среда, 4 июля 2018 г.

Лепёшка - таджикская, пияла - кыргызская, дастархан - общий


Лепёшка - таджикская, пияла - кыргызская, 
  дастархан -  общий


Зерафшан или Жакаурук ?


    Это местечко мы называем Зерафшан, кыргызы называют Жакаурук. В этом местечке пересекаются автодороги Исфара-Ворух  и Ош-Баткен-Исфана – одна из основных дорог Баткенской области Республики Кыргызыстан.  Мы не будем говорить о трудностях строительства этой дороги, разногласиях и сроках сдачи в аренду земельного участка под неё со стороны Таджикистана, поскольку цель наша совсем другая.
     Зерафшан, Жакаурук, Кокташ, Сомониён – всё это географические названия местностей для уточнения и определения госграницы. В действительности, для взаимоотношений  между простыми людьми, населяющими эти приграничные территории важны понимание, дружба и взаимовыгодное сотрудничество. Всё это они нашли в Перекрёстке Дружбы, которым условно можно назвать вышеназванное пересечение этих автодорог.  

Приходите к нам, на горячие лепёшки


      В советские времена были чайханы, где люди отдыхали, общались между собой, делились последними новостями, обсуждали злободневные события текущих дней. Лепёшечная  Нодирахон  Авезовой из села Ходжаи Аъло на этом перекрёске играет именно такую объединяюшую роль.
      - Наблюдалось немало случаев, - говорит Нодира-апа, - когда за четыре года работы  нашей лепёшечной, благодаря ей было предотвращено несколько назревающих конфликтов  между жителями приграничных сёл. Кроме горячих лепёшек своим покупателям мы предлагаем пиалу чая, за которой часто решаются важные житейские и соседские  проблемы, находится ось взаимопонимания и дружбы.
   
- Наши связи с кыргызскими братьями, - вступает в беседу брат Нодиры Авезовой  Зохид Сафаров, - хорошо налажены и прочны. У них покупаем муку, печём лепёшки, основными покупателями которых, они же и являются, и они довольны, и мы.
Вкус лепёшки, испечённой в лепёшечной на перекрёстке Дружбы, на самом деле, другой, более приятный и значимый. И цена сравнительно невысокая. Во время посещения этой лепёшечной, житель села Ак-татир Республики Кыргызыстан Мухаммад Холматов  покупал  большую партию лепёшек для проведения у себя дома траурного мероприятия. В беседе с нами он охотно пояснил, что несмотря на наличие  лепёшечной в селе Кокташ, он всегда покупает лепёшки именно здесь, потому что они дешевле и вкуснее.
      На этом перекрёстке эта лепёшечная не единственная, которая связывает кыргызов и таджиков. Здесь можно купить персики у кыргызов,  а арбузы и дыни – у таджиков. Также здесь немало точек по реализации различных строительных материалов и хозтоваров.          

Казаны, произведённые в Таджикистане, таджики покупают у кыргызов


      Муж и жена Аббасхан Ахматов и Алтинай Шарофиддинова более двадцати лет продают оптом и в розницу в селе Кокташ различные хозтовары, которые покупают, в основном, таджики.  
   
 - Наши  товары, - рассказывает их дочь Умеда, - наряду с нашими односельчанами охотно покупают жители сёл Чарку, Варух, города Исфары и иногда – из Худжанда. Мы продаём изделия, произведённые в Узбекистане, Таджикистане, Кыргызстане, Китае и Иране за валюту, имеющуюся в наличии у покупателей – российские рубли, таджикские сомони, кыргызские сомы. 
       Своим надёжным и проверенным покупателям даём товары и в долг, потому что верим нашим таджикским соседям, как самим себе. Они, в свою очередь, сохраняют нам свою “клиентскую” верность. Например, казаны, выпущенные на предприятиях Таджикистана  и привезенные нами сюда, приобретают в основном сами таджикистанцы. Мы не знаем, почему это происходит, но знаем, что торговля сближает людей разных национальностей.

 “ Друг  пришёл – горячо обними...”


