"ЭЪЛОН"-И ФИКРКАРДАНӢ
-Рӯзи сешанбе, рӯзи
омода карда, ба нашр супоридани рӯзнома буд. Ҳамаи саҳифаҳоро тайёр намуда, ба нашриёт фиристоданӣ будем,
ки котиба даромад ва гуфт, марде эълон овардаасту мехоҳад, ки онро чоп кунад.
Мардро
даъват кардем. Дар даст эълон ба утоқи корӣ ворид шуд. Эълонаш чунин буд:
-Марди
хушқаду қомат мехоҳад ҳамсари 50 солаи худро бо ду зани 25 сола иваз кунад.
Телефон барои иртибот:___________
Аз хонданӣ
эълон на ханда карда метавонистему на таассуф. Зеро симои мард комилан ҷиддӣ буд
ва аз он қатъияти азмаш хонда мешуд.
Бо ҳазор
забон гуфтугӯ намуда, ӯро хостем аз нияташ гардонем, аммо бо овардани
талаботи қонун “Дар бораи муроҷиати шаҳрвандон” ва соҳибҳуқуқ будану озодии
фитриаш якравӣ мекард ва ҳарфҳое мегуфт.
Ман бошам, ғайриихтиёр дар хусуси синну соли ҳамсари худ фикр мекардам: “Ҳамсари ман 36
сола аст. Дар сурати иваз кардан метавонам соҳиби ду зани 18 сола шавам.
Аммо..."
Лоилоҷ дар ҳошияи эълонаш ҳамчун ҷавоб навиштем, ки “Старый друг лучше новых двух".
Комментариев нет:
Отправить комментарий