САТҲИЯТ
Яке аз собиқон дар омади гап реплика мепартофт: сатҳ-дия, сатҳ. Ин репликаро ӯ ҳарчанд танҳо ба як маънӣ кор
мефармуд, аммо дар нақлҳои зер ҳамин сатҳият дар сатҳҳои гуногун дида мешавад.
САТҲИ 1
Соли 201... буд. Баъди
ҷамъбасти маҷлиси фаъолони шаҳр моро зарур афтод дар заминаи маърӯзаи
суратгирифта мусоҳибае ташкил кунем. Баъди ташкили мусоҳиба яке аз ҳамкорамон
хост онро бо маърӯзачӣ мувофиқа кунад. Бо дидани далелҳои дар мусоҳиба оварда
маърӯзачӣ ҳайрон шуд ва гуфт:
-Наход ҳамин гапҳоро ман гуфта бошам?
Вақте чун далел ҳисоботи
ӯ пешниҳод карда шуд, ҳайрон монд ва гуфт:
-Фалониро даъват кунед
ин рақамҳоро ӯ медонад. Ҳисоботро ҳамон тайёр кардааст.
САТҲИ 2
Дар гурӯҳи
фейсбукии “Насими Исфара” иттилое дода шуд. Дар он аз ҷумла сухан бобати
рақамҳои омориву соҳаи иқтисодиёт мерафт. Яке аз иштирокчиён вобаста ба рақамҳо
пурсише кард, ки нисбат ба рӯзноманигорон дида, ба иқтисодчиён рабт дошт. Аз масъули
иқтисодиёт хоҳиш кардем, то ба пурсиш ҷавоб диҳад.
Хайрият, посухи ӯ
ҳамин буд, ки як даромаду хабар гирифту баромад. Нуқтаеро ҳам нагузошт. Маҷбур
дар доираи фаҳмиши рӯзноманигорӣ посухи пурсандаро додем.
Намедонам,
иқтисодчӣ худаш иқтисодиётро нафаҳмид ва ё ҳоҷати ҷавоб додан нахост. Ба ҳар
ҳол хулосаи мо ҳамин буд, ки ҳар кас сатҳи худро дорад.
САТҲИ 3
Соли 2011 буд. Ба
саршавии маҷлис 10 дақиқа монда буд. Раис ба ман занг зад (Он вақт дар дигар
идора низ ба ҳайси маъмур низ фаъолият доштам). Ҳарфе нагуфту гӯширо монд. Баъди
андаке арақшор ба маҷлисгоҳ ҳозир шуд.
Пурсидам:
-Чаро шитоб кардед?
Ҷавоб дод:
-Вақте ба Шумо занг задам, овози гимн садо дод, гумон кардам, маҷлис сар
шудаву дер мондаам.
Раис фаромӯш
кардааст, ки ҳангоми ба телефони ҳамроҳи ман занг задан суруди миллӣ хоҳад
шунид. Ба ҳар ҳол дар он солҳо хамин гуна расм буд дар телефонҳо.
САТҲИ 4
Чор – панҷ сол
пеш. Масъалаи гирифтани ҳайкали Ленин ба миён омад ва дар байни масъулин баҳсу
мунозираҳо сурат гирифт.
Яке аз масъулини
баландпояи ҳамонвақта бо масъулияти том гуфт:
-Ҳоҷат ба гирифтани ҳайкали Ленин ва гузоштани ҳайкали нав нест. Беҳтараш
каллаи Ленинро канему ба ҷояш каллаи ягон шоири классикро гузорем. Ҳам хароҷот
камтар мешаваду ҳам ташвиш.
САТҲИ 5
Охири солҳои
ҳафтодум. Аҳмадҷон Хисомутдинов котиби якуми хизби коммунисти шахр Судуриддин
Маҳкамовро даъват намуда, ба ӯ вазифаи баландро пешниҳод мекунад.
(А.Ҳисомутдинов бо русӣ ҳарф мезад).Судуриддин
Маҳкамов дар ҷавоб баъди изҳори сипос намудан мегӯяд:- Если бы все работали на своём месте, тогда появилось бы
очень много свободных мест.
Хуллас, агар ҳама аз руи истеъдод ва касби худ кор кунад, боз нафарони зиёде соҳиби ҷойи кор мешуванду ниёзе ба универсалшавии бархе намемонад.




.jpg)




