пятница, 2 декабря 2016 г.

БАРДОШТ

Дар идораи рӯзномаамон расмест, ки дар зодрӯзи ҳамкасбон таманниётро тариқи шеър баён кунем. Ин анъанаро кӣ ҷорӣ намудааст, намедонам, аммо ҳис мекунам, ки анъанаи хубест. Охир на ҳама вақт ва на ҳамеша меҳру муҳаббат, ё сухани дар дилбударо метавон гуфт. 
Чанде пеш як кормандамон зодрӯз дошт. Хостам дар қатори суханони анъанавии хотири ҷамъу сари баланд, орзую ҳаваси бачаҳоро дидану қӯшапир шудан, шеървожае чанд иброз кунам, ки хотираш болидатар шавад.
Баъди шунидани таманниёти шеърии ман сӯям ало-ало нигарист, гӯё ба масоили маҳрамонаи ӯ дахл карда бошам.
Ба ҳар сурат ҳарфҳое барояш гуфтам, ки шояд касе то ин дам нагуфта бошад. 

Дорем таманно О,О,О!
Намехоҳемат ОҲ,ОҲ,ОҲ!
Камтарак АҲ, мумкин ҳам У,
УФ,УФ,УФ ҳаргиз магӯ.
Албатта доим гӯӣ ВАҲ,
Аммо нагӯ, додарам, АҲ.
Гӯӣ майлаш: АНА ИН КОР!
Хоҳем бар ту моён барор.
Дар зиндагиат доимо,
Ҳамроҳат бошад О,О,О!
"Намешавад", "Натавонам",
Гӯ: "Дафъ шавед, МЕТАВОНАМ!"

четверг, 1 декабря 2016 г.

"ӮҲ"    ё   "УҲ", ё...


Рӯзнома мебастем. Баҳс сари  ҳарфи "ӯ" (у-и дароз) ва навишти он пеш аз ҳарфи "ҳ" ва аломати сакта оид шуд. 
Аз мутахассиси соҳа пурсидем. Ҷавоб дод, ки ҳарфи "ӯ" дар калимаҳое, ки асли баромадашон тоҷикӣ ё туркӣ ҳастанд, пеш аз ҳарфи "ҳ" ва аломати сакта навишта мешавад. Дар калимаҳои асли баромадашон арабӣ бошад, навишта намешавад. 
Мутахассис инчунин эзоҳ дод, ки дар вожаҳое, ки ҳиҷои аввалашон бо аломати сакта тамом мешаванд, "ҳарфи "ӯ" навишта намешавад (шуъба), дар калимаҳое, ки ҳиҷои дуюмашон аломати сакта доранд, навишта мешавад (мавзӯъ).
Аз масъули шумора Набиҷон Худойбердиев пурсидам:
-"Ӯҳ"-ро бо "Ӯ" менавишта бошанд, ё бо "У"?
Ҷавоб доданд:
-Аз гуфти мутахассис хулоса баровардан мумкин аст, ки агар тоҷику турк "ӮҲ" гӯяд, бо "У"-и дароз менависему агар араб "УҲ" гӯяд, бо ҳарфи "У".
Котиби масъули рӯзнома Субҳиддин Сайфиддинов бошад, илова карданд:
-Хотиратон ҷамъ бошад, ҳозир касе "ӮҲ", ё "УҲ" намегӯяд. Ҳам тоҷику ҳам турку ҳам араб "черт побери" мегӯянд, ё "бля..."...

пятница, 23 сентября 2016 г.

Падарам рафту ятимам...


    ПАДАРАМ РАФТУ ЯТИМАМ...




 20 рӯз аст, ки ПАДАРАМ нест. Ӯ назди модарам рафт, модаре, ки 6 сол пеш аз ин дунё реҳлат карда буд.
     20 рӯз аст, ки бо будани хешу пайвандону ёру дӯстон хонаи ман холист, ҷойи ПАДАРАМРО дигар касе гирифта наметавонад.  Дигар касе ҳар саҳар вақти ба кор рафтанам фотеҳае намедиҳад. 

