четверг, 31 декабря 2015 г.

"ЭЪЛОН"-И ФИКРКАРДАНӢ

     
Дар ҳаёти рӯзноманигорӣ лаҳзаҳои аҷоибу ғароиб хеле зиёд аст. Бинобар ин одатан рӯзноманигорон баъди ба нафақа баромадан ба ёддоштнависӣ мегузаранд. Ёддоштҳое, ки воқеан хонданиву ибратомӯз. Чанде аз чунин лаҳзаҳои аҷоиб дар соли 2015 дар идораи рӯзномаи “Насими Исфара” низ рӯй дод, ки якеи онро ин ҷо меорам:
     -Рӯзи сешанбе, рӯзи омода карда, ба нашр супоридани рӯзнома буд.  Ҳамаи саҳифаҳоро тайёр намуда, ба нашриёт фиристоданӣ будем, ки котиба даромад ва гуфт, марде эълон овардаасту мехоҳад, ки онро  чоп кунад. 
Мардро даъват кардем. Дар даст эълон ба утоқи корӣ ворид шуд. Эълонаш чунин буд:
        -Марди хушқаду қомат мехоҳад ҳамсари 50 солаи худро бо ду зани 25 сола иваз кунад. Телефон барои иртибот:___________
      Аз хонданӣ эълон на ханда карда метавонистему на таассуф. Зеро симои мард комилан ҷиддӣ буд ва аз он қатъияти азмаш хонда мешуд.
      Бо ҳазор забон гуфтугӯ намуда, ӯро хостем аз нияташ гардонем, аммо бо овардани талаботи қонун “Дар бораи муроҷиати шаҳрвандон” ва соҳибҳуқуқ будану озодии фитриаш якравӣ мекард ва ҳарфҳое мегуфт.
       Ман бошам, ғайриихтиёр дар хусуси синну соли ҳамсари худ фикр мекардам: “Ҳамсари ман 36 сола аст. Дар сурати иваз кардан метавонам соҳиби ду зани 18 сола шавам. Аммо..."
        Лоилоҷ дар ҳошияи эълонаш ҳамчун ҷавоб навиштем, ки “Старый друг лучше новых двух".

“АРЗИШ ДАР ПАЛТО”

   

Маҳаллае, ки дар он зиндагӣ мекунам, мисли дигар маҳаллаҳои деҳа мебошад. Чизи фарқкунандае надорад. Ҳама як дигарро хуб мешиносанд, дар ғаму шодӣ шариканд. Ба тариқи худ дӯст медоранд ва бад ҳам мебинанд. Риштаи дӯстиашон низ маҳз дар ҳавои маҳаллаамон шакл гирифтааст.
        Дар ана ҳамин маҳаллаи мо ду дӯст зиндагонӣ мекунанд. Ба ҳадде ба ҳам наздиканд, ки гумон мекунед, яке сояи дигаре аст. Дар маъракаҳо ҳамтабақу дар гапхонаҳо ҳамшафат ва дар сӯҳбатҳо ҳамсабақ. Ҳатто нахустҳарфи номашон низ дар “Алифбо” пешу қафост: М. ва Н.      

     Чӣ шуду чӣ монд, ки каси калони маҳалла чорабиние кард. Ба он одамони намоён даъватӣ буданду дар қатори онҳо М.ва Н. низ.  Дастҳоро шӯстанд ва хостанд, ки ба ошхӯрӣ дароянд. Н. худро ҳамчун марди маданӣ нишон доданӣ шуда, ба М. таклиф дод, ки биё палтоҳоямонро кашем, бафурҷа мешинему озодона.
       М. ин таклифро аҷиб донист ва посухи аҷибтар дод:
-Ҳамаи арзиши мо дар ҳамин палтост.
   То кунун Н. сар мекафонад, ки М. арзиши палто гуфта, қимматбаҳои будани онро дар назар дошт, ё...


среда, 30 декабря 2015 г.

