Айнӣ, яке аз минтақаҳои тамошобоби Тоҷикистон буда, мавзеъҳои Искандаркӯл, кӯли Аловуддин, водии Яғноб, манори Варз, кӯҳҳои Фон маҳз дар ин минтақа ҷойгир аст. Новобаста аз мавзеи туристӣ буданаш Айнӣ ҳамоно дар интизори рушди худ аст...
Ғулин гиред, ғулинг...
![]() |
| Имомназар Бобоев |
-Савдои қади
кӯча, - мегӯяд Имомназар, - манбаи иловагии даромади мост. Ҳар сол маҳсулоти
шириву меваҷоти боғҳоямонро дар сари роҳи мошингард ба сайёҳону раҳгузарон
пешкаш мекунем. Каму беш савдо менамоем. Ҳам харидорон хурсанд ҳастанд, ки
маҳсулоти тозаи экологӣ гирифтанду ҳам мо, ки маҳсулоти деҳқониамонро фурӯхтем.
Ба мисоли
Имомназар Бобоев метавон дар қади роҳи Хуҷанд – Душанбе дар ноҳияи Айнӣ
нафарони хеле зиёдеро дучор шуд. Барои аксарияти онҳо ҳамин савдо манбаи
даромад ва пешбурди рӯзгор мебошад. Аз ин рӯ, ба қавли қаҳрамони мо, ҳар қадаре
сайёҳон аз Айнӣ бештар дидан намоянд, ҳамон қадар рӯзгори мардуми ин минтақа
беҳтару хубтар хоҳад гашт.
![]() |
| Турдимурод Ҷиянов |
-Аз ин савдо пули бисёр ба даст наорем ҳам, - мегӯяд Турдимурод, - аммо зиндагиро пеш бурдан мумкин аст. Маҳсулоти мефурӯхтаамон на ҳамеша аз худи Айнист. Масалан зардолуи хушккардашударо аз Истаравшан меорем. Истаравшаниҳо бошад, дар навбати худ онро аз Исфара меоранд. Қурут маҳсулоти худи Айнист, аммо қаймоқро барои фурӯш аз Зафаробод меорем.
Ба гуфтаи
Турдимурод Ҷиянов агар имсол низ сарҳадҳо баста бошанду имкони ба муҳоҷират
рафтан наёбад, савдоро дар қади шоҳроҳи Хуҷанд-Душанбе идома хоҳад дод.
Зиндагӣ ба
куллӣ тағйир ёфт, аммо...
![]() |
| Ӯзбакой Каримова |
Дар интизори рӯзҳои хуб
Бино ба иттилои шуъбаи иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ агар соли 2019 аз минтақаҳои сайёҳии Айнӣ 6010 нафар сайёҳон дидан намуда бошанд, дар соли 2020 ин нишондод 2729 нафарро ташкил додааст. Сабаби асосӣ баста шудани марзҳо ва паҳнгардии бемории коронавирус аст. Ба гуфти масъулин масъалаи рушди сайёҳӣ аз ҷониби мақомоти иҷроия ҳамеша пайгирӣ карда мешавад. Борҳо бо соҳибкорону масъулин оид ба бунёди меҳмонхонаву мағозаҳои фурӯши армуғонҳои сайёҳӣ суҳбату вохӯриҳо гузаронида шудаву интизор меравад, ки Айнӣ яке аз минтақаҳои рушдкардаи сайёҳии кишвар хоҳад шуд.
Дар ҳамин
ҳол Сорбон Яҳёев корманди меҳмонхонаи “Кӯли Аловуддин” мегӯяд, бемории ҳамагири
коронавирус дар соли гузашта ба фаъолияти онҳо таъсири бад расонид. Онҳо, ки
фаъолияти мавсимӣ доранд, маҷбур шуданд, аз сабаби наомадани сайёҳӣ панҷ нафар
кормандони худро ба рухсатии бемузд ҷавоб диҳанд. Имсол умед доранд, ки бо об
шудани барфҳо ва оғози фасли баҳор теъдоди сайёҳон меафзояд ва рӯзгорашон ба
ҳолати аввала бар мегардад.
Рушди
сайёҳии дохилӣ
Баста шудани
марзҳо ва паҳншавии коронавирус боиси наомадани сайёҳони хориҷӣ на танҳо ба
ноҳияи Айнӣ, балки ба қаламрави Тоҷикистон
гардид. Аслан пандемия ба соҳаи сайёҳӣ дар ҷаҳон зарбаи сахт зад ва ба
гуфти мутахассисони соҳа имкониятҳо ҳаст, ки кам омадани сайёҳони хориҷиро аз
ҳисоби сайёҳони дохилӣ ҷуброн намуд. Дар ин бора мудири бахши рушди сайёҳии
Исфара Муртазо Эгамзод мегӯяд, бояд дар радифи ҷалби сайёҳони хориҷӣ, ба
сайёҳони дохилӣ низ диққати хосса дода шавад. Муҳайё кардани шароити хуб,
нархҳои дастрас, таъсиси хатсайрҳои сайёҳӣ дар дохили кишвар, ҳарчӣ бештар паҳн
кардани иттилоот тавассути сомонаву шабакаҳои иҷтимоӣ ва ҳама гуна воситаҳои
имконпазир метавонад ба рушди сайёҳии дохилӣ таккони ҷиддӣ бахшад. Ба андешаи
М.Эгамзод бояд худи минтақаҳои сайёҳӣ барои ҷалби сайёҳони ватанӣ ҳавасманд
бошанд ва ҳамкориҳоро бо ҳамаи сохторҳои марбута, алалхусус маориф ҷоннок
кунанд. Дар ин самт муаррифӣ карда шудани мавзеъҳо, нишон дода тавонистани
расму русумҳои мардумӣ, бозиҳои халқӣ ва умуман табиати афсункору нотакрор
нақши калидӣ дорад.
Дар анҷом
Ноҳияи Айнӣ
ноҳияи диданист бо табиати зебову афсункор, ҳарчанд бахши рушди сайёҳӣ ҳамчун
сохтори алоҳида надорад, аммо метавонад рушд кунад. Ҳарчанд дар сомонаҳои
интернетиву шабакаҳои иҷтимоӣ дар борааш маълумоти хеле каму ноқис мавҷуд аст,
аммо дар замираш аз таърихи дирӯзу имрӯз бисёр гуфтаниҳо дорад... ва интизор
аст... дар интизори рушди сайёҳии худ!




