МОДАРАМ…
Тақдим ба модари азизу фидокорам
Модарам ба ёд меояд. Модаре, ки дигар наметавонам бинамаш. Ӯ рафта аз ман, аз мо ба сӯйи Худо, ба ломакон. Имрӯз ман бузург шудаам, вале модарам зинда мебуд, ҳанӯз кӯчакам мехонд, ба сӯи пирӣ раҳсипорам, аммо назди вай ҳанӯз кӯдак боқӣ мемондам. Ӯ танҳо касе буд, ки ашк, ширу хунашро фидоям намуд. Ҳамаи мардум фаромӯшам карданд, магар модар, хама рахоям карданд, ҷуз модар. Ҳамаи дунё бароям тағйир кард, магар модар. Модаре, ки эҳсос мекунам дар он дунё низ ғами маро мехӯрад...Модар! Чӣ қадар рухсораатро бо ашк шустушӯ медодӣ, ҳангоме ки ба сафар мерафтам. Ва чӣ андоза хобро бар хеш ҳаром мекардӣ, вақте набудам. Чӣ сон хобро ба фаромӯшӣ месупурдӣ, вақте бемор мешудам!
Модар! Ҳангоме ки аз сафар бар мегаштам, дами дар истода медидамат, ба ман нигариста, ашки хушҳолӣ аз чашмонат ҷорӣ мешуд. Ва замоне, ки аз хона берун мерафтам, бо қалби андӯҳнок бо ман худоҳофизӣ мекардӣ.
Модар! Ҳар кас аз ман таъриф мекард, ӯро тасдиқ менамудӣ, гарчи маро пешвои халоиқ ва моҳи шаби чаҳордаҳ биномад. Ва касе, ки маро бадгӯӣ мекард, ӯро дурӯғгӯй мепиндоштӣ, гарчи ахли адолат ба манфиати вай шаҳодат дода. Ҳамеша ту танҳо касе будӣ, ки ба корҳои ман машғул мешудӣ ва фақат ту ғами маро комилан мехӯрдӣ.
Модар! Чӣ гуна некиҳоятро посух гӯям, дарҳоле, ки шикаматро ҷойгоҳи ман қарор дода, аз шират ба ман нӯшонда будиву оғӯшатро бароям ошёне қарор додӣ. Чӣ гуна хубиҳоятро ҷуброн кунам? Ту дар роҳи хушбахт шудани ман мӯйҳои саратро сафед намуда, бадани хешро барои роҳати ман заиф сохта будӣ. Ва қоматат барои осоиши ман хамида буд.
Модар! Беҳтарин лаҳзаҳо ҳамоне буд, ки ҳамроҳи ту тавофи Хонаи Худованд намудем. Дар он ҷо низ ёди ту даме бо Худо буду даме бо падарам ва даме бо фарзандон. Ғусса мехӯрдӣ, ки дуриву падарам танҳост ва намедонад бе ту чӣ гуна рӯз гузаронад. Андеша менамудӣ, ки духтаронат бо ҳамаи дороӣ дар хонаи ту беҳузурат худро бегонаву ятим эҳсос накунанд...
Модар! Вақте ба суратат менигарам, шармандагии хешро ҳис мекунам. Ҳис мекунам, ки ба қадри ту нарасидам. Зеро замоне, ки ҳамаи дӯстон ба ман пушт гардонанд, ту танҳо касе будӣ, ки вафодор мондӣ. Ва замоне ки вафодорон ба ман хиёнат карда ва ёрони самимӣ маро фиреб доданд, танҳо ту будӣ, ки бо қалби меҳрубон, ашкҳои гарм, суханони дилнавоз ва ҳамдардии бемонанди хеш бо ман ҳамроҳӣ менамудӣ, маро дар оғӯш мегирифтӣ, мебӯсидӣ, навозиш мекардӣ, дилдори менамудӣ, ҳамдардӣ месохтӣ ва бароям дуо мекардӣ.
Модар! Ба ёд меоварам, чӣ андоза дар оғӯш гирифтан, бӯса, навозиш ва ҳамдардиро бе ҳеҷ подошу раҳматгуиҳо нисорам менамудӣ. Ба оина менигарам ва симои туро дар худ мебинам. Зеро гушти ман аз гушти баданат бофта шуд. Чеҳраам бо ашкҳоят шустушӯ дода шуд, мӯйҳои сарам бо бӯсаҳоят рӯида шуда ва муваффақиятам ба баракати дуоҳоят насибам гашта.
Модар! Ба ман иҷозат бидеҳ, то қабратро дар оғӯш гирам, ҳарчанд раво нест. Худро қурбонат созам, гарчи дар шариати мо қурбонии инсон хушоянд набошад. Бароят бимирам кош дубора зинда шавӣ, назди падар оӣ, падаре, ки ба ҷои ту моро ҳам падарӣ дораду ҳам модарӣ...
Комментариев нет:
Отправить комментарий