УСУЛИ АҶИБИ БА КОР ГИРИФТАН
Муаллим Яҳёхон Турсуновро шояд кам касоне дар Исфара нашиносанд. Шахсе, ки умри бобаракати худро сарфи пешаи омӯзгорӣ намудаасту солиёни дароз сарварии мактаби овозадори № 12-и маркази шаҳрро бар ӯҳда доштааст. Ҳамин омӯзгори нӯронӣ, ки синни муборакаш наздики 90 мебошад, баъзан меҳмони идораи рӯзномаи “Насими Исфара” мегардад ва аз дидаву шунидаҳояш қиссаҳои ибратомӯз ҳикоят мекунад.
Дар ташрифи охиринаш ба идораи
рӯзнома оид ба кору фаъолияти Ғанӣ Муллоев, ки аз соли 1950 то соли 1975 сармуҳаррири
рӯзномаи шаҳрӣ буд, қиссаи ҷолибе кард.

Ғанӣ Муллоев ҳангоми ба кор қабул
намудан дар баробари навишта тавонистану қаламкаш будани корҷӯянда ба поквиҷдонии
ӯ низ диққати хоса медодаанд. Барои муайян кардани поквиҷдонии корманди оянда
усули аҷоибе истифода мебурдаанд. (Аз ин усул коргарони собиқадор бохабар буда,
ба он аҳамият ва ба корманди нав хабар намедодаанд).
Аз корҷӯянда пинҳонӣ
маблағи муайянеро аз кисаашон дар рӯйи фарш меафтонидаанду худро ба нодонӣ
мезадаанд. Агар коргари нав маблағро ёфта, дар ҷустуҷӯйи соҳиби он шавад,
ҳатман ба кор қабул менамудаанд, дар акси ҳол роҳи идораи рӯзномаро гум
карданаш зарур будааст.
Истисно нест, ки аз таҷрибаи мазкур дар дигар корхонаву ташкилотҳо низ истифода мебаранд. Аз ин хотир ҳар гоҳе аз ягон ҷой пул меёбед, ҳатман ба сарвари он коргоҳ расонед. Шояд, ки шуморо ҷойи кори равғанине интизор бошад!
Истисно нест, ки аз таҷрибаи мазкур дар дигар корхонаву ташкилотҳо низ истифода мебаранд. Аз ин хотир ҳар гоҳе аз ягон ҷой пул меёбед, ҳатман ба сарвари он коргоҳ расонед. Шояд, ки шуморо ҷойи кори равғанине интизор бошад!





