вторник, 27 января 2015 г.

МОДАРАМ…
Тақдим ба модари азизу фидокорам
       Модарам ба ёд меояд. Модаре, ки дигар наметавонам бинамаш. Ӯ рафта аз ман, аз мо ба сӯйи Худо, ба ломакон. Имрӯз ман бузург шудаам, вале модарам зинда мебуд, ҳанӯз кӯчакам мехонд, ба сӯи пирӣ   раҳсипорам, аммо назди вай ҳанӯз кӯдак боқӣ мемондам. Ӯ танҳо касе буд, ки ашк, ширу хунашро фидоям намуд. Ҳамаи мардум фаромӯшам карданд, магар модар, хама рахоям карданд, ҷуз модар. Ҳамаи дунё бароям тағйир кард, магар модар. Модаре, ки эҳсос мекунам дар он дунё низ ғами маро мехӯрад...

      Модар! Чӣ қадар рухсораатро бо ашк шустушӯ медодӣ, ҳангоме ки ба сафар мерафтам. Ва чӣ андоза хобро бар хеш ҳаром мекардӣ, вақте набудам. Чӣ сон хобро ба фаромӯшӣ месупурдӣ, вақте бемор мешудам!
     Модар! Ҳангоме ки аз сафар бар мегаштам, дами дар истода медидамат, ба ман нигариста,  ашки хушҳолӣ аз чашмонат ҷорӣ мешуд. Ва замоне, ки аз хона берун мерафтам, бо қалби андӯҳнок бо ман худоҳофизӣ мекардӣ.
     Модар! Ҳар кас аз ман таъриф мекард, ӯро тасдиқ менамудӣ, гарчи маро пешвои халоиқ ва моҳи шаби чаҳордаҳ биномад. Ва касе, ки маро бадгӯӣ мекард, ӯро дурӯғгӯй мепиндоштӣ, гарчи ахли адолат ба манфиати вай шаҳодат дода. Ҳамеша ту танҳо касе будӣ, ки ба корҳои ман машғул мешудӣ ва фақат ту ғами маро комилан мехӯрдӣ.
     Модар! Чӣ гуна некиҳоятро посух гӯям, дарҳоле, ки шикаматро ҷойгоҳи ман қарор дода, аз шират ба ман нӯшонда будиву оғӯшатро бароям ошёне қарор додӣ. Чӣ гуна хубиҳоятро ҷуброн кунам? Ту дар роҳи хушбахт шудани ман мӯйҳои саратро сафед намуда, бадани хешро барои роҳати ман заиф сохта будӣ. Ва қоматат барои осоиши ман хамида буд.
     Модар! Беҳтарин лаҳзаҳо ҳамоне буд, ки ҳамроҳи ту тавофи Хонаи Худованд намудем. Дар он ҷо низ ёди ту даме бо Худо буду даме бо падарам ва даме бо фарзандон. Ғусса мехӯрдӣ, ки дуриву падарам танҳост ва намедонад бе ту чӣ гуна рӯз гузаронад. Андеша менамудӣ, ки духтаронат бо ҳамаи дороӣ дар хонаи ту беҳузурат худро бегонаву ятим эҳсос накунанд...
     Модар! Вақте ба суратат менигарам,  шармандагии хешро ҳис мекунам. Ҳис мекунам, ки ба қадри ту нарасидам. Зеро замоне, ки ҳамаи дӯстон ба ман пушт гардонанд, ту танҳо касе будӣ, ки вафодор мондӣ. Ва замоне ки вафодорон ба ман хиёнат карда ва ёрони самимӣ маро фиреб доданд, танҳо ту будӣ, ки бо қалби меҳрубон, ашкҳои гарм, суханони дилнавоз ва ҳамдардии бемонанди хеш бо ман ҳамроҳӣ менамудӣ, маро дар оғӯш мегирифтӣ, мебӯсидӣ, навозиш мекардӣ, дилдори менамудӣ, ҳамдардӣ месохтӣ ва бароям дуо мекардӣ.
    Модар! Ба ёд меоварам, чӣ андоза дар оғӯш гирифтан, бӯса, навозиш ва ҳамдардиро бе ҳеҷ подошу раҳматгуиҳо нисорам менамудӣ. Ба оина менигарам ва симои туро дар худ мебинам. Зеро гушти ман аз гушти баданат бофта шуд. Чеҳраам бо ашкҳоят шустушӯ дода шуд, мӯйҳои сарам бо бӯсаҳоят рӯида шуда ва муваффақиятам ба баракати дуоҳоят насибам гашта.
    Модар! Ба ман иҷозат бидеҳ, то қабратро дар оғӯш гирам, ҳарчанд раво нест. Худро қурбонат созам, гарчи дар шариати мо қурбонии инсон хушоянд набошад. Бароят бимирам кош дубора зинда шавӣ, назди падар оӣ, падаре, ки ба ҷои ту моро ҳам падарӣ дораду ҳам модарӣ...

воскресенье, 25 января 2015 г.

ҚАҲРАМОНМОДАРОНИ 
МУДЕРНТАР АЗ МО!!!

