РАИСОНИ МАҲАЛЛА
БОЯД МАОШХӮР ШАВАНД,
то
ки пайдо бошанду арзишҳои ҷомеа дуруст ҳифз гардад.
“Имрӯзҳо оиди
терроризм ва қатли инсонҳо аз тарафи гурӯҳҳои тахрибкор бо ҷиҳодҳои
дуруғинашону ботилашон бисёр мешунавему мехонем, дар ҳоле, ки террористи аслӣ
дар паси миз нишаставу тавассути интернет ҳазорон хонаҳоро вайрон ва оилаҳоро
барҳам зада истодааст”.
Мавзӯе, ки аз
ҳама бадаш мебинам, ҳамин мавзӯи террор ва бахусус террор аз номи ислом аст. Аммо
чӣ кунам, ки ин мавзӯъ доғи рӯз шудаву онро нодида гирифтан нашояд. Баръакс,
бояд дар қатори дигарон ва беҳтар аз дигарон бар зиддаш мубориза барам. Ҳарчанд
медонам террорист Ватан надорад, молу мулки ман то ҷое ба ӯ лозим нест ва барои
ғасби сарзамини дигарон намеҷангад, балки ҷанги ӯ барои ҷанг аст. Метавонад ранги
шабаҳ дар ҷое пайдо шавад, ки интизораш нестам, гарчӣ барои пайдошавӣ солҳо омодааш
кардаанд... дар фазое, ки бархе демократикаш мехонанд. Ман зидди демократия ва
озодии дигарон нестам, лекин вақте ин озодӣ ва демократияи коғазӣ роҳ ба сӯйи
терроризм мекушояд, ба ҳафт пушташ туф кардам. Чуноне ки нафрат дорам ба амалҳое, ки дақёнусӣ
ҳастанду барои ҳисобот бархе иҷрояш мекунанд, то ҳифз кунанд аз мансаб, вазифа
ва галстукашон. Ба онҳо муҳим нест пешгирии ин тамоюли нафратбор, муҳим он аст,
ки СУПОРИШро иҷро созанд... ва НАПАРАНД
аз мансабак.
Хуб, шафтолуашро
менависам. Дар паҳншавии ғояҳои террористӣ дар байни ҷавонон имрӯзҳо нақши
калидиро интернет бозида истодааст. Бино ба гуфти Фаридун Ҳодизода, директори
академияи “Диалог”-и шаҳри Душанбе ин кор асосан тавассути шабакаи иҷтимоии “Одноклассники”
сурат мегирад. Ё ИН ШАБАКАРО ЗЕРИ НАЗОРАТ БОЯД ГИРИФТ, Ё ОНРО ТАЛОҚ БОЯД ДОД!!!
МЕЖДУ ПРОЧИМ ТАЛОҚИ ҚОНУНӢ!!!
Бино ба навиштаи
таҳқиқгари масъалаҳои терроризми байналхалқӣ Волф Шмидт бозиҳои компютерӣ низ
яке аз воситаҳои дар мафкураи наврасон ҷой додани амалҳои террористист. Аз худам
ҳамроҳ мекунам, ки ин кинофилмҳои туркиву наворҳои исломие, ки ҳар ки хоҳад
мефурӯшаду мебинад, ҷанбаъҳои ифротгароёна доранд. БОЗИҲОИ КОМПЮТЕРИВУ КИНОҲОВУ НАВОРҲОРО ТАНЗИМ,
Э РАФТЕД, КИ СЕНЗУРАМОНӢ КУНЕД, МАСЪУЛИН!!!
Дар хонаҳои лоину
гилин зиндагӣ доранд, лекин дар тори сарашон антеннаҳои параболӣ. Каналҳое мебинанд,
ки номашро дар Энсеклопедия ҳам ёфта
наметавонед. Ва каналҳои оддиякак ҳам не. Каналҳое, ки ба саволатон ҷавоб
хоҳанд дод дар масъалаҳои динӣ. Аз имоми маҳалла ҷавоб гирифтан мушкил аст,
аммо аз он тарафи дунё дар як лаҳза посухи саволатон мерасад. ВАҚТИ ОН АСТ, КИ (ба
кушодани канали алоҳидаи телевизонӣ аниқ зӯрашон намерасад) ШӮРОИ УЛАМОИ ИСФАРА
СОМОНАИ РАСМИИ ХУДРО БОЗ КУНАД ВА МУНТАЗАМ “ОБНОВИТАШ” НАМОЯД. Магар онҳо аз Тӯраҷонҳо
каманд? Кам бошанд, гапамро гашта гирифтам.
Виктор Михайлов,
директори сомонаи интернетии www.antiterrortoday.com мегӯяд, ки бинобар назорати сахт ва ҳамаҷиҳатаи мақомот дар Ӯзбекистон ва
ваколати васеъ додан ба раисони кумитаҳои маҳаллаҳо боиси он шудааст, ки дар
давоми соли 2014 ягон нафар дар ҳудуди Ӯзбекистон ба гурӯҳҳои ифротӣ ҳамроҳ
нашудааст. Якбор, агар лозим бошаду маъқул афтад, корҳои зеринро амалӣ кардан
аз манфиат холӣ нест:
БАЛАНД БАРДОШТАНИ
МАЪРИФАТИ ИМОМХАТИБОН ВА ҶОРӢ КАРДАНИ АМРИ МАЪРУФ ДАР МАСҶИДҲОИ ПАНҶВАҚТА;
ТАШКИЛИ МАРКАЗҲОИ
ҲАМОҲАНГСОЗАНДАИ ФАЪОЛИЯТИ МАКТАБ, МАҲАЛ ВА ОИЛА;
НАЗОРАТ АЗ БОЛОИ
ИМОМОН, НАФАРОНИ АЗ ҲАБСБАРОМАДА АЗ ҶОНИБИ РАИСИ МАҲАЛЛА;
МАҲКУМ НАМУДАНИ
КОРҲОИ БАД РАСМАН БО ТАШКИЛИ МАҶЛИСҲО ДАР МАҲАЛЛАҲО АЗ ТАРАФИ ЛИДЕРОНИ МАҲАЛ;
ИСТИФОДАИ АЗ УСЛУБИ “РАДДИ МАЪРАКА КАРДАН”;
МАОШХӮР НАМУДАНИ
РАИСОНИ МАҲАЛЛАҲО;
АЗ ВАЗИФА ГИРИФТАНИ
МАНСАБДОРЕ, КИ ЯКЕ АЗ ХЕШОНАШ БА ТЕРРОРИЗМУ ЭКСТРЕМИЗМ ПАЙВАСТААСТ.
Зиддӣ озодии дигарону арзишҳои демократӣ ҳарфе навиштам? Бале. Ба баъзеҳо намефорад? Бигузор. Аммо барои
ман муҳимтар аз ҳама оромии Тоҷикистон ва шаҳрвандони он мебошад. Демократияе,
ки ба мардуми кишварам ташвиш меораду хотири парешон як пули пучак арзише надорад.