Меҳмонони нохонда, вале шодибахш
Дар Исфара бе садои карнаю сурнай хатнатӯй барпо намешавад. На ба он хотир ки аҳолӣ ба якдигар пайравӣ мекунанду ин анъана ҷузъе аз хатнатӯй дар Исфара аст. Ин тавр нест, балки гап сари он аст, ки аз қадим гурӯҳи карнайнавозон ҳастанд, ки касе хабар ва ё киро намекунад, балки онҳо бо хоҳиши худ ба тӯйҳо мераванд ва бо карнаю сурнай ва аспак онро ҷаззобияти тоза мебахшанд. Ин сарояндагони мумтози халқӣ аз қавми мазангҳо ҳастанд, ки дар Исфара шумораашон аз 1000 нафар мегузарад ва онҳо асосан дар деҳаи Кӯлканд ва шаҳри Исфара зиндагӣ менамоянд. Бо гуфтани мазанг дар пеши назар ду тоифа пайдо мешаванд: карнайнавозон дар хатнатӯйҳо ва майдасавдогарони бозор. Кистанд ин қавм?
Аз қадим бозорнишин ҳастем
![]() |
| Абдуҳаким Қаландаров |
Абдуҳаким Қаландаров яке аз намояндагони ин қавм мебошад, ки дар бозори Исфара ба майдасавдогарӣ машғул аст. Ӯ мегӯяд пешаи савдогарӣ ва ба ибораи худаш “сӯзанфурӯшӣ” аз авлод ба авлод, аз насл ба насл мегузарад. Ёд дорад, ки аз хурдсолӣ ҳамроҳи модараш Қуйсуной ба савдо машғул будаанд. Дар даврони Шӯравӣ бошад, бо асбу ароба шона, сӯзану ришта, ҳар гуна ороишот барои занону духтарон, пуфак ва бозичаҳои кӯдаконаро ба деҳаҳо мебурдаанду ба пул мефурӯхтаанд ва ё бо зарфҳои шишагин иваз мекардаанд. Кӯдакони солҳои 70-80-уми асри гузашта онҳоро бесаброна интизор будаанд ва дар байни халқ бештар бо номи “аттор” шӯҳрат доштаанд.
-Мо, - мегӯяд Абдуҳаким Қаландаров, - ҳеҷ гоҳ ба корҳои талабандагиву муфтхӯрӣ даст назадаем. Бо меҳнати ҳалол, савдогариву ҳунармандӣ рӯзгорамонро пеш бурдаем. Агар соҳиби пулу моли зиёд ҳам шавем, ҳамоно ҳаёти хоксорона ба сар мебарем ва аз майдасавдогарӣ даст намекашем.
Абдуҳаким мегӯяд, ки бино ба нақли модараш Қуйсуной Қаландарова онҳо солҳои 40-уми асри гузашта аз Ӯзбекистон ба Исфара омада будаанд. Ба Ӯзбекистони имрӯза бошад, гузаштагонашон чанд асре пештар аз Алҷазоир омадаанд.
Баробарии гендерӣ?
Ин андешаро дигар намояндагони ин қавм низ тақвият медиҳанд ва Ғайратҷон Юлчиев, яке аз онҳо мегӯяд, ки аслан араб ҳастанд. Ҳамқавмонашон, ки алҳол дар Регар низ зиндагӣ доранд, дар шиноснома худро араб навиштаанд. Аммо аз чӣ бошад, ки дар шимоли Тоҷикистон мазангҳо дар ҳуҷҷатҳо тоҷик сабт шудаанду дар Ӯзбекистон ӯзбек. Лекин ин сабтшуданҳо барои нигоҳ доштани ҳуввияти қавмиашон монеае эҷод накардааст. Инчунин ба андешаи Ғайратҷон Юлчиев вожаи мазанг аз ду калима “мард” ва “зан” иборат буда, ишора ба қавме дорад, ки дар он ҳақу ҳуқуқи марду зан баробар мебошад.
Фарзияҳои дигаре ҳам ҳастанд, ки ин қавм дар замони истилои араб зери парчами Ислом ба минтақаи Осиёи Марказӣ омадаанду гӯё аз насли қавми дини мусулмониро қабулкардаи кишвари Мозамбик бошанд.