     Ҳарчанд ҳар саҳар пеш аз ба кор омадан ба зиёрати қабрашон меравам, аммо он ҷо водии хомӯшон аст, садое намешунавам ва дуое мекунам дар ҳаққи гузаштагон. Ҳис менамоям ВОЛИДОНАМ дар ин хомӯшгаҳ ҳам дар ғами ману наздиконам ҳастанд. Фотеҳа медиҳанд, хомӯшона ва шояд гиряолуд...
    Онҳое, ки ба тасаллияти мо омаданд, мегуфтанд падар умри бобаракати 90 доштанд, марги он кас тӯй асту на ҳар касро Худованд ба ин синну сол мерасонад. Намедонам, аммо марги ПАДАР ятимам намуд, бекасам кард, хонаам ба якборагӣ холӣ шуд. Сағира гардидам, ҳарчанд бародару бародарзодагон ва хоҳару хоҳарзодагонам дар кишварҳои гуногуни олам кору фаъолият доранду ҳамеша меҳрубонона дар суроғам ҳастанд. Лек ҷойи ПАДАРро, ки баъди марги МОДАР ҳам падарӣ доштанду ҳам модарӣ касе дигар гирифта наметавонад. Дигар касе дар кунҷи сандалии хона ҳамроҳи мо нест, нозбардори фарзандони ман нест, маслиҳатгари завҷаам нест. 
    Чанд рӯз аст, писари хурдиам, ки 13 сол дорад, шабҳо хомӯшона ва бесадо мегиряд. Акнун дарк кардааст, ки бе БОБО мондааст. БОБОЕ, ки ба ӯ беҳтарин хӯрданиҳоро медоданду луқмаашонро барояш нигоҳ медоштанд. Бо меҳр "ДОДО" мегуфтанд.
    20 рӯз аст, ки духтарчаи шашсолаам аз хоб хеста, ба хонаи хоби падарам медавад. Ӯ одате дошт, ҳар саҳар рафта ба бобояш гӯяд: "Ҳа бобоҷон, эсану амон аз хоб хестед-мӣ?"Аммо ҳоло саҳаргоҳон ӯ ҳайрон аст ва дар олами кӯдакияш намедонам набудани БОБОяшро чӣ тавр маънидод кардааст...
    Имшаб бародарам ба сафар рафт, ба ҷои кораш ба Русия. Ҳар гоҳ ӯ аз ПАДАР фотеҳаи сафар мегирифт, имшаб бошад, хоҳари калониам фотеҳа дод, бо ашки шашқатор... Ҳис кардам, ки чӣ ғанимат ва давлати бузурге будааст волидайну фотеҳаи онҳо. Ҳарчанд хоҳарам соҳибилм аст, аммо фотеҳаи ӯ вазни фотеҳаи ПАДАРИВУ МОДАРИРО надорад. Фотеҳаву дуои неки ПАДАР  оддиву содда бошад ҳам, бузург будаасту сипари зиндагӣ...
     20 рӯз аст, ки дигар ПАДАР дар ҳаққи мо даст ба рӯй намекашанд. Дар кунҷи сандалии хона  интизор нестанд. Ҷояшон холӣ монд ва касе пур карда наметавонад... 

вторник, 12 января 2016 г.

"Vivat, korol, vivat!"



     

    Ҳар сол дар музофоте чун минтақаи мо ҳамин нидои машҳур аз Шекспир расонаӣ мешавад, дар миш-мишпресси мардумӣ. Заминаи он ба қавли расонаҳои бозорӣ “дилзанак” аст. Яъне аз тарафи Президенти кишвар тағйироти кадрӣ намудан ва яке раис таъин шудану дигаре аз раисӣ рафтан мебошад. 
Одатан мардуми сарбаланди мо хислате дорад, ки баъди рафтан гапҳои мегуфтаашро мегӯяд ва он ҳам аксаран дар ғоиб. Гузашта аз ин баъзеҳо табли шодӣ мезананду гурӯҳи дигар ангушти надомат мегазанд. Дар ана ҳамин лаҳзаҳои ҳассос аксарият симои аслиашонро нишон медиҳанд ва ба қавли шоир: “Аз кӯза ҳамон бурун таровад, ки дар ӯст...”
     
