ДАР КӮЗА ОБУ...
«Оё дар маркази ноҳияи Ҷабборов Расулови вилояти Суғд мардум бо оби нӯшокӣ таъминанд?»
Дар ноҳияи ба номи Ҷаббор Расулов исрофи беҳуда ва истифодаи беҳадафи об ба назар мерасад.
Тайи чаҳор рӯзи буду боши мо дар урдугоҳи «Уқобча» аз ҷумаки ошхонаи он пайваста об мешорид ва касе ба исрофи беҳудаи он эътибор намедод.
Ин дар ҳолест, ки на ҳама сокинони он дастрасии комил ба оби нӯшокӣ доранд.Онҳо маҷбуранд, обро аз масофаи дур ба манзилҳои худ тавассути зарфҳо кашонанд ва ё аз обҳои полезии тасфияшуда истифода баранд.
Манзили сокини кӯчаи Домуллоҷон Азизов Муҳаммадӣ Мансуров дар масофаи 300 метр дуртар аз бинои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия қарор дорад. Ӯ аз норасоӣ ва камбуди об шиква мекунад.
Муҳаммадӣ Мансуров мегӯяд:
Чанд маротиба ба мақомоти дахлдор муроҷиат кардем, аммо бенатиҷа. Ягон рӯз ҳолат хуб мешудагист.
Баъди соати 20:00 баъд суръати омадани об тез мешавад. Дар ин вақт барои гирифтани об як-ду соат бояд навбат истод.
Об нест. Пулашро ҳар моҳ медиҳем. Чанд бор муроҷиат кардем. Нағз мешудагист.
Сардори КДФ “Обтаъминкунӣ ва канализатсия”-и ноҳияи Ҷаббор Расулов Абдураззоқ Акрамов изҳор дошт:
Барои таъмини пурраи аҳолии маркази ноҳия беш аз 16 миллион сомонӣ лозим аст. Лоиҳа пешниҳод шудааст, ҳоло дар марҳилаи баррасишавист.
PS: Захираи оби ноҳияи Ҷаббор Расулов дар обанборҳо 131 миллион м3-ро дар бар мегираду ин нишондод дар чашмасорон ҳудуди 120 миллион м3-ро ташкил медиҳад. Шумори аҳолӣ 122315 нафар мебошад.
(Аз Барномаи рушди иқтисодиву иҷтимоии
ноҳияи Ҷаббор Расулов барои солҳои 2011-2015).
*Мавод дар ҳамкорӣ бо Мутрибахон Ниёзова -
муҳаррири маҷаллаи "Нилуфар" омода шудааст.
Комментариев нет:
Отправить комментарий