Мазанг араб аст?
Дар баробари ин таърихшинос Абдуманнон Рауфов мегӯяд, ки ҳарчанд дар қиёфа мазангҳо шабеҳи арабҳо ҳастанд, аммо дар забони гуфтугӯи байни мазангҳо бештар вожаву ибораҳое истифода мешаванд, ки аз тоҷикӣ ҳам тоҷикитар мебошад ва калимаҳои арабӣ хеле кам аст. Масалан “арӯс”-ро мазангҳо “мумтозак” мегӯянду “духтарчаи хурдсол”-ро “думтозак”, “чой”-ро “мевакӣ” мегӯянду “қанд”-ро “ширинпарда”. Аз ин лиҳоз ба андешаи Абдуманнон Рауфов таҳқиқоти ҷиддие мебояд то аз кадом миллат будани мазангҳо комилан тасдиқ шавад, зеро бо араб гуфтан касе араб намегардаду бо тоҷик гуфтан тоҷик.
Умумият ва ихтилофҳо
Дар “Фарҳанги забони тоҷикӣ” маънои калимаи мазанг қавме аз лӯлиён, ё ҷӯгиҳо омадааст. Инчунин дар Википедия низ мазангҳоро ба лӯлиëн, ҷугиҳо нисбат додаанд.
Аммо ба андешаи худи мазангҳои Исфара, таърихшинос Абдуманнон Рауфов, директори осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии Исфара Гулчеҳра Раҳимова ва қисмати зиёде аз сокинони Исфара дар мисоли Юсуфбой Файзиев ин қавм ҳеҷ робитае ба лӯлиҳо надоранд. Баръакс онҳо бештар ба мардуми таҳҷоӣ наздик ҳастанд.
Ин андешаҳояшонро бо суннимазҳаб будани мазангҳо, аз тарафи онҳо риояи тамоми арконҳои динӣ, доштани қабристони умумӣ, дар ҳамсоягӣ зиндагонӣ кардану ба тӯю сури ҳамдигар ширкат намудан ва таҳсили якҷоя дар мактабҳо асоснок менамоянд. Инчунин мегӯянд намояндагони ин қавм натанҳо сарояндагию майдасавдогарӣ, балки дар тамоми соҳаҳо кору фаъолият доранд ва ба зинаҳои баланди роҳбарӣ низ расидаанд.
![]() |
| Қуйсуной Қаландарова |
Дар маъракаи тӯяшон бошад, ҷангу хархашаҳо байни ширкатдорони базм пеш аз ақди никоҳ сурат мегирад. Ҳарчанд ин афтударафт шартан аст, лекин баъзан ба хуншор шудани ширкатдорони базм оварда мерасонад.
Дар ҳамин ҳол чанде аз намояндагони қавми мазанг, ки дар байнашон ҳам савдогарон буданду ҳам омӯзгорон бо додани суол вобаста ба ин масъала эҳсоси нороҳатӣ мекарданд ва ҳис мегардид, ки намехоҳанд дигарон мазанг будани онҳоро фаҳманд.
Ақалияте, ки ақалият нест
Чӣ тавре дар боло зикр гардид, дар шиноснома мазангҳои шимоли Тоҷикистон тоҷик сабт шудаву ба гуфтаи онҳо ҳамқавмонашон дар Ӯзбекистон ӯзбек. Аз ин лиҳоз расман наметавон гуфт, ки дар Исфара мазангҳо зиндагӣ доранд чун ҳуҷҷатан тасдиқ кардан имкон надорад. Ҳарчанде ин қавм забон, урфу одат, фарҳанги либоспӯшӣ ва симои зоҳирии хосси худро дорад, лекин ҳамоно ақалиятест, ки расман ақалият нест, балки тоҷик аст. “Тоҷик”-е бо карнаю сурнайнавозӣ ва аспакҳо дар хатнатӯй моро ба олами кӯдакиамон дигарбора мебарад.
РS: дар навори боло карнайнавозони гурухи "Эхё"- и Конибодом буда, умумияте ба кавми мазангхо надоранд.



Комментариев нет:
Отправить комментарий