      Дар ин росто ба Расулзода Дилшод Ҷабборӣ бо забони Шекспир  “vivat” – гӯён шафтолуи гапро меорам.
      Зоҳидзода Даврони Абдуқодир раиси шаҳри Исфара бештар аз ду сол буд. Дар ин давра чӣ карду чӣ тағйирот намуд дар саҳифаи рӯзномаи “Насими Исфара” хондан мумкин, ба кӣ чӣ муносибате карда, он ҳам аз даричаи шинохти ҳама ҳар хел аст. Барои баъзеҳо хуб, барои иддае бад ва баҳри гурӯҳе бетафовут. Аммо барои аҳли қалами Исфара чеҳраи мондагоре буд. Зеро бахши исфарагии Иттифоқи нависандагонро таъсис доду маҷаллаи “Ганҷи Исфара” - минбари  дигаре барои эҷодкорон рӯйи кор омад. Муҳимтар аз ҳама иттилоотонии ҷомеа ба зинаи нав баромад. Рушди интернет ва саҳифаю сомонаҳои гуногун, ки рӯйдодҳои Исфараро инъикос менамоянд, бештар шуд. Бо як ҷумла тараққии технологияи муосири иттилоотӣ дар Исфара ва истифодаи усулҳои тоза дар бурдани корҳои мафкуравӣ ба миён омад. Гумон дорам, он рисолате, ки Зоҳидзода Даврони Абдуқодир дар Исфара бар ӯҳда дошт, комилан иҷро кард.
        Дар тақдири ман ҳам Зоҳидзода Даврони Абдуқодир нақши мубориз гузошт ва тарбиятгарам ҳам буду ҳаст. Инро бо сари баланд мегӯям ва “аз фарзанди зан будани иддае” ҳаросе нест. Ва муносибати худро бо номбурда ҳангоми раиси шаҳр буданаш ҳамчун муносибати шогирду устод, бародару додар аз тарафи худ ба роҳ мемондам, ки одатан аз доираи расмиятчигӣ берун буд ва ба қавли Иқболшоҳ “хушоянд” ҳам шояд набуд.
      Биноан хуб аст, бад аст, бародар аст ва ё бегона ба Зоҳидзода Даврони Абдуқодир ташаккури худро баён медорам, ташаккури самимии бериё ва бе чоплусӣ.
      Ва фарҷомро чӣ хуб аз дигарон Шекспир гуфтааст:   Лишь я "Прощай!" не говорю!

четверг, 7 января 2016 г.

ЧАРО МАН ЯКРАВ(ҳ)АМ

       Касе, ки донишҷӯй шудааст, мумкин хотираҳои зиёде дорад, ки на ҳамаи онҳо гуфтанисту навиштанӣ. Баъзан ҳолатҳое рӯй медиҳанд, ки ба қавле «нарочно не придумаешь». 
         
        Ва… дар қиёси дигар ҳамкурсонам ҳамин гуна воқеаҳо аз рӯйи нахусти таҳсил дар мактаби олӣ бароям оғоз шуду тамоми панҷ соли таҳсил то соли 1998 идома ёфт. Ҳоло низ ин гуна ҳодисаҳои омӯхтаниву аҷиб рӯй медиҳанд, ки албатта баъдтарак дар бораашон менависам, ҳозир бошад...

       Баъди хатми мактаби миёна ҳуҷҷатҳоямро ба факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров супоридам. Аслан чаро ҳамин факултетро интихоб намудам, то ҳол асоснок карда наметавонам. Ҳарчанд имкони қабулшавиам ба дигар факултетҳо, ба мисли факултети иқтисодӣ бештар буд, факулети филологияи тоҷикро интихоб намудам.

        Ба як нафар донишҷӯй 12 нафар довталаб рост меомад. Имтиҳони даҳонӣ аз забон ва адабиёти тоҷикро бо баҳои 4 супоридаму ба иншои навиштаам баҳои 4/4 гузоштанд. Дар маҷмӯи 12 хол буд. Ба мандат роҳ ёфта бошам ҳам, донишҷӯй нагаштам ва ба қавле “аз мандат гаштам”.  

