понедельник, 30 марта 2015 г.

ЧАРО ҶАВОНОН БА ҲАРАКАТҲОИ ТУНДГАРОИ ИСЛОМӢ ПАЙВАСТАНД?

Аз пастии маърифат, бекориву муҳоҷират, бо айби волидайн ва ё тавассути ҲНИТ?


Сабабҳои пайвастшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву тундгарои динӣ дар чист?  Ин мушкилотест, ки касеро бетараф намегузорад.





Обидбой Аҳмадов, мудири бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллиии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар ин масъала мегӯяд:

-Сабаби асосии пайвастани ҷавонон паст будани сатҳи маърифати динии онҳо, дуруст надонистани сиёсат ва муҳоҷирати меҳнативу аз назорат дур монданашон мебошад. Инчунин бояд диққати махсус ба маърифатнокии насли ҷавон ҳангоми таҳсил дар мактабҳо дода шавад, зеро омили асосии таъсиррасон ба ояндаи шахсият ҳамин аст.

Махфират СУЛТОНОВА, омӯзгори собиқадор,  сокини деҳаи Гумбазии ҷамоати деҳоти Навгилеми шаҳри Исфара, ки писараш ба яке аз ҳизбҳои террористӣ шомил шудааст, сабаби террорист шудани ҷавононро дар ҲНИТ мебинад:

Писарам Раҳмонхон бо як гурӯҳ рафиқонаш дар истгоҳи роҳи оҳан ба вагонҳо боркунанда буд. Яке аз рӯзҳо ба ман муроҷиат кард, ки ба Ҳизби Наҳзати Ислом дохил шуданист.
Азбаски аз фаъолияти ҳизби «Таҳрир» ва дигар равияҳои тундгаро воқиф будам, ба ин амали ӯ муқобил баромадам.  Аммо рӯзе вай дафтарчаи узвияти ҲНИТ-ро нишон дода, розӣ шавед, модар гуфт.
      Раҳмонхон яке аз аъзоёни фаъоли ҲНИТ ба шумор мерафт. Ӯро раиси ҷавонони ҳизби деҳа интихоб карда буданд. Дар маъракаи интихоботи соли 2005 ташкилоти шаҳрии ҳизб ҳамчун нотиқ ӯро фаъолона истифода бурд. Дар ду деҳа ба сифати шахси бовариноки номзад баромад ҳам кард.
     1-уми майи соли 2006 якбора ба Федератсияи Русия рафтанӣ шуд. Пас аз 10 рӯзи рафтанаш гурӯҳи террористӣ ба нуқтаи сарҳадбонии Лаккон ҳуҷум кард. Аз ин ҷо шиносномаи хориҷии Раҳмонхон пайдо гардид. Баъди ин ниҳодҳои қудратӣ пинҳонгоҳи гурӯҳи террористиро дар мавзеи фурудгоҳи шаҳр ошкор сохтанд. Аз он ҷо шиносномаи миллии ӯ ёфт шуд.
     Ман имрӯз ҷабрдидаи ҲНИТ ҳастам, аз он домангирам.

Муҳибҷон Ҳомидов, омӯзгор сабабҳои шомилшавиро чунин шарҳ медиҳад:

-Аз Чорқишлоқ як гурӯҳ ҷавонон ба Сурия рафтаанд. Дар пайвастани ҷавонон ба ҳаракатҳои террористӣ сабабгор бекорӣ мебошад. Барои ҷавонони имрӯзаи бемаълумот ҷойи кори мувофиқ нест ягона роҳ муҳоҷирати меҳнатист. Худам борҳо дар муҳоҷират будам медонам, ки шароити беш аз 90 фоизи муҳоҷирон бад аст. Оддитарин шароити зиндагӣ нест. Аксар дар шароите кор мекунанд, ки ҳолаш аз конслагерҳо ҳам бадтар аст. Ҳамин дар муҳоҷират бекорӣ, шароити дуруст надоштан ва асабонияти зиёд боис мешавад, ки ҷавонон ба ҳизбҳои террористӣ пайванданд.
Аз гуфтаҳои Муҳибҷон Ҳомидов бармеояд, ки 90 дар сади ҷавонон саводи дурусти динӣ надоранд. Зидди сиёсати имрӯзаи Ҳукумати Тоҷикистон низ нестанд ба ҳизбҳои динии тундгаро дар заминаи фанатизми динӣ шомил нашудаанд.
Дар муҳоҷирати меҳнатӣ ду роҳи “вербовка” ҳаст, - мегӯяд Муҳибҷон.
Якум тавассути шабакаҳои интернетӣ. Ҷавони аз гирумонҳои зиндагӣ хасташуда ва ҷойи дурусти кор надошта одатан роҳи ягонаи вақтхӯширо дар интернет мебинад. Дар интернет “вербовщик”-ҳо бо ному расми духтарони зебо ҷавононро ба гап меандозанд, мулоқот таъин мекунанд. Баъди чанде мебинед, ки ҷавони дар паҳлӯятонбуда нест ва хабар меояд, ки ӯ дар Сурия аст. Дуюм ҷалби мустақими ҷавонон дар кӯчаву бозорҳо. 



