МУЛЛОҲОИ ПРИМИТИВ
Замона дигар шуд
ва ҷаҳон ҷаҳони пешрафти илму техника. Дигар наметавон кӯдаконро бо бозиҳои
айёми тифлиамон –руструстшавакон ё аллак-чиллак саргарм намуд. Балки
бозиҳои онҳо дигар дар сари компютер асту интернет, планшет асту лап-топ.
Ва… тифлонамон дигар шуданду арзишҳояшон, магар ду чиз ҳамоно тағйир наёфт, ки наёфт: амри маъруфҳои муллоҳои
минбарнишин ва сиёсатмадорони вақт. Ба гуфти Мирзо Турсунзода: Рӯди ман олам
дигар шуд, ту ҳамон астӣ, ҳамон...
Замона дигар шуд
ва ҷаҳон ҷаҳони пешрафти илму техника. Дигар наметавон кӯдаконро бо бозиҳои
айёми тифлиамон –руструстшавакон ё аллак-чиллак саргарм намуд. Балки
бозиҳои онҳо дигар дар сари компютер асту интернет, планшет асту лап-топ.
Ва… тифлонамон дигар шуданду арзишҳояшон, магар ду чиз ҳамоно тағйир наёфт, ки наёфт: амри маъруфҳои муллоҳои
минбарнишин ва сиёсатмадорони вақт. Ба гуфти Мирзо Турсунзода: Рӯди ман олам
дигар шуд, ту ҳамон астӣ, ҳамон...
Ба нигоҳи якумӣ
ҳоло ҳам ҷомеа дар асри антиқа умр ба сар мебараду барои дуюмӣ
политтехнологияву имиджмейкер гуфтанӣ мафҳумҳо комилан ношинос ва шинос шудан
ҳам намехоҳанд. О чаро шинос ҳам шаванд, дар ҳоле ки имрӯзҳо низ ба қавле корбариҳои шӯравиёна “эффективность»-и
баланд дорад. Ба дуюмӣ коре надорем, меравем дунболи якумӣ.
Рӯзи ҷумъа.
Мавъизаи мулло: ба масҷид сари луч наоед. Шапкаҳои Ленинро аз саратон гиред.
Макрӯҳ!!! Намозатон ноқисдор мешавад...
Вақте мулло аз
минбар “амри маъруфи беҳтарин”-ашро мекард,
ба ёд Аҳмади Дониш ва даъвоҳои муллоҳои замонаш мерасиданд оид ба напӯшидани калӯш, зеро аз сабаби дар пошнааш
доштани мӯйилаби хук он ғиҷиррос мекардааст... ва танзи Саъдуллоҳи Мӯсо оид ба
маҳси ҷӯробу дарозии риш.
Имомхатиб дар
намози ҷумъа оид ба шапкаҳои ленинӣ
сухан мекарду сари луч масҷидравӣ, ман бошам худро хиҷолатзада ҳис намудам. Гумон
кардам ҳама ба шапкаи ман дида дӯхтаанд ва гирифта ҳам наметавонистам, чун
сарлуч намоз хондан кароҳият дошт... Дар ин ҳолатҳо ба раисон низ раҳмам омад,
ки заифтар аз ман будаанд, чун бар замми сарлучу шапкаи ленинӣ доштанашон боз
галстук ҳам доштанд...
Намедонам, чи
гуна намози ҷумъа хонда шуду давоми мавъизаи мулло чӣ буд? Аммо яқин буд, ки
муллои минбарнишин аз ман дида, бештар
ниёз ба тарбият дорад. Тарбияи ҳамқадами замона шудану дунболи хару хингил ва
кӯзаи бобоӣ нарафтан. Агар рушди ислом дар сарпӯшиву саллаҳои Қориишкамба
мешуд, кайҳо дар Марс мусулмонон масҷид месохтанд ва ҳатман ин муллоҳои моро ба
онҷо миссионер мекарданд. Вале, чӣ мегӯед, ки ...
Чун бандаи шокир
бо будани ин муллоҳои примитив шукр мегӯям. На ба он хотир, ки аз шукри мо бисёртар шаванд, балки аз он шукр, ки дар ҷомеа теъдодашон камтар аст, вагарна...
Комментариев нет:
Отправить комментарий