      Бисёриҳо тавсияву маслиҳат доданд, ки роҳи деҳаро пеш гирам ва барои соли дигар омода шавам, мумкин соли оянда бахт ба рӯям хандад. Вале ман дигар роҳро пеш гирифтам.

       Якуми сентябр. Ба факултети филологияи тоҷик рафта, дар қатори донишҷӯйшудагон  паси мизи дарсӣ нишастам. Омӯзгоре (сонӣ фаҳмидам, ки куратори гурӯҳ будааст) омада, ҳамаро барои донишҷӯй шуданашон табрик гуфт ва корро аз интихоби сардори гурӯҳ оғоз кард. Намедонам ситораам гарм тофт, ё чизи дигар маро сардори гурӯҳ таъин намуд. Ҳамин тавр ду ҳафтаи таҳсилро донишҷӯйи донишҷӯйнабуда барин паси сар кардам.   Баъди омода шудани рӯйхати донишҷӯёни курси як куратори гурӯҳ чун дид, ки ному насабам дар рӯйхат нест, маро аз синфхона берун кард. Ман бошам, ҳарчӣ бодо бод гӯён соати дуюм боз дар синфхона пайдо мешудам. Ҳамин тавр маро аз синф меронанду ман аз нав даромада менишастам.

       Ахиран кор ба ҳамин оид шуд, ки  ректори донишгоҳ Асадуллоев С. (равонашон шод бод!) ба наздашон даъват намуда, гуфтанд:

       -Писар, якравӣ ҳам ҳад доштагист. Мебинам, ки аз ҳад зиёд донишҷӯй шудан мехоҳӣ. Майлаш, туро ҳамчун нафари эҳтиётӣ дар ҳамон гурӯҳат номнавис мекунем, аммо шарт ҳамин: баҳои чор гирӣ, бо ту хайру хуш.


      Семестри якум ба охир расид. Ҳамаи санҷишу имтиҳонҳоро бо баҳои аъло супоридам. Агар ҳама дар моҳи сентябр сазовори номи донишҷӯй шуда бошанд, ба ман насиб кард, ки баъди нимсол дар моҳи феврал “студент” гардам ва он ҳам ба "шарофат"-и якравии якраҳонаву аз ҳад зиёд хоҳиш доштан.






вторник, 5 января 2016 г.

УСУЛИ АҶИБИ БА КОР ГИРИФТАН

   
   Муаллим Яҳёхон Турсуновро шояд кам касоне дар Исфара нашиносанд. Шахсе, ки умри бобаракати худро сарфи пешаи омӯзгорӣ намудаасту солиёни дароз сарварии мактаби овозадори № 12-и маркази шаҳрро бар ӯҳда доштааст. Ҳамин омӯзгори нӯронӣ, ки синни муборакаш наздики 90 мебошад, баъзан меҳмони идораи рӯзномаи “Насими Исфара” мегардад ва аз дидаву шунидаҳояш қиссаҳои ибратомӯз ҳикоят мекунад.
   Дар ташрифи охиринаш ба идораи рӯзнома оид ба кору фаъолияти Ғанӣ Муллоев, ки аз соли 1950 то соли 1975 сармуҳаррири рӯзномаи шаҳрӣ буд, қиссаи ҷолибе кард.



    Ғанӣ Муллоев ҳангоми ба кор қабул намудан дар баробари навишта тавонистану қаламкаш будани корҷӯянда ба поквиҷдонии ӯ низ диққати хоса медодаанд. Барои муайян кардани поквиҷдонии корманди оянда усули аҷоибе истифода мебурдаанд. (Аз ин усул коргарони собиқадор бохабар буда, ба он аҳамият ва ба корманди нав хабар намедодаанд). 
   Аз корҷӯянда пинҳонӣ маблағи муайянеро аз кисаашон дар рӯйи фарш меафтонидаанду худро ба нодонӣ мезадаанд. Агар коргари нав маблағро ёфта, дар ҷустуҷӯйи соҳиби он шавад, ҳатман ба кор қабул менамудаанд, дар акси ҳол роҳи идораи рӯзномаро гум карданаш зарур будааст.   
    Истисно нест, ки аз таҷрибаи мазкур дар дигар корхонаву ташкилотҳо низ истифода мебаранд. Аз ин хотир ҳар гоҳе аз ягон ҷой пул меёбед, ҳатман ба сарвари он коргоҳ расонед. Шояд, ки шуморо ҷойи кори равғанине интизор бошад!

