ФАҲМИШ
Бегоҳи ҷумъа. Дар маҳаллаамон таъзия шуда буд. Занак ош
пухту дар доираи русуми ҳаммаҳаллагӣ ошро гирифта, ба таъзияхона рафтам. Як хона
одам. Баъди адои намози шом ва тановули хӯрок яке аз соҳибилми маҳаллаамон оид
ба фарзҳои Худованд амри маъруф намуд. Барои тасдиқи гуфтаҳояш ҳар замон
мисолҳо меовард. Вақте гап сари наздикшавии моҳи шарифи Рамазон оид шуд, гуфт:
-Мана
соли гузашта, нисфи мардуми Чоркӯҳ дар боғхушкунӣ буданд. Аз дусар ба гармии ҳаво тоқат карда натавониста,
рӯзаашонро аксарият хӯрданд. Имсол чӣ? Ҳосилро хунук зад. На зардолуи дуруст
ҳасту на боғхушкунӣ. Сабаб чӣ? Рӯзахӯрии баъзе бародароя дида, қаҳри Худованд омаду имсол офатро фиристод...
Шояд мулло дуруст мегуфт. Бардоштеро иброз кард, ки дар
объективи ақлаш ҷой гирифт. Дунболи маънидодкуниҳои догматикӣ рафт. Маънидодкуние,
ки ҷавҳарашро тарсонидан ташкил медиҳад,
на меҳру муҳаббат. Гарчӣ оғози каломаш “бисмиллоҳир раҳмонир раҳим” буд. ТАЗЗОД,
ҳамту не.
Баъди ин гуна маънидодкунӣ вожаҳои тиллоии акои Иқбол ба
хотир расид. Вожаҳое, ки воқеан тиллоианд ва касро ба некназариву некбинӣ
ҳидоят мекунанд. Андешидам, ҳамин ҳолатро дигар хел ҳам маънидод кардан мумкин
аст. Масалан:
.jpg)
Комментариев нет:
Отправить комментарий