       Сегодня, как никогда, таджики и кыргызы испытывают острую потребность в стабильных и крепких дружеских узах. Герой Таджикистана, народный поэт Мирзо Турсунзаде сказал:               “Друг  пришёл – горячо обними...”. Эти слова точно и верно отражают повседневные будни простых жителей приграничных сёл. Как говорит депутат местного Кенеша села Ак-сай Республики Кыргызыстан Саатбек Анаров, “соседей не выбирают – с ними живут”.
      - Независимо от того, когда и как будут решены трансграничные проблемы, - говорит Саатбек, -  наша дружба вечна и не имеет границ. Нам нужно укреплять её, создавать малые совместные предприятия на приграничных территориях. В  нашей молодёжи нужно эффективнее воспитывать  толерантность и взаимное уважение друг к другу, способствовать на примере старших поколений созданию интернациональных семей. К сожалению, таких примеров среди нынешней молодёжи  сегодня встретить почти невозможно.

Послесловие


      Жизнь на “Перекрёстке Дружбы” -  многоцветная, разносторонняя и гармоничная. Здесь национальные обычаи, привычки, традиции, языки смешиваются и приобретают одинаковую характерную черту, имя которой – “ДРУЖБА”. 

Абдумуталиб Шарифов.
Фото Т.Расулзаде.





вторник, 3 июля 2018 г.


“Бо хоҳиши худ” ҳам мемурдаандууу?!

Вақти супоридани ҳисоботи оморӣ ба шашмоҳа. Даргузашти ҳамкорамон (Ёдаш ба хайр!) –ро мебоист дар ҳисобот нишон медодем. Вақте варақаи ҳисоботдиҳиро хостем пур кунем, дар қисмати “кормандон дар давраи ҳисоботӣ аз кор рафтанд” ду банд нишон дода шуда буд:
-ба нисбат аз кор озод шудан (ё ихтисор шудани шумораи кормандон).
-бо хоҳиши худ.
Ҳайрон шудем, ки ҳамкори худораҳматиамонро дар кадом банд нишон диҳем. Аз масъулон маслиҳат пурсем. Гуфтанд:
-Дар банди “бо хоҳиши худ” нишон диҳед, зеро ихтисори шумораи корманд сурат нагирифтааст...
Мо ҳайрон:- “Бо хоҳиши худ” ҳам мемурдаандууу.

четверг, 31 августа 2017 г.

Дузди "математик"

Дузди "математик"

Дӯсти наздикам  гуфт, ки тасмим гирифтааст ҷуворимаккашро дар наздикии замини мо анбор намояд. Ин ҳарфҳо ба ёдам ҳодисаеро овард, ки шаш-ҳафтсол пештар рух дода буд. Ҳодисаро нақл кардам, то худаш хулоса барорад. Инак он ҳодиса:


Тахминан солҳои 2011-2012 буд. Журналистӣ чиву деҳқонӣ чӣ, агар яке бо қалам кор кунад, дигаре бо каланд гӯён аз хоҷагӣ заминеро гирифта, киштукор намудем. Ҳосили хуби ҷуворимакка ба даст омад. Бо андешаи он ки саҳро аз алафдузду хона аз муш холӣ нест, сарҳои ҷуворимаккаро шикаста ба замини посараамон (замине, ки аз ҳисоби дасту теппаҳо обод карда шудааст) бурдем. Додарзодаам шабона  дар дохили мошин сарҳои маккадонро посбонӣ мекард. Аз рӯйи нақли ӯ шабона шарфаи по ва садои шибир-шибир ба гӯшаш мерасад. Бо рӯшан кардани  чароғакҳои мошин мебинад, ки ҳамсоя ба ҷо кардани сарҳои ҷуворимакка ба ҷувол машғул аст. Мепурсад?
-Ҳа, ҳамсоя дар нимашаб бо ҷувол дар байни сарҳои ҷуворимаккаи дон чӣ кор карда истодаед?
-Фаҳмида истодаам, ки, -мегӯяд ҳамсояи ба ҷуворимаккадуздӣ даромада, - ба як ҷувол чанд дона ҷуворимакка ҷой мешавад...

суббота, 31 декабря 2016 г.