воскресенье, 3 января 2016 г.

ЧӢ ТАВР ПОДАБОНӢ КАРДЕМ
     Кӯдакиҳоямон аҷаб рангин буд. Планшету телефон, компютеру бозиҳои он барои мо бегона буданд. Ҳарчанд замона ба қавли модаркалонам сериву пурӣ буд, аммо наҳориамон бо як бурда нону ду-се дона қанди сафед мегузашт. Сари равғани маскаву ҳасиб фикр ҳам надоштем. Ба либосҳоямон низ аҳамият намедодем. Нисбати замона бепарво будему замона низ ба мо парвое надошт.
        Ана аз ҳамин кӯдакии воқеан рангину беғамӣ хотираҳои ширине мондааст, хотираҳое, ки ҷояшро ягон бозии компютерӣ гирифта наметавонад. Дӯстиву дӯстонамон низ самимӣ буданд, на фейсбукӣ. Дар сомонаҳои гуногун фол намедидем, бо шаммаи чой низ. Балки пешрафтамон дар бозиву шодӣ ҳамроҳи ҳамсолон буд. Рӯзҳои истироҳатамон дунболи гову гӯсола бо пораи ноне дар миёну китоби хондание дар бағал баҳорон дар дашту даман ва тирамоҳу зимистон дар саҳроҳои колхозӣ мегузашт. Қирғиз ҳамсояамон буд ва ҳатто ҳамсинфамон низ.   
       Барои худамон зиндагӣ мекардем на барои дигарон, волидонамон низ дар фикри имрӯз буданд ва аз фардо парвое надоштанд. Чунин ба назар мерасид, ки онҳо фардоро фаромӯш кардаанд. Аниқтараш фардои онҳо сари моро ҷуфт кардан буду  ормон шикастан. Хуллас, кӯдакиамон рангинтар аз тирукамон буду хонданитар аз ҳазор хонданиҳо.
       Чӣ тавре гуфтам, рӯзҳои истироҳатамон бо молчаронӣ мегузашт. Дар он айём анъанае дар байни мардуми маҳаллаамон ҷорӣ буд. Бо навбат ду-cе нафарӣ моли маҳалларо дар тирамоҳ подабонӣ мекарданд. Навбати подабонӣ ба  мо ҳам омад. Ман бо ҳамроҳии ду нафари дигар молҳои маҳалларо дар подаҷо (ҷои васее, ки молҳоро ҷамъ намуда, баъд ба чаро мебаранд) ҷамъ кардем. Азбаски нахустин рӯзи говпоиамон буду гову гӯсолаи мардумро дуруст намешинохтем, ба мо тавсия доданд, ки молҳоро саршумор карда барему ҳангоми бозгашт шумурда орем.
       Шаф-шафи гап як тараф, ба чарогоҳ 46 сар гову гӯсола бурдем. Дар он ҷо гову гӯсолаи дигар маҳаллаҳои деҳа низ чаронида мешуданд. Рӯз бегоҳ шуд. Ҳини бозгашт подаро шуморидем, ки 46 сар аст, барои мабодо боз 8 сари дигар илова карда, ба маҳаллаамон 54 сар мол фаровардем. Чӣ шуду чӣ монд, ки дар анҷоми рӯзи подабонии мо ҳамсоя даъво кард, ки гову гӯсолаи ӯро аз чарогоҳ наовардаем. Ба ҷойи 46 сар 54 сар аз чарогоҳ фароварда бошем ҳам, он шаб хобамон ҳаром шуд...
      Баъди ин ҳодиса аниқ фаҳмидем, ки подабонӣ ҳам ҳунар будааст.