вторник, 12 января 2016 г.

"Vivat, korol, vivat!"



     

    Ҳар сол дар музофоте чун минтақаи мо ҳамин нидои машҳур аз Шекспир расонаӣ мешавад, дар миш-мишпресси мардумӣ. Заминаи он ба қавли расонаҳои бозорӣ “дилзанак” аст. Яъне аз тарафи Президенти кишвар тағйироти кадрӣ намудан ва яке раис таъин шудану дигаре аз раисӣ рафтан мебошад. 
Одатан мардуми сарбаланди мо хислате дорад, ки баъди рафтан гапҳои мегуфтаашро мегӯяд ва он ҳам аксаран дар ғоиб. Гузашта аз ин баъзеҳо табли шодӣ мезананду гурӯҳи дигар ангушти надомат мегазанд. Дар ана ҳамин лаҳзаҳои ҳассос аксарият симои аслиашонро нишон медиҳанд ва ба қавли шоир: “Аз кӯза ҳамон бурун таровад, ки дар ӯст...”
     
      Дар ин росто ба Расулзода Дилшод Ҷабборӣ бо забони Шекспир  “vivat” – гӯён шафтолуи гапро меорам.
      Зоҳидзода Даврони Абдуқодир раиси шаҳри Исфара бештар аз ду сол буд. Дар ин давра чӣ карду чӣ тағйирот намуд дар саҳифаи рӯзномаи “Насими Исфара” хондан мумкин, ба кӣ чӣ муносибате карда, он ҳам аз даричаи шинохти ҳама ҳар хел аст. Барои баъзеҳо хуб, барои иддае бад ва баҳри гурӯҳе бетафовут. Аммо барои аҳли қалами Исфара чеҳраи мондагоре буд. Зеро бахши исфарагии Иттифоқи нависандагонро таъсис доду маҷаллаи “Ганҷи Исфара” - минбари  дигаре барои эҷодкорон рӯйи кор омад. Муҳимтар аз ҳама иттилоотонии ҷомеа ба зинаи нав баромад. Рушди интернет ва саҳифаю сомонаҳои гуногун, ки рӯйдодҳои Исфараро инъикос менамоянд, бештар шуд. Бо як ҷумла тараққии технологияи муосири иттилоотӣ дар Исфара ва истифодаи усулҳои тоза дар бурдани корҳои мафкуравӣ ба миён омад. Гумон дорам, он рисолате, ки Зоҳидзода Даврони Абдуқодир дар Исфара бар ӯҳда дошт, комилан иҷро кард.
        Дар тақдири ман ҳам Зоҳидзода Даврони Абдуқодир нақши мубориз гузошт ва тарбиятгарам ҳам буду ҳаст. Инро бо сари баланд мегӯям ва “аз фарзанди зан будани иддае” ҳаросе нест. Ва муносибати худро бо номбурда ҳангоми раиси шаҳр буданаш ҳамчун муносибати шогирду устод, бародару додар аз тарафи худ ба роҳ мемондам, ки одатан аз доираи расмиятчигӣ берун буд ва ба қавли Иқболшоҳ “хушоянд” ҳам шояд набуд.
      Биноан хуб аст, бад аст, бародар аст ва ё бегона ба Зоҳидзода Даврони Абдуқодир ташаккури худро баён медорам, ташаккури самимии бериё ва бе чоплусӣ.
      Ва фарҷомро чӣ хуб аз дигарон Шекспир гуфтааст:   Лишь я "Прощай!" не говорю!

четверг, 7 января 2016 г.

ЧАРО МАН ЯКРАВ(ҳ)АМ

       Касе, ки донишҷӯй шудааст, мумкин хотираҳои зиёде дорад, ки на ҳамаи онҳо гуфтанисту навиштанӣ. Баъзан ҳолатҳое рӯй медиҳанд, ки ба қавле «нарочно не придумаешь». 
         
