четверг, 7 января 2016 г.

ЧАРО МАН ЯКРАВ(ҳ)АМ

       Касе, ки донишҷӯй шудааст, мумкин хотираҳои зиёде дорад, ки на ҳамаи онҳо гуфтанисту навиштанӣ. Баъзан ҳолатҳое рӯй медиҳанд, ки ба қавле «нарочно не придумаешь». 
         
        Ва… дар қиёси дигар ҳамкурсонам ҳамин гуна воқеаҳо аз рӯйи нахусти таҳсил дар мактаби олӣ бароям оғоз шуду тамоми панҷ соли таҳсил то соли 1998 идома ёфт. Ҳоло низ ин гуна ҳодисаҳои омӯхтаниву аҷиб рӯй медиҳанд, ки албатта баъдтарак дар бораашон менависам, ҳозир бошад...

       Баъди хатми мактаби миёна ҳуҷҷатҳоямро ба факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров супоридам. Аслан чаро ҳамин факултетро интихоб намудам, то ҳол асоснок карда наметавонам. Ҳарчанд имкони қабулшавиам ба дигар факултетҳо, ба мисли факултети иқтисодӣ бештар буд, факулети филологияи тоҷикро интихоб намудам.

        Ба як нафар донишҷӯй 12 нафар довталаб рост меомад. Имтиҳони даҳонӣ аз забон ва адабиёти тоҷикро бо баҳои 4 супоридаму ба иншои навиштаам баҳои 4/4 гузоштанд. Дар маҷмӯи 12 хол буд. Ба мандат роҳ ёфта бошам ҳам, донишҷӯй нагаштам ва ба қавле “аз мандат гаштам”.  

      Бисёриҳо тавсияву маслиҳат доданд, ки роҳи деҳаро пеш гирам ва барои соли дигар омода шавам, мумкин соли оянда бахт ба рӯям хандад. Вале ман дигар роҳро пеш гирифтам.

       Якуми сентябр. Ба факултети филологияи тоҷик рафта, дар қатори донишҷӯйшудагон  паси мизи дарсӣ нишастам. Омӯзгоре (сонӣ фаҳмидам, ки куратори гурӯҳ будааст) омада, ҳамаро барои донишҷӯй шуданашон табрик гуфт ва корро аз интихоби сардори гурӯҳ оғоз кард. Намедонам ситораам гарм тофт, ё чизи дигар маро сардори гурӯҳ таъин намуд. Ҳамин тавр ду ҳафтаи таҳсилро донишҷӯйи донишҷӯйнабуда барин паси сар кардам.   Баъди омода шудани рӯйхати донишҷӯёни курси як куратори гурӯҳ чун дид, ки ному насабам дар рӯйхат нест, маро аз синфхона берун кард. Ман бошам, ҳарчӣ бодо бод гӯён соати дуюм боз дар синфхона пайдо мешудам. Ҳамин тавр маро аз синф меронанду ман аз нав даромада менишастам.

       Ахиран кор ба ҳамин оид шуд, ки  ректори донишгоҳ Асадуллоев С. (равонашон шод бод!) ба наздашон даъват намуда, гуфтанд:

       -Писар, якравӣ ҳам ҳад доштагист. Мебинам, ки аз ҳад зиёд донишҷӯй шудан мехоҳӣ. Майлаш, туро ҳамчун нафари эҳтиётӣ дар ҳамон гурӯҳат номнавис мекунем, аммо шарт ҳамин: баҳои чор гирӣ, бо ту хайру хуш.


      Семестри якум ба охир расид. Ҳамаи санҷишу имтиҳонҳоро бо баҳои аъло супоридам. Агар ҳама дар моҳи сентябр сазовори номи донишҷӯй шуда бошанд, ба ман насиб кард, ки баъди нимсол дар моҳи феврал “студент” гардам ва он ҳам ба "шарофат"-и якравии якраҳонаву аз ҳад зиёд хоҳиш доштан.






Комментариев нет:

Отправить комментарий