Дузди "математик"
Дузди "математик"
Дӯсти наздикам гуфт, ки тасмим гирифтааст ҷуворимаккашро дар наздикии замини мо анбор намояд. Ин ҳарфҳо ба ёдам ҳодисаеро овард, ки шаш-ҳафтсол пештар рух дода буд. Ҳодисаро нақл кардам, то худаш хулоса барорад. Инак он ҳодиса:
Тахминан солҳои 2011-2012 буд. Журналистӣ чиву деҳқонӣ чӣ, агар яке бо қалам кор кунад, дигаре бо каланд гӯён аз хоҷагӣ заминеро гирифта, киштукор намудем. Ҳосили хуби ҷуворимакка ба даст омад. Бо андешаи он ки саҳро аз алафдузду хона аз муш холӣ нест, сарҳои ҷуворимаккаро шикаста ба замини посараамон (замине, ки аз ҳисоби дасту теппаҳо обод карда шудааст) бурдем. Додарзодаам шабона дар дохили мошин сарҳои маккадонро посбонӣ мекард. Аз рӯйи нақли ӯ шабона шарфаи по ва садои шибир-шибир ба гӯшаш мерасад. Бо рӯшан кардани чароғакҳои мошин мебинад, ки ҳамсоя ба ҷо кардани сарҳои ҷуворимакка ба ҷувол машғул аст. Мепурсад?
-Ҳа, ҳамсоя дар нимашаб бо ҷувол дар байни сарҳои ҷуворимаккаи дон чӣ кор карда истодаед?
-Фаҳмида истодаам, ки, -мегӯяд ҳамсояи ба ҷуворимаккадуздӣ даромада, - ба як ҷувол чанд дона ҷуворимакка ҷой мешавад...
Комментариев нет:
Отправить комментарий