Абдухалил Шарипов, сокини деҳаи Чоркӯҳ боварӣ дорад, ки сабабгори асосии шомилшавии ҷавонон барҳам хӯрдани давлати Шӯравӣ аст. Зеро ба гуфти ӯ дар он даврон идеологияи бегона имкони фарогирии қишрҳои ҷомеаро надошт.




Абдуманнон Раупов, таърихшинос мегӯяд:

-Дар заминаи тангии зиндагӣ ва бекорӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ пайваст шудани ҷавонон асоси воқеӣ надорад. Худ дида истодаед, ки дар давлатҳои мутараққӣ низ, ба мисли давлатҳои Аврупо ва ФР ба сафи террористон шомил шуда истодаанд. Ин ба фикри ман як ҷанбаъ дорад, ба гумроҳӣ рафтани ҷавонон.  Пешгирии ин раванд кори як сохтори муайян ё ҳукуматҳои маҳаллӣ набуда, балки кори ҷонии ҳамагон мебошад. Пеш аз ҳама бояд волидайн ҳадди ақал мунтазам аз ҳоли фарзандонашон пурсон бошанд ва фаъолияти онҳоро назорат баранд. Ба он хотир, ки инсон ба ҳамаи солхӯрдагиҳояш дар назди волидайнаш ҳамоно кӯдак аст ва назорату тарбияи ҳамешагиро мебояд. Инчунин аҳли ҷомеа низ набояд бетараф бошанд. Зеро
Агар бинӣ, ки нобинову чоҳ аст,
  В-агар хомӯш биншинӣ гуноҳ аст.

суббота, 28 марта 2015 г.

ЁДДОШТ БАРОИ КОРМАНД

( метавонад ивазкунандаи кори даҳҳо комиссияи танзиму назоратӣ бошад)


     Нависанда Муҳибуллоҳ Қурбон дар китоби охирини худ аз фаъолияти кориаш дар сафоратхонаи Амрико нақлҳо кардааст. Дар яке аз ин нақлҳояш оид ба усули назорати фаъолияти кормандон ва низоми корӣ ҳарф зада, бобати ҳуҷҷате бо номи ЁДДОШТ БАРОИ КОРМАНД ҳикоят мекунад ва чӣ гунагии онро шарҳ медиҳад...


      Имрӯз ташкилоту муассисаҳои мо низ ниёз ба ин гуна ёддоштҳо барои кормандон дорад. Агар хоҳем, ки интизоми корӣ бошад, назорати фаъолияти кор ва самаранокии он таъмин гардад, ҳатман ин гуна ЁДДОШТ БАРОИ КОРМАНД ҷорӣ карда шавад. Дар он дар радифи корҳои иҷро мекарда, инчунин тариқи либоспӯшӣ дар муассиса, намуди зоҳирии корманд ва муносибаташ низ дарҷ карда шавад аз манфиат холӣ нест. Ин ЁДДОШТ натанҳо хусусияти тавсиявӣ, балки муҷозотро ҳам дорад ва муҷозот дар шакли кам кардани маош сурат гирад беҳтар аст. Дар ин сурат мо метавонем муассисаи худро ба ташкилоти пешрафта табдил диҳем.
        Шояд бархе садо баланд кунанд, ки ин кор поймолшавии ҳуқуқҳои демократии ман аст. Шояд, лек ҳар ҷомеа реҷаи кор ва низоми худро дораду талаботро. Агар ба Шумо маъқул нест, метавонед ивази ҷойи кор кунед.
      Гумон мекунам ин беҳтарин василаи расидан ба ҳадафҳост оид ба интизоми меҳнат, баландбардории самаранокии кор. Инчунин метавонад ивазкунандаи кори даҳҳо комиссияҳои танзиму назоратӣ бошад.

