ПАДАРАМ РАФТУ ЯТИМАМ...

20 рӯз аст, ки ПАДАРАМ нест. Ӯ назди модарам рафт, модаре, ки 6 сол пеш аз ин дунё реҳлат карда буд.
20 рӯз аст, ки бо будани хешу пайвандону ёру дӯстон хонаи ман холист, ҷойи ПАДАРАМРО дигар касе гирифта наметавонад. Дигар касе ҳар саҳар вақти ба кор рафтанам фотеҳае намедиҳад.
Ҳарчанд ҳар саҳар пеш аз ба кор омадан ба зиёрати қабрашон меравам, аммо он ҷо водии хомӯшон аст, садое намешунавам ва дуое мекунам дар ҳаққи гузаштагон. Ҳис менамоям ВОЛИДОНАМ дар ин хомӯшгаҳ ҳам дар ғами ману наздиконам ҳастанд. Фотеҳа медиҳанд, хомӯшона ва шояд гиряолуд...
Онҳое, ки ба тасаллияти мо омаданд, мегуфтанд падар умри бобаракати 90 доштанд, марги он кас тӯй асту на ҳар касро Худованд ба ин синну сол мерасонад. Намедонам, аммо марги ПАДАР ятимам намуд, бекасам кард, хонаам ба якборагӣ холӣ шуд. Сағира гардидам, ҳарчанд бародару бародарзодагон ва хоҳару хоҳарзодагонам дар кишварҳои гуногуни олам кору фаъолият доранду ҳамеша меҳрубонона дар суроғам ҳастанд. Лек ҷойи ПАДАРро, ки баъди марги МОДАР ҳам падарӣ доштанду ҳам модарӣ касе дигар гирифта наметавонад. Дигар касе дар кунҷи сандалии хона ҳамроҳи мо нест, нозбардори фарзандони ман нест, маслиҳатгари завҷаам нест.
Чанд рӯз аст, писари хурдиам, ки 13 сол дорад, шабҳо хомӯшона ва бесадо мегиряд. Акнун дарк кардааст, ки бе БОБО мондааст. БОБОЕ, ки ба ӯ беҳтарин хӯрданиҳоро медоданду луқмаашонро барояш нигоҳ медоштанд. Бо меҳр "ДОДО" мегуфтанд.
20 рӯз аст, ки духтарчаи шашсолаам аз хоб хеста, ба хонаи хоби падарам медавад. Ӯ одате дошт, ҳар саҳар рафта ба бобояш гӯяд: "Ҳа бобоҷон, эсану амон аз хоб хестед-мӣ?"Аммо ҳоло саҳаргоҳон ӯ ҳайрон аст ва дар олами кӯдакияш намедонам набудани БОБОяшро чӣ тавр маънидод кардааст...
Имшаб бародарам ба сафар рафт, ба ҷои кораш ба Русия. Ҳар гоҳ ӯ аз ПАДАР фотеҳаи сафар мегирифт, имшаб бошад, хоҳари калониам фотеҳа дод, бо ашки шашқатор... Ҳис кардам, ки чӣ ғанимат ва давлати бузурге будааст волидайну фотеҳаи онҳо. Ҳарчанд хоҳарам соҳибилм аст, аммо фотеҳаи ӯ вазни фотеҳаи ПАДАРИВУ МОДАРИРО надорад. Фотеҳаву дуои неки ПАДАР оддиву содда бошад ҳам, бузург будаасту сипари зиндагӣ...
20 рӯз аст, ки дигар ПАДАР дар ҳаққи мо даст ба рӯй намекашанд. Дар кунҷи сандалии хона интизор нестанд. Ҷояшон холӣ монд ва касе пур карда наметавонад...
Комментариев нет:
Отправить комментарий