"ПАРРАНДАИ ХУШХОН"


       Ният карданд, ки намоишгоҳи паррандагони хушхонро  доир кунанд. Ба ин хотир аз ҳамаи гӯшаву канор дархости овардани паррандаро намуданд. Як шиносамон мурғ ҳам парранда асту шутурмурғ ҳам гӯён хост ба ин намоишгоҳ паррандае барад. 
  Бо нияти холис ва фикрҳои пасипардагӣ уқоби шикории ҳамсояамонро ба орият гирифта, ба ин намоишгоҳ бурд. Вақте уқоби шикориро ба намоишгоҳ овард, ҳамаи паррандагони хушхон ба даҳон об гирифтагӣ барин садо набароварда, баръакс худро ба гӯшаи қафас мезаданд.

Намоишгоҳ ҳеҷ шуд, аммо шиносам дар куртааш намеғунҷид, ки беҳтарин паррандаро ӯ овардааст.


понедельник, 28 декабря 2015 г.

МУноСИБАТ
Як шиносамон аз муносибати атрофиёнаш ҳикояте кард. Онро инҷо меорему номи шиносамонро ҳамтуякак С. мегӯем.
С. номзадии худро ба раисии комитети маҳалла гузоштааст. Рӯзи интихобот. Аксар ҳамсоягону хешу табор дилпураш  кардаанду гуфтаанд:
-Парво накунед, Худо хоҳад, шумо раиси комитет. Овозамонро ба Шумо додем.
Имоми маҳалла ҳам омада, ин гапро мегуфтасту арбобу сӯфӣ ҳам.
Вақте овозҳоро шуморидаанд, маълум гаштааст, ки як овоз гирифтааст. То ҳол ҳайрон аст, ки агар аз байни имом, сӯфӣ, ошпаз, арбоб ва ё ду-се гапраси маҳаллаву "мо ба Шумо овозамонро додем" гуфтаҳо як нафар ба тарафдории ӯ овоз дода бошад, пас худи С. ба тарафдории кӣ овоз дод?

четверг, 22 октября 2015 г.

РӮЗНОМАРО БОЯД ОБОДТАР КУНЕ(а)М!!!

   
 Сафари кори Сарвари давлат ба вилояти Суғд, маҷлис бо фаъолони вилоят, задаи асосии гуфтори Президенти Тоҷикистон: ободонӣ ва ҳиссагузорӣ дар он. Ҳарфҳое, ки касро ба андеша водор мекунанд, ки оё ҳамаи имкониятҳояшро истифода бурдааст барои ободониву пешрафт ва ё не? Дигаронро намедонам, аммо худамро медонам, ки не...

     Тайи панҷ моҳ аст, ки масъулияти сармуҳарририи рӯзномаи “Насими Исфара”-ро бар ӯҳда дорам. Фурсате, ки шояд аз як равзана барои мутобиқи замона кардани рӯзнома кам бошаду аз даричаи дигар хеле мувофиқ ва аз нигоҳи саввумӣ зиёде, ки зиёд. Баҳс карданӣ нестам, зеро ин мӯҳлат, яъне панҷ моҳ дар зиндагии ҳар мавҷудотеву даричаи нигоҳе ҳар гуна аст, лек чӣ тавре мегӯянд “Ҳар касро дар тарозуи худаш бар мекашанд...”
        Тӯли панҷ моҳ чӣ коре кардам, аниқтараш кардем? Намуди берунӣ ва утоқҳои корӣ бо дастгирии аҳли назар таъмир шуд. Дар назди бинои идора байрақчаҳои даъватию рекламавӣ насб гардид. (Баъзеҳо ин байрақчаҳоро нишоне аз империализм маънидод карданд). Дар радиои маҳаллӣ бо дастгирии аҳли эҷоди он сархати шумораи нави рӯзнома пешкаш карда мешаваду ролики даъватӣ ба обуна омода пахш. (Дар буҷаи рӯзнома ин корҳо пешбинӣ нашудааст).
   Ҷиҳози ҳуҷраи кориро ба табъи худ мувофиқ ҷобаҷо кардам, ҳарчанд на ба ҳама писанд аст. Бигузор чунин бошад, зеро дар масъалаи ба кӣ чӣ писанд аст, баҳс намекунанд.
     

