“БЕИНСОФОБА ИНСОФ ДИҲАД”
Ҳамкорамон Владимир Васильевич Мартыненко ҳар рӯз баъди хӯроки нисфирӯзӣ дуо мекунад: “Беинсофоба инсоф диҳад, омин”...
Ин дуои акои Володия
ҷузъи ҷудонашавандаи хӯрокхӯрии мо шудаасту ҳама бо ханда барои ин дуояшон даст
боло мекунем ва андеша ҳам намекунем, ки
“черт побери” Владимир Мартыненко ҳақ аст ва он чизе, ки имрӯз ба ҳамаи
мо, аз саис то раис намерасад, ҳамин инсоф аст.
Ин инсоф аст, ки
бинобар сармозании ҳосили зардолу нархи пасттарини он, яъне “компоташ” 8 сомонӣ
шуд. 20 сомониашро имрӯз аз рӯйи инсоф 30-35 сомонӣ нарх мегузоранд, ҳарчанд
зардолуҳои ба фурӯш мебароварда ягон алоқамандӣ ба сармо надорад ва боқимондаи
ҳосили солҳои пеш аст. Албатта, “харад зам кун...” лекин ин мақол гӯркови инсоф мебошад. Ранги журналистон, ки ба гуфте
мурдашӯй ва гӯркови замонанд, гарчанде даркоранд.
Ин инсоф аст, ки бархе
волидайн фарзандонашонро аз хизмати ҳарбӣ мегурезонанд ва боз ҳамин инсоф аст,
ки онҳо ба синаашон зада, худро ғамхори миллат нишон медиҳанду мехоҳанд дар
рӯйхати гирандагони ҳавлиҷо ному насабашон дар сархати аввал бошад. Алорағми “ғайриимкон
асту аз рӯйи навбат” гуфтанҳои Обидҷон Аҳмедов мехоҳанд дар сафи аввалинҳо
эҳром банданду зиёрати Каъбатуллоҳ намоянд.
Ана ҳамин инсоф
аст, ки муллоҳои мо ҳарфи гуфтание нисбат ба амнияти давлат, гумроҳии ҷавонон,
ҳадиси ришу ҳиҷоб надоранд. Доранд албатта, фақат дар доираи гуфтанҳои умумӣ,
ки танҳо ба хотири гуфтан аст. Ва дарк ҳам намекунанд метавонад мулло сухане
созанда дошта бошад, на мавқеи хомӯшонаи сӯзанда. Ва ин ҳама чашм пӯшидану
хомӯш нишастанҳояшон низ дар пояи инсофашон мебошад.
Агар талаботҳои
гуногуни инсоф ва дараҷаи инсофдорӣ намебуд, яке корашро аз сидқи дил иҷро
намекарду дигаре манёвр наменамуд. Барои иддае таъриф шеваи худширинкунӣ ва
зиначаҳои расидан ба мақсад намегашту барои бархе танқиду воҳима усули
тарсонидан интихоб карда намешуд.
Ҳамин инсоф аст,
ки аз набудани он гурӯҳаке динро ба мақсадҳои нопокашон истифода бурда
истодаанду масҷидро дари масҷидро ҷойи паҳнкунии рӯзномаашон интихоб намудаанд.
Ва гурӯҳаки дигаре ҳам ҳастанд, ки ба масҷид соф барои ибодат мераванд ва
инсофашон инро талаб мекунад.
Ин инсофи ман
аст, ки чизҳоеро менависаму мегӯям ва ин инсофи шумост, ки дар доираи он
бардошт мекунед аз он. Агар дар ҳошияи ин ҳарфҳо ҳарфе гуфтаниед ин ҳам
ба инсофи шумо вобаста...

Комментариев нет:
Отправить комментарий