среда, 11 марта 2015 г.

ҲАҚҚИ КЛАВИТУРА

           

         Айнан ҳамин тавр, ҳаққи клавиатура. Вақти он аст, ки ба ҷойи ҳаққи қалам ҳаққи клавиатураро истифода барем ва он миқдори муайяни маблағеро, ки барои ҳаққи қалам, ё худ гонорар истифода бурда мешавад чун ҳаққи клавиатура унвон гузорем. Зеро дигар журналисти имрӯза журналисти солҳои 80 нест ва дар ҷебаки ӯ ба ҷои блокноту қалами худкор телефонҳои ҳамроҳ гузошта шудаасту дар дасташ планшету лаптоп.
       

              Дигар рӯзи матбуоти тоҷик низ билкул рӯзи матбуот нест зеро фаъолияти рӯзноманигори кунунии матбуотӣ кайҳост, ки  аз сарҳади матбуот убур кардааст. Ӯ натанҳо нигорандаи сатрҳост, балки ҳам аккос асту ҳам наворбардор ва ҳам танзимгари овозу сабтҳо. Агар журналисти муосир танҳо навишта тавонад (бигузор бо риояи тамоми қавонини журналистӣ) ӯ комилан журналист нест, балки журналист-фейки интернетиро мемонад. Агар танҳо аксбардор аст, пас ӯ дар паси дурбини аккосӣ рисолати худро иҷро мекунаду бас ва чун наворбардорӣ дорад, аксар ҳолат бо наворҳояш танҳо аз шумори кормандони техникӣ ба ҳисоб хоҳад рафт. Яъне вақти он аст, ки дар Рӯзи матбуот ба заҳматҳои журналистони чандрасонаӣ аҷргузории бештаре карда шавад. Зеро воқеан ва комилан корманди матбуотӣ ва бо ҳарфҳои калон ЖУРНАЛИСТИ ҲАҚИҚӢ ӯст.
            Маъзарат, албатта ман мефаҳмам, ки 103 қабл аввалин рӯзномаи тоҷикӣ нашр шудаасту то ин лаҳзаҳо чун анъана Рӯзи матбуотро ба он вобаста мекунанд. Бошад, хуб аст. Лекин агар дунболи гузаштаро гирем, ҳамоно бояд бо ҳамдигар баҳс кунем, ки аввал мурғ пайдо шудааст, ё тухм. Дарозии ришамон чӣ миқдор бошад, ё бо кепкаҳои ленинӣ ба масҷид рафтан равост ё нораво. Биноан муҳимтар он аст, ки ин санаи фархундаро дар вобастагӣ бо таҳаввулоти замон таҷлил намоем.
           Гумон мекунам беҳтарин аҷргузорӣ ва қадршиносӣ дар масири таърихи матбуоти тоҷик дар Исфарамарз ҳамин сол рӯйи кор омад. Ва сабаб ҳам дорад. Сабаб на дар он аст, ки “просто так” фалонӣ нисбат ба журналистон хушбин аст. Ё беҳмадониро устухонаш бо нони журналистика шах шудааст. Не, ин тавр нест. Гап сари он аст, ки ана ҳамин фалонӣ дар рушди журнализм дар Исфара саҳм мегузорад. Роҳ ба сӯйи рӯзноманигории чандрасонаӣ кушодааст ва баҳри тараққиёти ин соҳа хизматҳои шоён менамояд. Ба қавли Сайёфи Мизроб БРАВО ба ӯ, бошад, ки дигарон аз ӯ ибрат гиранд.
               Стоп! Бале, клишашиканӣ хуб аст, ба шарте ки дар доираи клиша бошад. Ва ана ҳамин шикасти клишаҳои кӯҳна бо риояи анъанаҳои нек имсол дар Рӯзи матбуот дар Исфара рӯйи кор омад, ки ба он ҳамаи кормандони матбуот, қаламбадастону клавиатуразеркунон ва фейкҳои арҷманди интернетиро муборакбод мегӯям.

         Худро дар пӯсти амаки Абдулҳакими 90 сола тасаввур намуда, дуо мекунам:

Хока гиред зар гардаду якатон ҳазор шавад. Асло рӯйи камиро набинед, ҷунгалистон!!!

Комментариев нет:

Отправить комментарий