31 622 400 сония ҳамроҳатон будем


Хонандагони азиз!
Соли 2016 даму нафаси охирин дораду соли 2017 дар мекӯбад. Шодем, ки тӯли 12 моҳу 52 ҳафтаву  366 рӯзу 8784 соату 527040 дақиқаву 31622400 сония ҳамроҳи рӯзномаи “Насими Исфара” будед, чӣ тавре, ки  ҳамаи ин муддатҳо “Насими Исфара” низ ҳамроҳатон буд. Давоми ин фосила шод ҳам будему ношод ҳам, то ҷое сарбаланд ҳам будему то ҷое сарафканда низ, огандаи ин ҳам будему он ҳам. Аммо лаҳзаҳои хотирмон ва нишотовар зиёд буданд, чун Шумо моро ҳамроҳӣ доштед. Магар аз ин шодии бештаре барои созандагони рӯзнома мешавад? На! Зеро рӯзнома барои хонанда аст, на хонанда барои рӯзнома.

Дар соли 2016 шумораи хонандагони мо 300 нафар нисбат ба соли қаблӣ бештар шуданд. Албатта ин шумораи нисбӣ аст,  зеро як рӯзномаро метавонад даҳҳо нафар мутолиа кунаду маъниҳо бардорад. Мо тавонистем ба паҳнои интернетӣ роҳ ёбем, хонанда пайдо кунем, бо дастгирии ташкилоти ҷамъиятии "Шото" нармафзори андроидии рӯзномаро созем. Ин нармафзор дар таҷрибаи рӯзномасозии минтақа ва гуфтан мумкин аст, дар Тоҷикистон нахустин буд.  Инчунин дар ин сол рамзи рӯзномаи “Насими Исфара”  муайян карда шуд. Талош дорем ин рамз оммавӣ гардад ва ҳамчун “бренд” баромад кунад. Барои обуначиёни худ тақвими рӯйимизӣ бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани муҳимтарин рӯйдодҳои 25 соли соҳибистиқлолӣ дар Исфара ва тақвими девориро бо аксҳои ҳар яке аз обуначиён омодаву дастрас намудем, ки басо хушоянд буд. Дар соли рафтаистода дар озмуни вилоятии “Хомаи созанда” мақоми дуюмро гирифтем ва боз ғолибиятҳои дигаре низ буданд, ки дар саргаҳи он албатта Шумо истодаед, хонандагони азиз!
Руст намекунем, ҳолатҳои муштугиребоншуданҳову     “нервотрепкаҳо” аз пайи маводҳо  низ дар ин сол буданд, ки ин ҳама ширинии пешаи журналистист. Алҳол блокноти “Насими Исфара”-ро бо панду андарзҳо омода кардаем, ки барои хонандагонамон ройгон тақдим хоҳем кард. Зеро қиблаи қалами мо, Шумо, хонандагони арҷманд ҳастед.
Шукр, бо дастгирии якояки Шумо ба соли 2017 қадам ниҳода истодаем. Теъдоди айниҳолии рӯзномаамон барои соли пешистода бад ҳам нест. Нисбати соли рафтаистода беҳтар мебошад. Тавассути корбариҳои Юсуфҷон Валиев (корманди нави рӯзномаамон) бештари мардум бо рӯзнома фарогир шуданду рӯзномахон. Теъдоди муштариёни алоҳида, ба ғайр аз ташкилоту муассисаҳо наздик 500 нафар гардид. Яъне дар соли 2017 дар қатори ташкилоту муассисаҳо ба хонаи наздик 500 сокини Исфара рӯзномаи мо хоҳад рафт. Албатта боварӣ дорем, ки маркази алоқаи почтаи шаҳр чун ҳамешагӣ саривақт рӯзномаҳоро дастраси муштариёнамон мекунад. Зеро рӯзномаи саривақт ба хонанда мерасида шабеҳи нони нав аз танӯрканда аст, ки лаззату бардошти фаромӯшношуданӣ дорад.
Гумон мекунем, соли 2017 барои рӯзномаи мо ва Шумо, хонандагони арҷмандамон, бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, ки муассиси мост, соли фаромӯшношуданӣ хоҳад буд. Зеро дар ин сол “Насими Исфара” 85 сола хоҳад шуд. Яъне 85 сол аст, ки ин рӯзномаи шаҳрӣ бетанаффус интишор меёбад. Бахшида ба 85-солагӣ нақшаву ниятҳои наҷиб бисёранд. Амалигашти онро дар соли 2017 хоҳед дид. Инчунин дар cоли нав сиёсати редаксиониро низ тағйир доданӣ ҳастем, ки онро ба хубӣ пайхас хоҳед кард.
Ҳоло бошад, бо Соли Нави 2017 муборакбод мегӯем ва мутобиқи русуми англисҳо дарҳои диламонро во медорем, то нафаси тозаи Соли Нав ғуборҳои кӯҳнаро ба дуриҳои дур - гӯшаи фаромӯшӣ бубарад.
Бо эҳтиром 
 Абдумуталиб Шарифов.

