31 622 400 сония ҳамроҳатон будем
Хонандагони азиз!
Соли 2016 даму нафаси охирин дораду соли 2017 дар мекӯбад. Шодем, ки тӯли 12 моҳу 52 ҳафтаву 366 рӯзу 8784 соату 527040 дақиқаву 31622400 сония ҳамроҳи рӯзномаи “Насими Исфара” будед, чӣ тавре, ки ҳамаи ин муддатҳо “Насими Исфара” низ ҳамроҳатон буд. Давоми ин фосила шод ҳам будему ношод ҳам, то ҷое сарбаланд ҳам будему то ҷое сарафканда низ, огандаи ин ҳам будему он ҳам. Аммо лаҳзаҳои хотирмон ва нишотовар зиёд буданд, чун Шумо моро ҳамроҳӣ доштед. Магар аз ин шодии бештаре барои созандагони рӯзнома мешавад? На! Зеро рӯзнома барои хонанда аст, на хонанда барои рӯзнома.
Дар соли 2016 шумораи хонандагони мо 300 нафар нисбат ба соли қаблӣ бештар шуданд. Албатта ин шумораи нисбӣ аст, зеро як рӯзномаро метавонад даҳҳо нафар мутолиа кунаду маъниҳо бардорад. Мо тавонистем ба паҳнои интернетӣ роҳ ёбем, хонанда пайдо кунем, бо дастгирии ташкилоти ҷамъиятии "Шото" нармафзори андроидии рӯзномаро созем. Ин нармафзор дар таҷрибаи рӯзномасозии минтақа ва гуфтан мумкин аст, дар Тоҷикистон нахустин буд. Инчунин дар ин сол рамзи рӯзномаи “Насими Исфара” муайян карда шуд. Талош дорем ин рамз оммавӣ гардад ва ҳамчун “бренд” баромад кунад. Барои обуначиёни худ тақвими рӯйимизӣ бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани муҳимтарин рӯйдодҳои 25 соли соҳибистиқлолӣ дар Исфара ва тақвими девориро бо аксҳои ҳар яке аз обуначиён омодаву дастрас намудем, ки басо хушоянд буд. Дар соли рафтаистода дар озмуни вилоятии “Хомаи созанда” мақоми дуюмро гирифтем ва боз ғолибиятҳои дигаре низ буданд, ки дар саргаҳи он албатта Шумо истодаед, хонандагони азиз!Руст намекунем, ҳолатҳои муштугиребоншуданҳову “нервотрепкаҳо” аз пайи маводҳо низ дар ин сол буданд, ки ин ҳама ширинии пешаи журналистист. Алҳол блокноти “Насими Исфара”-ро бо панду андарзҳо омода кардаем, ки барои хонандагонамон ройгон тақдим хоҳем кард. Зеро қиблаи қалами мо, Шумо, хонандагони арҷманд ҳастед.
Шукр, бо дастгирии якояки Шумо ба соли 2017 қадам ниҳода истодаем. Теъдоди айниҳолии рӯзномаамон барои соли пешистода бад ҳам нест. Нисбати соли рафтаистода беҳтар мебошад. Тавассути корбариҳои Юсуфҷон Валиев (корманди нави рӯзномаамон) бештари мардум бо рӯзнома фарогир шуданду рӯзномахон. Теъдоди муштариёни алоҳида, ба ғайр аз ташкилоту муассисаҳо наздик 500 нафар гардид. Яъне дар соли 2017 дар қатори ташкилоту муассисаҳо ба хонаи наздик 500 сокини Исфара рӯзномаи мо хоҳад рафт. Албатта боварӣ дорем, ки маркази алоқаи почтаи шаҳр чун ҳамешагӣ саривақт рӯзномаҳоро дастраси муштариёнамон мекунад. Зеро рӯзномаи саривақт ба хонанда мерасида шабеҳи нони нав аз танӯрканда аст, ки лаззату бардошти фаромӯшношуданӣ дорад.
Гумон мекунем, соли 2017 барои рӯзномаи мо ва Шумо, хонандагони арҷмандамон, бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, ки муассиси мост, соли фаромӯшношуданӣ хоҳад буд. Зеро дар ин сол “Насими Исфара” 85 сола хоҳад шуд. Яъне 85 сол аст, ки ин рӯзномаи шаҳрӣ бетанаффус интишор меёбад. Бахшида ба 85-солагӣ нақшаву ниятҳои наҷиб бисёранд. Амалигашти онро дар соли 2017 хоҳед дид. Инчунин дар cоли нав сиёсати редаксиониро низ тағйир доданӣ ҳастем, ки онро ба хубӣ пайхас хоҳед кард.
Ҳоло бошад, бо Соли Нави 2017 муборакбод мегӯем ва мутобиқи русуми англисҳо дарҳои диламонро во медорем, то нафаси тозаи Соли Нав ғуборҳои кӯҳнаро ба дуриҳои дур - гӯшаи фаромӯшӣ бубарад.
Бо эҳтиром
Абдумуталиб Шарифов.