        Ва… дар қиёси дигар ҳамкурсонам ҳамин гуна воқеаҳо аз рӯйи нахусти таҳсил дар мактаби олӣ бароям оғоз шуду тамоми панҷ соли таҳсил то соли 1998 идома ёфт. Ҳоло низ ин гуна ҳодисаҳои омӯхтаниву аҷиб рӯй медиҳанд, ки албатта баъдтарак дар бораашон менависам, ҳозир бошад...

       Баъди хатми мактаби миёна ҳуҷҷатҳоямро ба факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров супоридам. Аслан чаро ҳамин факултетро интихоб намудам, то ҳол асоснок карда наметавонам. Ҳарчанд имкони қабулшавиам ба дигар факултетҳо, ба мисли факултети иқтисодӣ бештар буд, факулети филологияи тоҷикро интихоб намудам.

        Ба як нафар донишҷӯй 12 нафар довталаб рост меомад. Имтиҳони даҳонӣ аз забон ва адабиёти тоҷикро бо баҳои 4 супоридаму ба иншои навиштаам баҳои 4/4 гузоштанд. Дар маҷмӯи 12 хол буд. Ба мандат роҳ ёфта бошам ҳам, донишҷӯй нагаштам ва ба қавле “аз мандат гаштам”.  

      Бисёриҳо тавсияву маслиҳат доданд, ки роҳи деҳаро пеш гирам ва барои соли дигар омода шавам, мумкин соли оянда бахт ба рӯям хандад. Вале ман дигар роҳро пеш гирифтам.

       Якуми сентябр. Ба факултети филологияи тоҷик рафта, дар қатори донишҷӯйшудагон  паси мизи дарсӣ нишастам. Омӯзгоре (сонӣ фаҳмидам, ки куратори гурӯҳ будааст) омада, ҳамаро барои донишҷӯй шуданашон табрик гуфт ва корро аз интихоби сардори гурӯҳ оғоз кард. Намедонам ситораам гарм тофт, ё чизи дигар маро сардори гурӯҳ таъин намуд. Ҳамин тавр ду ҳафтаи таҳсилро донишҷӯйи донишҷӯйнабуда барин паси сар кардам.   Баъди омода шудани рӯйхати донишҷӯёни курси як куратори гурӯҳ чун дид, ки ному насабам дар рӯйхат нест, маро аз синфхона берун кард. Ман бошам, ҳарчӣ бодо бод гӯён соати дуюм боз дар синфхона пайдо мешудам. Ҳамин тавр маро аз синф меронанду ман аз нав даромада менишастам.

       Ахиран кор ба ҳамин оид шуд, ки  ректори донишгоҳ Асадуллоев С. (равонашон шод бод!) ба наздашон даъват намуда, гуфтанд:

       -Писар, якравӣ ҳам ҳад доштагист. Мебинам, ки аз ҳад зиёд донишҷӯй шудан мехоҳӣ. Майлаш, туро ҳамчун нафари эҳтиётӣ дар ҳамон гурӯҳат номнавис мекунем, аммо шарт ҳамин: баҳои чор гирӣ, бо ту хайру хуш.


      Семестри якум ба охир расид. Ҳамаи санҷишу имтиҳонҳоро бо баҳои аъло супоридам. Агар ҳама дар моҳи сентябр сазовори номи донишҷӯй шуда бошанд, ба ман насиб кард, ки баъди нимсол дар моҳи феврал “студент” гардам ва он ҳам ба "шарофат"-и якравии якраҳонаву аз ҳад зиёд хоҳиш доштан.






вторник, 5 января 2016 г.

