ЧӢ ТАВР ПОДАБОНӢ КАРДЕМ
Кӯдакиҳоямон аҷаб
рангин буд. Планшету телефон, компютеру бозиҳои он барои мо бегона буданд.
Ҳарчанд замона ба қавли модаркалонам сериву пурӣ буд, аммо наҳориамон бо як
бурда нону ду-се дона қанди сафед мегузашт. Сари равғани маскаву ҳасиб фикр ҳам
надоштем. Ба либосҳоямон низ аҳамият намедодем. Нисбати замона бепарво будему замона
низ ба мо парвое надошт.
Ана аз ҳамин
кӯдакии воқеан рангину беғамӣ хотираҳои ширине мондааст, хотираҳое, ки ҷояшро ягон
бозии компютерӣ гирифта наметавонад. Дӯстиву дӯстонамон низ самимӣ буданд, на
фейсбукӣ. Дар сомонаҳои гуногун фол намедидем, бо шаммаи чой низ. Балки
пешрафтамон дар бозиву шодӣ ҳамроҳи ҳамсолон буд. Рӯзҳои истироҳатамон дунболи
гову гӯсола бо пораи ноне дар миёну китоби хондание дар бағал баҳорон дар дашту
даман ва тирамоҳу зимистон дар саҳроҳои колхозӣ мегузашт. Қирғиз ҳамсояамон буд
ва ҳатто ҳамсинфамон низ.
Барои худамон
зиндагӣ мекардем на барои дигарон, волидонамон низ дар фикри имрӯз буданд ва аз
фардо парвое надоштанд. Чунин ба назар мерасид, ки онҳо фардоро фаромӯш
кардаанд. Аниқтараш фардои онҳо сари моро ҷуфт кардан буду ормон
шикастан. Хуллас, кӯдакиамон рангинтар аз тирукамон буду хонданитар аз ҳазор
хонданиҳо.
Чӣ тавре гуфтам,
рӯзҳои истироҳатамон бо молчаронӣ мегузашт. Дар он айём анъанае дар байни
мардуми маҳаллаамон ҷорӣ буд. Бо навбат ду-cе нафарӣ моли маҳалларо дар тирамоҳ
подабонӣ мекарданд. Навбати подабонӣ ба мо ҳам омад. Ман бо ҳамроҳии ду
нафари дигар молҳои маҳалларо дар подаҷо (ҷои васее, ки молҳоро ҷамъ намуда,
баъд ба чаро мебаранд) ҷамъ кардем. Азбаски нахустин рӯзи говпоиамон буду гову
гӯсолаи мардумро дуруст намешинохтем, ба мо тавсия доданд, ки молҳоро саршумор
карда барему ҳангоми бозгашт шумурда орем.
Шаф-шафи гап як тараф, ба чарогоҳ
46 сар гову гӯсола бурдем. Дар он ҷо гову гӯсолаи дигар маҳаллаҳои деҳа низ
чаронида мешуданд. Рӯз бегоҳ шуд. Ҳини бозгашт подаро шуморидем, ки 46 сар аст,
барои мабодо боз 8 сари дигар илова карда, ба маҳаллаамон 54 сар мол фаровардем.
Чӣ шуду чӣ монд, ки дар анҷоми рӯзи подабонии мо ҳамсоя даъво кард, ки гову
гӯсолаи ӯро аз чарогоҳ наовардаем. Ба ҷойи 46 сар 54 сар аз чарогоҳ фароварда
бошем ҳам, он шаб хобамон ҳаром шуд...
Баъди ин ҳодиса
аниқ фаҳмидем, ки подабонӣ ҳам ҳунар будааст.