Дизайни рӯзномаро низ тағйир додем ва он такмил мехоҳад. Дар чаҳор саҳифа ҳамачиро ғунҷоиш додан мумкин нест, гарчӣ Толстой гуфта: “Кӯтоҳбаёнӣ хоҳари истеъдод аст”. Аз ин рӯ аз хонандагон маъзарат мепурсам, ки шояд на ҳамаи онҳо дар ҳар шумораи рӯзномаи мо ба худ чизи хондание пайдо карда метавонанд. Дар ояндаи наздик бояд саҳифаҳои рӯзномаро зиёд кард...
      Маъракаи обуна аст. Ба онҳое, ки дар ин маърака моро, аз раиси шаҳри Исфара сар карда дастгирӣ доранд, миннатпазирем. Талош дорем, онҳое, ки дар ин ҷода чун гуфтори коммунистона “байрақбардор” ҳастанд, хушк намонем. Аксия эълон кардем, ки нафарони фаъоли маъракаи обуна ҳавасманд карда мешаванд.
    

 Шояд ба Шумо дурӯғ бошад, аммо ба Худои боло сар рост, бизнес-план дорем, ки дар оянда чӣ бояд карду чӣ иқдомеро бояд анҷом дод. Ҳис мекунам, корҳои зиёде ҳастанд, ки бояд иҷро кард ва вазифаи мост, ободтар кардани рӯзнома ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар он. Зеро ин кори Президент, раиси вилоят, раиси шаҳр, ё ягон соҳибкор нест, ин кори мост ва мо бояд иҷрояш кунем. Шароит муҳайё шудааст, бояд амал кард. Дар ин самт дар лексикони худ ҷанозаи калимаву ибораи “наметавонам” ва “ин кори ман нест”-ро хондаам. Агар гӯйӣ, ки натвонам, бирав биншин, ки натвонӣ...
    Ҳоло на ҳамаи имкониятҳо истифода бурда шудаанду на ҳамаи муносибатҳо ҷои худро ёфтаанд. Зеро аз нигоҳи ин тараф рӯзномаи маҳаллӣ ба ғайр аз воситаи таблиғотӣ ва паҳнкунандаи сиёсати ояндасоз будан инчунин молест, ки бояд ба бозори иттилоот бароварда шаваду харидор ёбад ва илоҷаш бошад, дар ин бозор “пояш ба замин нарасаду даст ба даст шавад”. Дар ин кор ба ғайр аз қаламбадасту менеҷер будан, инчунин маркетологу фурӯшанда будан зарур аст. (Зеро вазъи молӣ имкони ҷалби мутахассисро надорад ва зарурат ҳам нест).


Оё аз дасти ман ин ҳунарҳо меояд, инро вақт нишон медиҳад. Лек хуб медонам, ки вақтро ба манфиати худ барои ободии рӯзнома истифода бурданам ҳатмист!  

вторник, 21 июля 2015 г.

БРАВО, "ДАРОЖНИК"

Дар маҳаллаи мо Ҳомидҷонҳо зиёданд. То лақаби онҳоро нагиред, кас сарфаҳм намеравад, ки сухан бобати кадом Ҳомидҷон меравад, Ҳомидҷони “гӯрков”, Ҳомидҷони “бачақапак”, Ҳомидҷони “дарожник” ва ё дигар Ҳомидҷон. Лақаб ба Ҳомидҷонҳо беҳуда начаспидааст. Балки ифодагари кору амал ва хислату хусусияти онҳост. Ин ҷо мехоҳам дар бораи яке аз ин Ҳомидҷонҳо – Ҳомидҷони “дарожник” нависам.