УСУЛИ АҶИБИ БА КОР ГИРИФТАН

   
   Муаллим Яҳёхон Турсуновро шояд кам касоне дар Исфара нашиносанд. Шахсе, ки умри бобаракати худро сарфи пешаи омӯзгорӣ намудаасту солиёни дароз сарварии мактаби овозадори № 12-и маркази шаҳрро бар ӯҳда доштааст. Ҳамин омӯзгори нӯронӣ, ки синни муборакаш наздики 90 мебошад, баъзан меҳмони идораи рӯзномаи “Насими Исфара” мегардад ва аз дидаву шунидаҳояш қиссаҳои ибратомӯз ҳикоят мекунад.
   Дар ташрифи охиринаш ба идораи рӯзнома оид ба кору фаъолияти Ғанӣ Муллоев, ки аз соли 1950 то соли 1975 сармуҳаррири рӯзномаи шаҳрӣ буд, қиссаи ҷолибе кард.



    Ғанӣ Муллоев ҳангоми ба кор қабул намудан дар баробари навишта тавонистану қаламкаш будани корҷӯянда ба поквиҷдонии ӯ низ диққати хоса медодаанд. Барои муайян кардани поквиҷдонии корманди оянда усули аҷоибе истифода мебурдаанд. (Аз ин усул коргарони собиқадор бохабар буда, ба он аҳамият ва ба корманди нав хабар намедодаанд). 
   Аз корҷӯянда пинҳонӣ маблағи муайянеро аз кисаашон дар рӯйи фарш меафтонидаанду худро ба нодонӣ мезадаанд. Агар коргари нав маблағро ёфта, дар ҷустуҷӯйи соҳиби он шавад, ҳатман ба кор қабул менамудаанд, дар акси ҳол роҳи идораи рӯзномаро гум карданаш зарур будааст.   
    Истисно нест, ки аз таҷрибаи мазкур дар дигар корхонаву ташкилотҳо низ истифода мебаранд. Аз ин хотир ҳар гоҳе аз ягон ҷой пул меёбед, ҳатман ба сарвари он коргоҳ расонед. Шояд, ки шуморо ҷойи кори равғанине интизор бошад!

воскресенье, 3 января 2016 г.

ЧӢ ТАВР ПОДАБОНӢ КАРДЕМ
     Кӯдакиҳоямон аҷаб рангин буд. Планшету телефон, компютеру бозиҳои он барои мо бегона буданд. Ҳарчанд замона ба қавли модаркалонам сериву пурӣ буд, аммо наҳориамон бо як бурда нону ду-се дона қанди сафед мегузашт. Сари равғани маскаву ҳасиб фикр ҳам надоштем. Ба либосҳоямон низ аҳамият намедодем. Нисбати замона бепарво будему замона низ ба мо парвое надошт.
        Ана аз ҳамин кӯдакии воқеан рангину беғамӣ хотираҳои ширине мондааст, хотираҳое, ки ҷояшро ягон бозии компютерӣ гирифта наметавонад. Дӯстиву дӯстонамон низ самимӣ буданд, на фейсбукӣ. Дар сомонаҳои гуногун фол намедидем, бо шаммаи чой низ. Балки пешрафтамон дар бозиву шодӣ ҳамроҳи ҳамсолон буд. Рӯзҳои истироҳатамон дунболи гову гӯсола бо пораи ноне дар миёну китоби хондание дар бағал баҳорон дар дашту даман ва тирамоҳу зимистон дар саҳроҳои колхозӣ мегузашт. Қирғиз ҳамсояамон буд ва ҳатто ҳамсинфамон низ.   
       Барои худамон зиндагӣ мекардем на барои дигарон, волидонамон низ дар фикри имрӯз буданд ва аз фардо парвое надоштанд. Чунин ба назар мерасид, ки онҳо фардоро фаромӯш кардаанд. Аниқтараш фардои онҳо сари моро ҷуфт кардан буду  ормон шикастан. Хуллас, кӯдакиамон рангинтар аз тирукамон буду хонданитар аз ҳазор хонданиҳо.
       Чӣ тавре гуфтам, рӯзҳои истироҳатамон бо молчаронӣ мегузашт. Дар он айём анъанае дар байни мардуми маҳаллаамон ҷорӣ буд. Бо навбат ду-cе нафарӣ моли маҳалларо дар тирамоҳ подабонӣ мекарданд. Навбати подабонӣ ба  мо ҳам омад. Ман бо ҳамроҳии ду нафари дигар молҳои маҳалларо дар подаҷо (ҷои васее, ки молҳоро ҷамъ намуда, баъд ба чаро мебаранд) ҷамъ кардем. Азбаски нахустин рӯзи говпоиамон буду гову гӯсолаи мардумро дуруст намешинохтем, ба мо тавсия доданд, ки молҳоро саршумор карда барему ҳангоми бозгашт шумурда орем.
       Шаф-шафи гап як тараф, ба чарогоҳ 46 сар гову гӯсола бурдем. Дар он ҷо гову гӯсолаи дигар маҳаллаҳои деҳа низ чаронида мешуданд. Рӯз бегоҳ шуд. Ҳини бозгашт подаро шуморидем, ки 46 сар аст, барои мабодо боз 8 сари дигар илова карда, ба маҳаллаамон 54 сар мол фаровардем. Чӣ шуду чӣ монд, ки дар анҷоми рӯзи подабонии мо ҳамсоя даъво кард, ки гову гӯсолаи ӯро аз чарогоҳ наовардаем. Ба ҷойи 46 сар 54 сар аз чарогоҳ фароварда бошем ҳам, он шаб хобамон ҳаром шуд...
      Баъди ин ҳодиса аниқ фаҳмидем, ки подабонӣ ҳам ҳунар будааст.

