“Бо хоҳиши худ” ҳам
мемурдаандууу?!
Вақти супоридани ҳисоботи оморӣ ба шашмоҳа. Даргузашти ҳамкорамон (Ёдаш ба хайр!) –ро
мебоист дар ҳисобот нишон
медодем. Вақте варақаи ҳисоботдиҳиро хостем пур кунем, дар қисмати “кормандон
дар давраи ҳисоботӣ аз кор рафтанд” ду банд нишон дода шуда буд:
-ба
нисбат аз кор озод шудан (ё ихтисор шудани шумораи кормандон).
-бо хоҳиши худ.
Ҳайрон шудем, ки
ҳамкори худораҳматиамонро дар кадом банд нишон диҳем. Аз масъулон маслиҳат
пурсем. Гуфтанд:
-Дар банди “бо хоҳиши
худ” нишон диҳед, зеро ихтисори шумораи корманд сурат нагирифтааст...
Мо ҳайрон:- “Бо
хоҳиши худ” ҳам мемурдаандууу.

Комментариев нет:
Отправить комментарий