пятница, 27 марта 2015 г.

КАҶ ДОРУ МАРЕЗ

     
Каҷ дору марез. Ҳамин тавр сухане доштанд, худораҳматӣ модаркалонам. Он вақт кӯдак будему намефаҳмидем, ки ин чӣ тавр мешудааст, каҷ доштан ва боз нарезондан. О, умуман бемантиқ-ку. Агар каҷ доштед ҳатман қатраяке бояд чакад...

     Ва... зиндагӣ на ба мантиқи ман кор доштаасту на ба мантиқи дигарон. Баъзан ҳолатҳое пешорӯй меорад, ки баъд мантиқи гуфтаҳои худораҳматӣ модаркалонамро дарк мекунам. Дарк мекунам, ки воқеан бамантиқ будааст гуфтаҳои халқ.

    Агар мантиқи каҷдориҳо намебуд, магар ашхосе, ки замоне мехостанд Тоҷикистонро тақсиму ҷудо кунанд, баъди гузашти солаке чанд гули сари сабади маъракаҳову маҳфилҳо мешуданду баъди маргашон низ 80, 90 ва ва имрӯзҳо алачанд солагиашонро қайд мекардем? Узви маҷлисҳои гуногун ва ҳатто мумкин аз ҳама болояш мешуданду аз номи халқ баромад мекарданд? Аз номи халқе, ки мехостанд дирӯзакак тақсимаш кунанд ба ҷанубу шимол.           
       Аҷибтар аз ин онҳое, ки зидди тақсимкуниҳо буданд имрӯз ба гӯшаи фаромӯшӣ рафтаанд, ё дар нигоҳи дигарон шабаҳмонанд ҳастанду бас. Ё худашон ҳасту номашон нест ва ё номашон хасту худашон не. Да, ПОРОДКС!!! 
      Гардам ба мантиқатон модаркалон. Дар назди Шумову бузургиатон ин интернету постгузориҳо ва комментнависиҳову лайкмониҳо об хӯрад...

среда, 18 марта 2015 г.

"АҶОИБТАРИН КРЕАТИВ"

        Дар Донишгоҳ мехондем. Фанни таълимӣ назмшиносӣ буду муаллим Асадуллоев (Худо раҳматашон кунад!) аз ҳама дар васфи модар қироати байтеро хоҳиш карданд. Ҳама он чиро медонистем гуфтем. Навбат ба як ҳамкурсамон расид, ки умуман нисбат ба дарс  парвое надошт. Аз ҷояш хесту бо овози марғӯладор қироат кард:

Тавоно бувад, ҳарки доно бувад,Ба дониш дили пир барно бувад.
Устод Асадуллоев чу ҳамешагӣ "шинед, писар" гуфтанду халос.













Ва... "креативи аҷоибтаре"-ро нисбат аз ин рафтори ҳамкурсам дар оростани дастархони наврӯзӣ мушоҳида кардам, ки дар фейсбук гузоштаанд.

понедельник, 16 марта 2015 г.

МУРДАШӮЙЕ ДАР МАҲАЛЛАИ МО БУД... 

ВА ХУРӮСБОЗЕ НИЗ


Дар маҳаллаамон мурдашӯйе мезист. Ҳеҷ хусусияти фарқкунандае надошт ва ба кору бори ӯ низ касе аҳамият намедод. Як сокини қаторӣ буд чун мисли садҳо дигарон. Баъди маргаш фаҳмидем, ки чӣ қадар мансаби ӯ ҳам баланд будааст. Ин баландмансабии мурдашӯй низ баногоҳ расонаӣ неву  дар даҳони занони лаби ҳавз забонаӣ шуд. Зеро талошгари ҷойи мурдашӯй хурӯсбози маҳалла баромад. 