четверг, 31 декабря 2015 г.

ДУЗД ДАР ЧОЙНИК


     Беҳтарин сӯҳбат сӯҳбати мӯйсафедон аст. Сӯҳбати қаймоқине, ки ҳар як ҳарфу ҳиҷояш маззаи нотакрори таҷрибаи зиндагиро дорад.

   Падарам, ки 90 сола ҳастанд, одатан вақте мо дар атрофи сандалӣ ҷамъ мешавем, чун дигар мӯйсафедон нақли солҳои гузаштаро дӯст медоранд.       
   Ҳодисаи кӯтоҳаке, ки дар поён меорам, ба солҳои баъдиҷангии 50-уми асри гузашта рост меояд.
   Ин ҳодиса дар ҳавлии бобоям рӯй дода будааст. Баъди Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз сабаби тангии рӯзгор дар маҳалла дуздӣ авҷ доштааст. Бобоям, ки рӯзгори нисбатан осудаҳол будаанд, гандумро дар осиё орд намуда, ба хона овардаанд. Аз сабаби шаб фаро расидан ордро ба сандуқ холӣ накарда, дар кунҷи ошхона гузоштаанд.
    Шаб дузд ордро ба яғмо бурдааст. Бобоям ба гапрасҳои маҳалла муроҷиат кардаанд, ки дар масъалаи ёфтани дузд кӯмак намоянд.
   Ду-се тан гапрасҳо омада, ҷустуҷӯйи дуздро аз хонаи бобоям сар кардаанд. Он замон дар атрофи одобу ахлоқи худи ин гапрасҳо низ гапу калочаҳо зиёд будаанд. Якеи онҳо ба кофтани даруни чойникҳо шурӯъ намудааст. Бобоям ҳайрон шуда, пурсидаанд:
   -Тақсир, Шумо чӣ кор карда истодаед?
    Гапрас ҷавоб додааст:
  -Шумо, ҳамсоя, дуздҳои ин замонаро намедонед. Онҳо хеле чаққон ва кордон шудагӣ. Дар ҷойҳое пинҳон мешаванд, ки ақли кас намегирад. Ман боварӣ дорам, ки онҳо дар дохили ягон чойник ё кӯза рӯст шудаанд.
    Дузд гумон мекунад, ки мо беқлем. Не, ақли мо расо, албатта дар даруни ягон чойник руст шудагист. Ҳоло ёбемаш...