пятница, 2 декабря 2016 г.

БАРДОШТ

Дар идораи рӯзномаамон расмест, ки дар зодрӯзи ҳамкасбон таманниётро тариқи шеър баён кунем. Ин анъанаро кӣ ҷорӣ намудааст, намедонам, аммо ҳис мекунам, ки анъанаи хубест. Охир на ҳама вақт ва на ҳамеша меҳру муҳаббат, ё сухани дар дилбударо метавон гуфт. 
Чанде пеш як кормандамон зодрӯз дошт. Хостам дар қатори суханони анъанавии хотири ҷамъу сари баланд, орзую ҳаваси бачаҳоро дидану қӯшапир шудан, шеървожае чанд иброз кунам, ки хотираш болидатар шавад.
Баъди шунидани таманниёти шеърии ман сӯям ало-ало нигарист, гӯё ба масоили маҳрамонаи ӯ дахл карда бошам.
Ба ҳар сурат ҳарфҳое барояш гуфтам, ки шояд касе то ин дам нагуфта бошад. 

Дорем таманно О,О,О!
Намехоҳемат ОҲ,ОҲ,ОҲ!
Камтарак АҲ, мумкин ҳам У,
УФ,УФ,УФ ҳаргиз магӯ.
Албатта доим гӯӣ ВАҲ,
Аммо нагӯ, додарам, АҲ.
Гӯӣ майлаш: АНА ИН КОР!
Хоҳем бар ту моён барор.
Дар зиндагиат доимо,
Ҳамроҳат бошад О,О,О!
"Намешавад", "Натавонам",
Гӯ: "Дафъ шавед, МЕТАВОНАМ!"

четверг, 1 декабря 2016 г.

"ӮҲ"    ё   "УҲ", ё...


Рӯзнома мебастем. Баҳс сари  ҳарфи "ӯ" (у-и дароз) ва навишти он пеш аз ҳарфи "ҳ" ва аломати сакта оид шуд. 
Аз мутахассиси соҳа пурсидем. Ҷавоб дод, ки ҳарфи "ӯ" дар калимаҳое, ки асли баромадашон тоҷикӣ ё туркӣ ҳастанд, пеш аз ҳарфи "ҳ" ва аломати сакта навишта мешавад. Дар калимаҳои асли баромадашон арабӣ бошад, навишта намешавад. 
Мутахассис инчунин эзоҳ дод, ки дар вожаҳое, ки ҳиҷои аввалашон бо аломати сакта тамом мешаванд, "ҳарфи "ӯ" навишта намешавад (шуъба), дар калимаҳое, ки ҳиҷои дуюмашон аломати сакта доранд, навишта мешавад (мавзӯъ).
Аз масъули шумора Набиҷон Худойбердиев пурсидам:
-"Ӯҳ"-ро бо "Ӯ" менавишта бошанд, ё бо "У"?
Ҷавоб доданд:
-Аз гуфти мутахассис хулоса баровардан мумкин аст, ки агар тоҷику турк "ӮҲ" гӯяд, бо "У"-и дароз менависему агар араб "УҲ" гӯяд, бо ҳарфи "У".
Котиби масъули рӯзнома Субҳиддин Сайфиддинов бошад, илова карданд:
-Хотиратон ҷамъ бошад, ҳозир касе "ӮҲ", ё "УҲ" намегӯяд. Ҳам тоҷику ҳам турку ҳам араб "черт побери" мегӯянд, ё "бля..."...