Ҳомидҷони “дарожник” дар ҳамсоягии бародарам зиндагӣ мекунад. Бобову бобокалонҳояш аз мардуми соҳибилм буданд. Ба ҳадде, ки яке аз масҷидҳои панҷвақтаи деҳаи Чоркӯҳ ба номи бобояш – Домулло Абдухаллоқ номгузорӣ шудааст. Худи    Ҳомидҷон бошад, илми казоии динӣ надорад ва ба гуфти модаркалонам дар илми “совет” низ қаторӣ мебошад. Худованд ба ӯ илм надода бошад ҳам, аммо соҳибамал гардонидааст. Даррав ба ёдатон раисӣ наояд, амали ӯ болотар аз раисист. Кораш таъмири роҳи Исфара – Чоркӯҳ буд.  Навҷавон будем, субҳи барвақт вақте мардум аз масҷид ҷониби хонаҳояшон мешитофтанд, ӯ сӯйи роҳи калон мерафт, зеро қиблаи оромишаш ободии роҳҳо буд. Дар сари китфаш бел буду дар миёнаш порае нон. Андеша мекардем “аз субҳи содиқ то намози шом” ният кардааст, ки ба мардум хизмат кунад. Ҳарчанд дигар ӯро дар роҳҳо намебинам, аммо бо ҳамин симои хоксоронаву омиёна дар лавҳи хотирҳо нишастааст.  Гумон мекунам аз ҳама бештар дар ҳаққи ӯ дуо кардаанд. Дуои самимӣ ва холӣ аз риёву чоплусӣ. Вақте ба чеҳраи дар офтоб сӯхтаи ӯ нигоҳ мекунед, бе ихтиёр ҳақиқати зиндагиро ҳис менамоед. Ҳис мекунед, ки бояд касби худро аз таҳти дил дӯст дошт, барои иҷрои кору вазифа масъул бояд буд ва барои “показуха” набояд фаъолият бурд. Барои ӯ саису раис дар як сатҳ буданду муҳимтарин арзиш одаму одамгарӣ ба ҳисоб мерафт. Баъди анҷоми кор дар қади роҳ меистод ва бо ишораи даст мошинеро манъ намекард. Балки интизори микроавтобусҳои хатсайр мегашт. Чеҳрааш ба ҳамаи равандагони роҳи Исфара-Ворух шинос буд ва ҳама аз мусофир шудани ӯ дар нақлиёташон худро хушбахт ҳис менамуданд.  Гӯё ҳамроҳи ӯ дасти Худоро медиданд.
-Ман мегӯяд, -Ҳомидҷон, - аз соли 1991 инҷониб ба таъмири роҳҳо машғул шудам. Соли 2012 бо сабаби маъюбӣ ба нафақа баромадам. Дар давоми 21 соли корам ягон бор “кори ману кори ту” накарда, кори иҷро менамударо ба сомон расонидам. –Инро бинед, - давом медиҳад суханашро акои “дарожник”-и мо, - мумкин таъмири роҳ ва пур кардани чуқурчаҳои он барои баъзеҳо кори беҳуда намояд. Аммо ман ҳис мекунам, ки ин беҳуда нест, ба шумо не, ба ваё, ба ваё не ба каси дигар фоидаам мерасад-ку. Ҳеҷ набошад, роҳ ҳамвор шавад, равуои мусофирон роҳаттар мегардад, ҳамту не.
Бале, ҳамту, акои Ҳомидҷон. Шумо депутат нестед, аммо бештар аз вакилони мардумӣ мардумитар будед, беҳизбеду аз мо барин ҳизбиён мардумсолортар. Агар шоирона гӯям: Каъбаи умедатон халқ буду бас.
Абдуллоев Хайрулло, устои роҳи қитъаи Исфара – Ворух, нисбати қаҳрамони мо – Бобоев Ҳомидҷон мегӯяд:
- Ҳомидҷон одами қобил буд. Новобаста аз маъюбии худ талош мекард, ки дар ҳамвор кардани роҳҳо ва таъмири он ҳисса гузорад. Ин гуна шахсон ангуштшуморанд. Се сол мешавад бо сабаби саломатӣ дар нафақа асту ҳамроҳи мо нест, лекин холӣ будани ҷояш ҳоло ҳам эҳсос мегардад.
Шамсиалиев Абдуқодир, сарвари ҶДММ “Танзим” илова мекунад:
-Дар роҳ будани Ҳомидҷон ва ба таъмир машғул шудани он кас барои ронандагон фоли нек буд. Ҳис мекардем,  рӯзе, ки ин марди меҳнатӣ машғули кор аст, он рӯз кушоишу сафои дил ҳамсафари мост. Ӯро як ҷузъи рӯзгори ронандагӣ мепиндоштем. Агарчӣ ягон бор сари чанбари мошин нанишастааст, аммо сирри дили ронандагонро медонисту дарк мекард, ки роҳи ҳамвор боиси осудахотири мусофирон мебошад.
 Браво, акои Ҳомидҷон Бобоев, ё ба қавли халқ Ҳомидҷони “дарожник”. Роҳҳо таъмир шуда истодаанду валангор, валангор шуда истодаанду боз аз сари нав мумфарш. Нақлиёт зиёд шудаву теъдоди раҳакиён афзудааст. Аммо чеҳраи офтобхӯрдаатон бо либоси махсуси роҳсозону бел ҳамоно як ҷузъи ҷудонашавандаи он аст. 

