ҚАҲРАМОНМОДАРОНИ
МУДЕРНТАР АЗ МО!!!
Борҳо шудааст, ки аксар занони тоҷикро соҳибхоназан ва ё бо
ифодаи дигар дар ҷое кор намекунад гӯён муаррифӣ менамоянд. Дар оморҳои расмӣ
нишон медиҳанд: маълумоташ миёна, маълумот надорад ва амсоли ин. Менависанд: беҳмадонӣ
чаҳор фарзанд дорад, завҷааш бекор аст, худаш дар фалон ташкилот корманд асту
моҳонааш каме болотар аз сад доллар.
Дар ҳоле, ки оилаи тоҷик ва кадбонуи ин оила шояд мудерн
шудаву барои кашидани бори рӯзгор аз мардҳо бештар ташвишҳо дорад, лекин
ташвишҳои ӯ дар ягон омори расмӣ сабт намешавад, ҳама бо як вожа менависандаш:
БЕКОРЧӢ!!!
![]() |
| Зани деҳотӣ пуркортар аз ҳама аст. |
Меҳринисо Набиева, як нафар сокини Исфара мегӯяд, кори ӯ
мудом дар зимистон омода кардани олуи сиёҳ мебошад. Онро барояш ҳамсояи
савдогараш медиҳад ва барои ҳар як килои он вобаста ба сифати кор 60-80 дирамӣ маблағ
пардохт мекунад. Дар як рӯз ӯ метавонад, ки 50 кило олуи сиёҳро бо ҳамроҳи фарзандон
тайёр кунаду 30-40 сомонӣ дастмузд ёбад.
![]() |
| Нигоҳубини чорво низ масъулият аст |
Дар хонаи холаи Бимарҳамат кор тамоман дигаргуна аст. Азбаски
писаронаш дар муҳоҷирати меҳнатианду ҳар моҳе маблағ ирсол мекунанд, аммо
занони ин оила бекор нишастанро дӯст намедоранд. Балки гоҳи муроҷиат намудани
ҳамсоягонашон мағзҳои зардолуи онҳоро чида медиҳанду пӯчоқашро мегиранд. Пӯчоқи
донаки зардолу дар зимистон барои гармкунӣ роҳати ҷон, мегӯяд холаи Бимарҳамат
ва илова мекунад, ки ҳоло нархи як лингаи пӯчок 10-12 сомонӣ мебошад ва бо роҳи
чида додани мағзи ҳамсоягон хонаҳои
худро каме бошад ҳам, гармтар месозанд.
Мардҳои ин гуна оилаҳо низ нисбати занҳояшон назари нек
доранд ва эътироф ҳам менамоянд, ки занҳояшон пуркортар аз онҳо мебошанд. Ва одатан
дар доираи имконият ҳамдастӣ ҳам менамоянд.
Дар даврони Шӯравӣ ба занони серфарзанд унвони “ҚАҲРАМОН-МОДАР”
медоданд. Вале мусаллам он аст, ки занони имрӯзаи тоҷик қаҳрамонтар аз онҳоянд.
Мешӯянд, мепазанд, нигоҳубин мекунанд ва корҳои зиёде. Дар ин росто боз талош
меварзанд саҳми худро барои ободонии оила гузоранд. Пас, оё қаҳрамоние аз ин
зиёд мешавад?
Ҳарчанд талошу кору рӯзгори зани деҳотии тоҷик дар сутуни
оморие роҳ намеёбад. Бо ҳамаи маълумотдор кардани фарзандон бемаълумоташ
мехонанд. Дар гузоришҳои ҳукумативу ғайриҳукуматӣ сабт мекунанд: ХОНАШИН!
БИГЗОР ХОНАШИН БОШАД, ВАЛЕК МУДЕРНТАР АЗ МОСТ!!!!


Комментариев нет:
Отправить комментарий