пятница, 23 сентября 2016 г.

Падарам рафту ятимам...


    ПАДАРАМ РАФТУ ЯТИМАМ...




 20 рӯз аст, ки ПАДАРАМ нест. Ӯ назди модарам рафт, модаре, ки 6 сол пеш аз ин дунё реҳлат карда буд.
     20 рӯз аст, ки бо будани хешу пайвандону ёру дӯстон хонаи ман холист, ҷойи ПАДАРАМРО дигар касе гирифта наметавонад.  Дигар касе ҳар саҳар вақти ба кор рафтанам фотеҳае намедиҳад. 

     Ҳарчанд ҳар саҳар пеш аз ба кор омадан ба зиёрати қабрашон меравам, аммо он ҷо водии хомӯшон аст, садое намешунавам ва дуое мекунам дар ҳаққи гузаштагон. Ҳис менамоям ВОЛИДОНАМ дар ин хомӯшгаҳ ҳам дар ғами ману наздиконам ҳастанд. Фотеҳа медиҳанд, хомӯшона ва шояд гиряолуд...
    Онҳое, ки ба тасаллияти мо омаданд, мегуфтанд падар умри бобаракати 90 доштанд, марги он кас тӯй асту на ҳар касро Худованд ба ин синну сол мерасонад. Намедонам, аммо марги ПАДАР ятимам намуд, бекасам кард, хонаам ба якборагӣ холӣ шуд. Сағира гардидам, ҳарчанд бародару бародарзодагон ва хоҳару хоҳарзодагонам дар кишварҳои гуногуни олам кору фаъолият доранду ҳамеша меҳрубонона дар суроғам ҳастанд. Лек ҷойи ПАДАРро, ки баъди марги МОДАР ҳам падарӣ доштанду ҳам модарӣ касе дигар гирифта наметавонад. Дигар касе дар кунҷи сандалии хона ҳамроҳи мо нест, нозбардори фарзандони ман нест, маслиҳатгари завҷаам нест. 
    Чанд рӯз аст, писари хурдиам, ки 13 сол дорад, шабҳо хомӯшона ва бесадо мегиряд. Акнун дарк кардааст, ки бе БОБО мондааст. БОБОЕ, ки ба ӯ беҳтарин хӯрданиҳоро медоданду луқмаашонро барояш нигоҳ медоштанд. Бо меҳр "ДОДО" мегуфтанд.
    20 рӯз аст, ки духтарчаи шашсолаам аз хоб хеста, ба хонаи хоби падарам медавад. Ӯ одате дошт, ҳар саҳар рафта ба бобояш гӯяд: "Ҳа бобоҷон, эсану амон аз хоб хестед-мӣ?"Аммо ҳоло саҳаргоҳон ӯ ҳайрон аст ва дар олами кӯдакияш намедонам набудани БОБОяшро чӣ тавр маънидод кардааст...
    Имшаб бародарам ба сафар рафт, ба ҷои кораш ба Русия. Ҳар гоҳ ӯ аз ПАДАР фотеҳаи сафар мегирифт, имшаб бошад, хоҳари калониам фотеҳа дод, бо ашки шашқатор... Ҳис кардам, ки чӣ ғанимат ва давлати бузурге будааст волидайну фотеҳаи онҳо. Ҳарчанд хоҳарам соҳибилм аст, аммо фотеҳаи ӯ вазни фотеҳаи ПАДАРИВУ МОДАРИРО надорад. Фотеҳаву дуои неки ПАДАР  оддиву содда бошад ҳам, бузург будаасту сипари зиндагӣ...
     20 рӯз аст, ки дигар ПАДАР дар ҳаққи мо даст ба рӯй намекашанд. Дар кунҷи сандалии хона  интизор нестанд. Ҷояшон холӣ монд ва касе пур карда наметавонад...