"ЭЪЛОН"-И ФИКРКАРДАНӢ

     
Дар ҳаёти рӯзноманигорӣ лаҳзаҳои аҷоибу ғароиб хеле зиёд аст. Бинобар ин одатан рӯзноманигорон баъди ба нафақа баромадан ба ёддоштнависӣ мегузаранд. Ёддоштҳое, ки воқеан хонданиву ибратомӯз. Чанде аз чунин лаҳзаҳои аҷоиб дар соли 2015 дар идораи рӯзномаи “Насими Исфара” низ рӯй дод, ки якеи онро ин ҷо меорам:
     -Рӯзи сешанбе, рӯзи омода карда, ба нашр супоридани рӯзнома буд.  Ҳамаи саҳифаҳоро тайёр намуда, ба нашриёт фиристоданӣ будем, ки котиба даромад ва гуфт, марде эълон овардаасту мехоҳад, ки онро  чоп кунад. 
Мардро даъват кардем. Дар даст эълон ба утоқи корӣ ворид шуд. Эълонаш чунин буд:
        -Марди хушқаду қомат мехоҳад ҳамсари 50 солаи худро бо ду зани 25 сола иваз кунад. Телефон барои иртибот:___________
      Аз хонданӣ эълон на ханда карда метавонистему на таассуф. Зеро симои мард комилан ҷиддӣ буд ва аз он қатъияти азмаш хонда мешуд.
      Бо ҳазор забон гуфтугӯ намуда, ӯро хостем аз нияташ гардонем, аммо бо овардани талаботи қонун “Дар бораи муроҷиати шаҳрвандон” ва соҳибҳуқуқ будану озодии фитриаш якравӣ мекард ва ҳарфҳое мегуфт.
       Ман бошам, ғайриихтиёр дар хусуси синну соли ҳамсари худ фикр мекардам: “Ҳамсари ман 36 сола аст. Дар сурати иваз кардан метавонам соҳиби ду зани 18 сола шавам. Аммо..."
        Лоилоҷ дар ҳошияи эълонаш ҳамчун ҷавоб навиштем, ки “Старый друг лучше новых двух".

“АРЗИШ ДАР ПАЛТО”

   

Маҳаллае, ки дар он зиндагӣ мекунам, мисли дигар маҳаллаҳои деҳа мебошад. Чизи фарқкунандае надорад. Ҳама як дигарро хуб мешиносанд, дар ғаму шодӣ шариканд. Ба тариқи худ дӯст медоранд ва бад ҳам мебинанд. Риштаи дӯстиашон низ маҳз дар ҳавои маҳаллаамон шакл гирифтааст.
        Дар ана ҳамин маҳаллаи мо ду дӯст зиндагонӣ мекунанд. Ба ҳадде ба ҳам наздиканд, ки гумон мекунед, яке сояи дигаре аст. Дар маъракаҳо ҳамтабақу дар гапхонаҳо ҳамшафат ва дар сӯҳбатҳо ҳамсабақ. Ҳатто нахустҳарфи номашон низ дар “Алифбо” пешу қафост: М. ва Н.      

     Чӣ шуду чӣ монд, ки каси калони маҳалла чорабиние кард. Ба он одамони намоён даъватӣ буданду дар қатори онҳо М.ва Н. низ.  Дастҳоро шӯстанд ва хостанд, ки ба ошхӯрӣ дароянд. Н. худро ҳамчун марди маданӣ нишон доданӣ шуда, ба М. таклиф дод, ки биё палтоҳоямонро кашем, бафурҷа мешинему озодона.
       М. ин таклифро аҷиб донист ва посухи аҷибтар дод:
-Ҳамаи арзиши мо дар ҳамин палтост.
   То кунун Н. сар мекафонад, ки М. арзиши палто гуфта, қимматбаҳои будани онро дар назар дошт, ё...