понедельник, 16 марта 2015 г.

МУРДАШӮЙЕ ДАР МАҲАЛЛАИ МО БУД... 

ВА ХУРӮСБОЗЕ НИЗ


Дар маҳаллаамон мурдашӯйе мезист. Ҳеҷ хусусияти фарқкунандае надошт ва ба кору бори ӯ низ касе аҳамият намедод. Як сокини қаторӣ буд чун мисли садҳо дигарон. Баъди маргаш фаҳмидем, ки чӣ қадар мансаби ӯ ҳам баланд будааст. Ин баландмансабии мурдашӯй низ баногоҳ расонаӣ неву  дар даҳони занони лаби ҳавз забонаӣ шуд. Зеро талошгари ҷойи мурдашӯй хурӯсбози маҳалла баромад. 



        Одаме, ки дар ҷанозаҳо умуман иштирок намекарду аз мурдан сахт метарсид. Ин талошу тапишҳои хурӯсбоз ба ҳадде буд, ки ҳам тағо ба кор бурду ҳам муллоҷиринг ва ҳам нависонависҳо. Ҳатто  хурӯси охиринро низ шӯрбо карду ба хӯрандаҳо дод.  Аммо ҳадаф аз мурдашӯй шуданашро ба ҳама «секрет» мегуфт. Оқибат баъди яке аз намози аср ӯро мурдашӯйи маҳалла таъин карданд. Хурсандии хурӯсбозро ҳадду канор набуд. Зеро ӯ дигар хурӯсбоз не, МУРДАШӮЙ аст, охир! Лекин хурсандии хурусбоз дер давом накард. Дар таъзияи нахустин қариб буд аз мурдашӯйхона ба ҷойи як мурда ду мурда бароранд. Баъди ин ҳодиса хурӯсбоз ҳафт пушти мурдашӯйиро “талоқ” доду “секрет”-и худро кушод.
       Маълум мешавад, ки ӯ ба он хотир ҳаваси мурдашӯйиро кардааст, ки дигарон ӯро раис гӯянду раисҷон. Зеро мурдашӯйи собиқро касе бо номаш не, бо лақаби “раисҷон” мешинохт. Бечора хурӯсбоз намедонист, ки ин “раисӣ” ба мурдашӯйи фавтида аз бобояш мерос монда. Зеро бобои ӯ бо номи “раисҷони говкуш”, ки дар вақти ҷанги Гирмон ҳамаи говони хоҷагиро ҳаром куштааст, дар байни халқ машҳур гашта буд. Ва бо мурури замон қисмати дуюми ин ибора аз байн рафта, аз говкуш танҳо раисҷон боқӣ монда, аз насл ба насл то ба мурдашӯйи фавтида омада расидааст.

         Ҳодисаву гирумонҳои “раисталош”-ҳо баъзан ҳамин ҳодисаи хурӯсбози ҳаммаҳаллагиямро ба ёд меорад.  Барояшон муҳим нест, мутахассиси соҳа будан ва ё аз ин соҳа бегона буданашон. Муҳим он аст, ки раис бояд шаванд. Барои ин фикру зикр ва манфиату ҳаққи дигарон арзише надорад.  Албатта ҳамаашон ҳуқуқи раис шудан доранд, ҳадди ақал дар оилаи худашон. Лекин метарсам, ки монанди хурӯсбози мо дар ҳаваси мурдашӯйӣ аз хурӯсакҳо маҳрум нагарданд. Боз кӣ медонад? 

Комментариев нет:

Отправить комментарий