 2012 бо сабаби маъюбӣ ба нафақа баромадам. Дар давоми 21 соли корам ягон бор “кори ману кори ту” накарда, кори иҷро менамударо ба сомон расонидам. –Инро бинед, - давом медиҳад суханашро акои “дарожник”-и мо, - мумкин таъмири роҳ ва пур кардани чуқурчаҳои он барои баъзеҳо кори беҳуда намояд. Аммо ман ҳис мекунам, ки ин беҳуда нест, ба шумо не, ба ваё, ба ваё не ба каси дигар фоидаам мерасад-ку. Ҳеҷ набошад, роҳ ҳамвор шавад, равуои мусофирон роҳаттар мегардад, ҳамту не.
Бале, ҳамту, акои Ҳомидҷон. Шумо депутат нестед, аммо бештар аз вакилони мардумӣ мардумитар будед, беҳизбеду аз мо барин ҳизбиён мардумсолортар. Агар шоирона гӯям: Каъбаи умедатон халқ буду бас.
Абдуллоев Хайрулло, устои роҳи қитъаи Исфара – Ворух, нисбати қаҳрамони мо – Бобоев Ҳомидҷон мегӯяд:
- Ҳомидҷон одами қобил буд. Новобаста аз маъюбии худ талош мекард, ки дар ҳамвор кардани роҳҳо ва таъмири он ҳисса гузорад. Ин гуна шахсон ангуштшуморанд. Се сол мешавад бо сабаби саломатӣ дар нафақа асту ҳамроҳи мо нест, лекин холӣ будани ҷояш ҳоло ҳам эҳсос мегардад.
Шамсиалиев Абдуқодир, сарвари ҶДММ “Танзим” илова мекунад:
-Дар роҳ будани Ҳомидҷон ва ба таъмир машғул шудани он кас барои ронандагон фоли нек буд. Ҳис мекардем, рӯзе, ки ин марди меҳнатӣ машғули кор аст, он рӯз кушоишу сафои дил ҳамсафари мост. Ӯро як ҷузъи рӯзгори ронандагӣ мепиндоштем. Агарчӣ ягон бор сари чанбари мошин нанишастааст, аммо сирри дили ронандагонро медонисту дарк мекард, ки роҳи ҳамвор боиси осудахотири мусофирон мебошад.
Браво, акои Ҳомидҷон Бобоев, ё ба қавли халқ Ҳомидҷони “дарожник”. Роҳҳо таъмир шуда истодаанду валангор, валангор шуда истодаанду боз аз сари нав мумфарш. Нақлиёт зиёд шудаву теъдоди раҳакиён афзудааст. Аммо чеҳраи офтобхӯрдаатон бо либоси махсуси роҳсозону бел ҳамоно як ҷузъи ҷудонашавандаи он аст.
