"ПАРРАНДАИ ХУШХОН"
Ният карданд, ки намоишгоҳи паррандагони хушхонро доир кунанд. Ба ин хотир аз ҳамаи гӯшаву канор дархости овардани паррандаро намуданд. Як шиносамон мурғ ҳам парранда асту шутурмурғ ҳам гӯён хост ба ин намоишгоҳ паррандае барад.
Бо нияти холис ва фикрҳои пасипардагӣ уқоби шикории ҳамсояамонро ба орият гирифта, ба ин намоишгоҳ бурд. Вақте уқоби шикориро ба намоишгоҳ овард, ҳамаи паррандагони хушхон ба даҳон об гирифтагӣ барин садо набароварда, баръакс худро ба гӯшаи қафас мезаданд.
Намоишгоҳ ҳеҷ шуд, аммо шиносам дар куртааш намеғунҷид, ки беҳтарин паррандаро ӯ овардааст.

Комментариев нет:
Отправить комментарий