Дар кӯчароҳи хотирҳо аломати роҳ шудаед – аломати масъулиятшиносиву меҳнатқаринии роҳсози тоҷик!!! 



среда, 10 июня 2015 г.

ЛАҶОМИ СУХАН НЕ, 

ТИЗГИНИ ГАП ГӮЕД!

Ман журналистам. Дар васоити ахбори чопӣ кор кунам ҳам, камтарак таҷрибаи фаъолият дар телевизионро дорам. Замоне дар телевизиони маҳаллӣ барномаҳои “Зан ва мард”, “Масъалаи рӯз” ва “Ташреҳ”-ро мебурдам. Он вақт ва ҳоло низ оид ба мушкилии омода сохтани тарҳи як барнома андеша ҳам накардаам. Зеро ин пешаи ман буду ҳаст ва онро бо муҳаббат иҷро мекунам. Гуфти русҳо, “оказывается» мушкил будааст. Мушкил будааст таҳияи сенарияи як барнома, дарёфти қаҳрамонони он, ба иштирокчиён фаҳмонида додани умқи масъала, дизайни студия ва ғайраву ва ҳоказо. Ба хусус мушкилтар мешавад чун ноогоҳе ба Шумо самти огоҳӣ нишон диҳад.  Да... 
Алҳол омодагӣ ба ташкилу гузаронидани як мизи гирдаке дар мавзӯи наонқадар печидаву баҳсбарангез идома дорад. Барнома бояд рӯзҳои наздик наворбардорӣ шавад. Тайёрӣ ба он бо ҷалби ҳамаю ҳама чиз  ҳафтаест, ки идома дорад ва ман низ яке аз ҳамон сафарбаршудагон ҳастам. Аниқтараш мо журналистонро омода карда истодаанд чӣ тавр сухан гӯему чӣ тавр шеваи рафторамон бошад. Аслан намехоҳанд номи мо ва ё чеҳраи мо дар ин гуна маҳфилҳо бошаду расонаӣ шавад, аммо чорае надоранд. Гӯё чорасози дигаронанду дар илоҷи кори худ бечораанд. Э ҳа, аҷаб дискусия дорем дар раванди омодагиҳо. 
Ин албатта ҷойи аҷобат надорад, ба шарте як нуктаро сарфи назар накунем. Нуктаеро, ки чӣ тавр соли 2007 барномаи 20 дақиқаи маро дар нисфаш қайчӣ зада буданд, қайчии маъмурӣ. Онҳое, ки ҳамон вақт барномаи “Зан ва мард”, ки муаллиф ва барандааш каминаи камтарин буд, нагузоштанд дигар пешкаши бинанда шавад, имрӯз сар мекафонанд оиди чӣ тавр гузаронидани як мизи мудаввари телевизонӣ. Воқеа ин тавр буд:
   Соли 2007. Дар телевизиони маҳаллӣ барномаи “Зан ва  мард”, ки аз мушкилот ва муносибатҳо ҳикоят мекунад, рафта истодааст. Дар нисфи барнома занг зада, талаб мекунанд, ки барнома боз дошта шавад ва қисмати боқимондаи он манзури бинанда нагардад. Ноилоҷ барнома боз дошта шуд. Рӯзи дигар комиссияи бонуфуз ташкил карда, омаданд то барномаро майда- майда таҳлил кунанд. Дар комиссия киҳое шомил набуд... ҳамаи бузургони идеологии ҳамонвақта!!!
Қисса кӯтоҳ айб ёфтанд, айби ногуфтанӣ ва бузургтар аз ин айб ҳам шояд набошад. Камбудӣ ҳамин будааст, ки ман дар рафти барнома ибораи “лаҷоми сухан”-ро истифода бурдаам. Вақте эътироз кардам, ки пас чӣ бояд гуям, гуфтанд:
-Тизгини гап гӯед, тизгини гап...чуваки ҳама мефаҳмад...

Ана ҳамин тавр, онҳое, ки лаҷоми суханро бо тизгини гап иваз карданӣ  буданд, имрӯз  "тизгин"-и маро гирифтанианд чӣ бало??? Лек сахт хато мекунанд!!!