"ӮҲ" ё "УҲ", ё...
Рӯзнома мебастем. Баҳс сари ҳарфи "ӯ" (у-и дароз) ва навишти он пеш аз ҳарфи "ҳ" ва аломати сакта оид шуд.
Аз мутахассиси соҳа пурсидем. Ҷавоб дод, ки ҳарфи "ӯ" дар калимаҳое, ки асли баромадашон тоҷикӣ ё туркӣ ҳастанд, пеш аз ҳарфи "ҳ" ва аломати сакта навишта мешавад. Дар калимаҳои асли баромадашон арабӣ бошад, навишта намешавад.
Мутахассис инчунин эзоҳ дод, ки дар вожаҳое, ки ҳиҷои аввалашон бо аломати сакта тамом мешаванд, "ҳарфи "ӯ" навишта намешавад (шуъба), дар калимаҳое, ки ҳиҷои дуюмашон аломати сакта доранд, навишта мешавад (мавзӯъ).
Аз масъули шумора Набиҷон Худойбердиев пурсидам:
-"Ӯҳ"-ро бо "Ӯ" менавишта бошанд, ё бо "У"?
Ҷавоб доданд:
-Аз гуфти мутахассис хулоса баровардан мумкин аст, ки агар тоҷику турк "ӮҲ" гӯяд, бо "У"-и дароз менависему агар араб "УҲ" гӯяд, бо ҳарфи "У".
Котиби масъули рӯзнома Субҳиддин Сайфиддинов бошад, илова карданд:
-Хотиратон ҷамъ бошад, ҳозир касе "ӮҲ", ё "УҲ" намегӯяд. Ҳам тоҷику ҳам турку ҳам араб "черт побери" мегӯянд, ё "бля..."...

Комментариев нет:
Отправить комментарий