        Одаме, ки дар ҷанозаҳо умуман иштирок намекарду аз мурдан сахт метарсид. Ин талошу тапишҳои хурӯсбоз ба ҳадде буд, ки ҳам тағо ба кор бурду ҳам муллоҷиринг ва ҳам нависонависҳо. Ҳатто  хурӯси охиринро низ шӯрбо карду ба хӯрандаҳо дод.  Аммо ҳадаф аз мурдашӯй шуданашро ба ҳама «секрет» мегуфт. Оқибат баъди яке аз намози аср ӯро мурдашӯйи маҳалла таъин карданд. Хурсандии хурӯсбозро ҳадду канор набуд. Зеро ӯ дигар хурӯсбоз не, МУРДАШӮЙ аст, охир! Лекин хурсандии хурусбоз дер давом накард. Дар таъзияи нахустин қариб буд аз мурдашӯйхона ба ҷойи як мурда ду мурда бароранд. Баъди ин ҳодиса хурӯсбоз ҳафт пушти мурдашӯйиро “талоқ” доду “секрет”-и худро кушод.
       Маълум мешавад, ки ӯ ба он хотир ҳаваси мурдашӯйиро кардааст, ки дигарон ӯро раис гӯянду раисҷон. Зеро мурдашӯйи собиқро касе бо номаш не, бо лақаби “раисҷон” мешинохт. Бечора хурӯсбоз намедонист, ки ин “раисӣ” ба мурдашӯйи фавтида аз бобояш мерос монда. Зеро бобои ӯ бо номи “раисҷони говкуш”, ки дар вақти ҷанги Гирмон ҳамаи говони хоҷагиро ҳаром куштааст, дар байни халқ машҳур гашта буд. Ва бо мурури замон қисмати дуюми ин ибора аз байн рафта, аз говкуш танҳо раисҷон боқӣ монда, аз насл ба насл то ба мурдашӯйи фавтида омада расидааст.

         Ҳодисаву гирумонҳои “раисталош”-ҳо баъзан ҳамин ҳодисаи хурӯсбози ҳаммаҳаллагиямро ба ёд меорад.  Барояшон муҳим нест, мутахассиси соҳа будан ва ё аз ин соҳа бегона буданашон. Муҳим он аст, ки раис бояд шаванд. Барои ин фикру зикр ва манфиату ҳаққи дигарон арзише надорад.  Албатта ҳамаашон ҳуқуқи раис шудан доранд, ҳадди ақал дар оилаи худашон. Лекин метарсам, ки монанди хурӯсбози мо дар ҳаваси мурдашӯйӣ аз хурӯсакҳо маҳрум нагарданд. Боз кӣ медонад? 

четверг, 12 марта 2015 г.




ТАҶЛИЛИ ИДИ МАТБУОТ ДАР ИСФАРА

Дар Исфара дар қатори рӯзномаи "Насими Исфара", инчунин ҳафтавориҳои ҷамъиятиву сиёсии "Имрӯз", "Хазинаи маърифат", "Кошонаи илм" ва "Ганҷи Ворух" фаъолият доранд. Барои сайқали истеъдод ва аҷргузорӣ ба аҳли қалам бахши исфарагии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар охири соли 2014 таъсис дода шудаасту барои шоирону нависандагони минтақа маҷаллае бо унвони "Ганҷи Исфара"  бо сарпарастии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр нашр мешавад.




   Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр барои дастгирии  аҳли қалам ҳамеша омодааст. Зеро онҳо натанҳо воқеанигор, балки солноманависи диёранд.











     Шояд заҳмати рӯзноманигорӣ беарзиш аст,  болотар аз ҳамаи тӯҳфаҳост ва ё баръакс. Аммо муҳимтар аз ин ҳусни таваҷҷӯҳ ва қадршиносист, ки фарқ надорад дар кадом шаклу услуб сурат мегирад.






    Аз як журналист даҳ вазир сохтан мумкин аст, аммо аз даҳ вазир як журналист сохта намешавад...









     Вақте мегӯянд, журналистика дар паҳнои вақту замон, макону минтақа маҳдуд мегардад, бовар накунед. Зеро аз навиштаҳои "Бухорои шариф" ҳарчанд 103 сол сипарӣ шудааст, ҳамоно аҷргузорӣ меёбанд.









     Додохони Эгамзод: Ба Шумо ҳамчун барги сабз шумораи нав аз танӯркандаи маҷаллаи "Ганҷи Исфара" ва ягона дар сатҳи Ҷумҳурӣ рӯзномаи деҳотии "Ганҷи Ворух" тақдим мекунам.




Ҳар навгонии Исфара ва бешу ками он нахуст дар нигоҳи журналистон ҷилвагар мешавад...








