"АҶОИБТАРИН КРЕАТИВ"
Дар Донишгоҳ мехондем. Фанни таълимӣ назмшиносӣ буду муаллим Асадуллоев (Худо раҳматашон кунад!) аз ҳама дар васфи модар қироати байтеро хоҳиш карданд. Ҳама он чиро медонистем гуфтем. Навбат ба як ҳамкурсамон расид, ки умуман нисбат ба дарс парвое надошт. Аз ҷояш хесту бо овози марғӯладор қироат кард:
Тавоно бувад, ҳарки доно бувад,Ба дониш дили пир барно бувад.
Устод Асадуллоев чу ҳамешагӣ "шинед, писар" гуфтанду халос.
Ва... "креативи аҷоибтаре"-ро нисбат аз ин рафтори ҳамкурсам дар оростани дастархони наврӯзӣ мушоҳида кардам, ки дар фейсбук гузоштаанд.
Комментариев нет:
Отправить комментарий