    Ба журналистон таманно дорам:
 - дар қатори хома бурро, клавиатураҳои коршоям;
-дар радифи варақаву дафтарҳои хонданиву навиштанӣ лаптопу планшету компютерҳо;
-дастрасии мунтазам ба интернету бастаи тамомнашвандаи тарофаҳои интернетӣ...






Халқи рус мақоле дорад: "Совмещать приятное с полезным". Ин маъниро метавон ба таҷлили Рӯзи матбуот дар Исфара, ки санаи 11 марти соли 2015 дар тарабхонаи "Сомон" доир шуд, нисбат дод.




Ҳеҷ ганҷе рӯйи олам чун сухан поянда нест...

среда, 11 марта 2015 г.

ҲАҚҚИ КЛАВИТУРА

           

         Айнан ҳамин тавр, ҳаққи клавиатура. Вақти он аст, ки ба ҷойи ҳаққи қалам ҳаққи клавиатураро истифода барем ва он миқдори муайяни маблағеро, ки барои ҳаққи қалам, ё худ гонорар истифода бурда мешавад чун ҳаққи клавиатура унвон гузорем. Зеро дигар журналисти имрӯза журналисти солҳои 80 нест ва дар ҷебаки ӯ ба ҷои блокноту қалами худкор телефонҳои ҳамроҳ гузошта шудаасту дар дасташ планшету лаптоп.
       

              Дигар рӯзи матбуоти тоҷик низ билкул рӯзи матбуот нест зеро фаъолияти рӯзноманигори кунунии матбуотӣ кайҳост, ки  аз сарҳади матбуот убур кардааст. Ӯ натанҳо нигорандаи сатрҳост, балки ҳам аккос асту ҳам наворбардор ва ҳам танзимгари овозу сабтҳо. Агар журналисти муосир танҳо навишта тавонад (бигузор бо риояи тамоми қавонини журналистӣ) ӯ комилан журналист нест, балки журналист-фейки интернетиро мемонад. Агар танҳо аксбардор аст, пас ӯ дар паси дурбини аккосӣ рисолати худро иҷро мекунаду бас ва чун наворбардорӣ дорад, аксар ҳолат бо наворҳояш танҳо аз шумори кормандони техникӣ ба ҳисоб хоҳад рафт. Яъне вақти он аст, ки дар Рӯзи матбуот ба заҳматҳои журналистони чандрасонаӣ аҷргузории бештаре карда шавад. Зеро воқеан ва комилан корманди матбуотӣ ва бо ҳарфҳои калон ЖУРНАЛИСТИ ҲАҚИҚӢ ӯст.
            Маъзарат, албатта ман мефаҳмам, ки 103 қабл аввалин рӯзномаи тоҷикӣ нашр шудаасту то ин лаҳзаҳо чун анъана Рӯзи матбуотро ба он вобаста мекунанд. Бошад, хуб аст. Лекин агар дунболи гузаштаро гирем, ҳамоно бояд бо ҳамдигар баҳс кунем, ки аввал мурғ пайдо шудааст, ё тухм. Дарозии ришамон чӣ миқдор бошад, ё бо кепкаҳои ленинӣ ба масҷид рафтан равост ё нораво. Биноан муҳимтар он аст, ки ин санаи фархундаро дар вобастагӣ бо таҳаввулоти замон таҷлил намоем.
           Гумон мекунам беҳтарин аҷргузорӣ ва қадршиносӣ дар масири таърихи матбуоти тоҷик дар Исфарамарз ҳамин сол рӯйи кор омад. Ва сабаб ҳам дорад. Сабаб на дар он аст, ки “просто так” фалонӣ нисбат ба журналистон хушбин аст. Ё беҳмадониро устухонаш бо нони журналистика шах шудааст. Не, ин тавр нест. Гап сари он аст, ки ана ҳамин фалонӣ дар рушди журнализм дар Исфара саҳм мегузорад. Роҳ ба сӯйи рӯзноманигории чандрасонаӣ кушодааст ва баҳри тараққиёти ин соҳа хизматҳои шоён менамояд. Ба қавли Сайёфи Мизроб БРАВО ба ӯ, бошад, ки дигарон аз ӯ ибрат гиранд.
               Стоп! Бале, клишашиканӣ хуб аст, ба шарте ки дар доираи клиша бошад. Ва ана ҳамин шикасти клишаҳои кӯҳна бо риояи анъанаҳои нек имсол дар Рӯзи матбуот дар Исфара рӯйи кор омад, ки ба он ҳамаи кормандони матбуот, қаламбадастону клавиатуразеркунон ва фейкҳои арҷманди интернетиро муборакбод мегӯям.

         Худро дар пӯсти амаки Абдулҳакими 90 сола тасаввур намуда, дуо мекунам:

Хока гиред зар гардаду якатон ҳазор шавад. Асло рӯйи камиро набинед, ҷунгалистон!!!

среда, 4 марта 2015 г.

НАТИҶАҲОИ ИНТИХОБОТ ДАР ИСФАРА

       Санаи 1-уми март дар шаҳру деҳоти Исфара чун дар тамоми ма млакат интихоботи вакилони МН МО ҶТ, Маҷлисҳои вилоятиву шаҳрӣ ва ҷамоатҳо баргузор шуд.

       Бояд ёдовар шуд, ки дар Исфара як ҳавзаи интихоботӣ оид ба интихоботи вакилони МН МО ҶТ, 7 адад ҳавзаи интихоботии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, 40 адад ҳавзаи интихоботии Маҷлиси вакилони халқи шаҳр ва 268 адад ҳавзаи интихоботии Маҷлиси ҷамоатҳо ташкил гардида буданд.
      Дар ҳавзаи интихоботии якмандатаи «Исфара», рақами 20 оид ба интихоботи МН МО ҶТ  3  нафар номзад – Мавзуна Шарофиддинова аз ҲХДТ, Нӯъмон Шарифов аз ҲНИТ ва Инъомҷон Аминов ба тариқи худпешбарӣ байни ҳам сабқат карданд.
Тибқи маълумоти раиси комиссияи ҳавзаи интихоботии «Исфара», №20 Ҳайдархӯҷа Тӯхтаев ба Мавзуна Шарофиддинова 78 ҳазору 223 нафар (76,3%), ба Инъомҷон Аминов 13 ҳазору 430 нафар (13,1%) ва Нӯъмон Шарифов 3178 нафар (3,1%)-и интихобкунандагон раъй додаанд.
     Дар раванди интихобот аз шумораи умумии интихобкунандагони ҳавзаи «Исфара» № 20, ки 126 азору 359 нафарро ташкил медиҳанд, 102 ҳазору 520 нафар интихобкунандагон иштирок намуда, ба тарафдории  Ҳизби  Аграрии Тоҷикистон  13 ҳазору 362  нафар (13,03 %), ба тарафдории  Ҳизби  Демократии  Тоҷикистон 1349 нафар (1,32%), ба тарафдории  Ҳизби  Ислоҳоти Иқтисодии  Тоҷикистон 7 азору  689 нафар (7,5%), ба тарафдории  Ҳизби  Коммунисти  Тоҷикистон 1982 нафар (1,93%), ба тарафдории  Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон 3 ҳазору 587 нафар (3,5%), ба тарафдории  Ҳизби Сотсиалистии  Тоҷикистон 3 ҳазору 679  нафар  (3,57%),  ба тарафдории  Ҳизби  Сотсиал-Демократии  Тоҷикистон  423  нафар (0,41%) ва ба тарафдории  Ҳизби Халқии Демократии  Тоҷикистон  65 ҳазору 244 (63,7%) овоз  доданд.
      Муқобили ҳамаи ҳизбҳо 2 ҳазору 102 нафар, яъне 2,05 фоиз раъй додаанд.
      Шумораи бюлетенҳои ботилшуда 23 ҳазору 839 адад  (18,87фоиз) ва шумораи бюлетенҳои беэътибор дониста шуда 3 ҳазору 103 адад (3,03 фоиз)-ро ташкил додаанд.

     Инчунин дар Исфара 7 нафар ба Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҲХДТ интихоб шудаанд. Теъдоди вакилони тозаинтихоб ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Исфара, даъвати панҷум чунин аст: ҲАТ - 1 нафар, ҲИИТ  - 1 нафар, ҲКТ - 1 нафар, ҲХДТ - 37 нафар (аз ҷумла 4 нафар зан).

    Дар 268 ҳавзаи Маҷлисҳои ҷамоатҳо низ интихобот доир карда шудаасту дар онҳо 268 вакил интихоб гардидаанд, ки 65 нафари онҳо аз ҷумлаи занон мебошанд.

     Дар ягон ҳавзаи Исфара интихоботи такрорӣ гузаронида намешавад.