      Борҳо шудааст, ки аксар занони тоҷикро соҳибхоназан ва ё бо ифодаи дигар дар ҷое кор намекунад гӯён муаррифӣ менамоянд. Дар оморҳои расмӣ нишон медиҳанд: маълумоташ миёна, маълумот надорад ва амсоли ин. Менависанд: беҳмадонӣ чаҳор фарзанд дорад, завҷааш бекор аст, худаш дар фалон ташкилот корманд асту моҳонааш каме болотар аз сад доллар.   
        Дар ҳоле, ки оилаи тоҷик ва кадбонуи ин оила шояд мудерн шудаву барои кашидани бори рӯзгор аз мардҳо бештар ташвишҳо дорад, лекин ташвишҳои ӯ дар ягон омори расмӣ сабт намешавад, ҳама бо як вожа менависандаш: БЕКОРЧӢ!!!

Зани деҳотӣ пуркортар аз ҳама аст.
    Занони Исфараи имрӯза, хоса деҳотиёнаш агар дар баҳору тобистон пайи зироаткориву ғунучини ҳосил бошанд, пас дар зимистон ба мисли мардҳо “гапхӯрӣ” надоранд, балки мехоҳанд бо сомоние чанд ба буҷаи оилаи худ мадад расонанд.
расм аз imon.tj
Ҳадди ақал  таъминоти худ ва фарзандонашонро бароварда кунанд. Ва ин раванд дар ҳар оила ҳар хел роҳандозӣ шудааст. Яке бо мағзчинӣ музде ба даст меораду дигаре бо коркарди меваи хушк. Саввумӣ бо нигоҳубини чорво ва парвариши он ба марди хона сабукӣ меорад. Чаҳорумин бо кӯмак расонидан дар омода кардани маҳсулот ба савдогаре  мехоҳад пуле ёфта, барои кӯдаконаш савғотиҳо харад. Барои панҷумин омода кардани кӯрпаву болишт ва бистари арӯсии сокинони деҳа, ё дӯхтани миёнбанду рӯймолҳои тӯйӣ мояи рӯзгузаронист.
    Меҳринисо Набиева, як нафар сокини Исфара мегӯяд, кори ӯ мудом дар зимистон  омода кардани олуи сиёҳ мебошад. Онро барояш ҳамсояи савдогараш медиҳад ва барои ҳар як килои он вобаста ба сифати кор 60-80 дирамӣ маблағ пардохт мекунад. Дар як рӯз ӯ метавонад, ки 50 кило олуи сиёҳро бо ҳамроҳи фарзандон тайёр кунаду 30-40 сомонӣ дастмузд ёбад.
   
Нигоҳубини чорво
низ масъулият аст
  Дигаре аз занони деҳотӣ, ки нахост номаш ифшо шавад, гуфт, харидории чорво ҳарчанд аз тарафи ҳамсараш сурат мегирад, аммо нигоҳубинаш ба ӯҳдаи ӯст. Бинобар ин ҳадди имкон мекӯшад, чорворо хуб нигоҳубин намояд, то маблағи бештареро аз фурӯшаш ба даст оранд. Ба қавли мардуми зимомдор: масъулияти баландро эҳсос мекунад.
    Дар хонаи холаи Бимарҳамат кор тамоман дигаргуна аст. Азбаски писаронаш дар муҳоҷирати меҳнатианду ҳар моҳе маблағ ирсол мекунанд, аммо занони ин оила бекор нишастанро дӯст намедоранд. Балки гоҳи муроҷиат намудани ҳамсоягонашон мағзҳои зардолуи онҳоро чида медиҳанду пӯчоқашро мегиранд. Пӯчоқи донаки зардолу дар зимистон барои гармкунӣ роҳати ҷон, мегӯяд холаи Бимарҳамат ва илова мекунад, ки ҳоло нархи як лингаи пӯчок 10-12 сомонӣ мебошад ва бо роҳи чида додани мағзи ҳамсоягон  хонаҳои худро каме бошад ҳам, гармтар месозанд.
   Мардҳои ин гуна оилаҳо низ нисбати занҳояшон назари нек доранд ва эътироф ҳам менамоянд, ки занҳояшон пуркортар аз онҳо мебошанд. Ва одатан дар доираи имконият ҳамдастӣ ҳам менамоянд.

     Дар  даврони Шӯравӣ ба занони серфарзанд унвони “ҚАҲРАМОН-МОДАР” медоданд. Вале мусаллам он аст, ки занони имрӯзаи тоҷик қаҳрамонтар аз онҳоянд. Мешӯянд, мепазанд, нигоҳубин мекунанд ва корҳои зиёде. Дар ин росто боз талош меварзанд саҳми худро барои ободонии оила гузоранд. Пас, оё қаҳрамоние аз ин зиёд мешавад?
      Ҳарчанд талошу кору рӯзгори зани деҳотии тоҷик дар сутуни оморие роҳ намеёбад. Бо ҳамаи маълумотдор кардани фарзандон бемаълумоташ мехонанд. Дар гузоришҳои ҳукумативу ғайриҳукуматӣ сабт мекунанд: ХОНАШИН!

БИГЗОР ХОНАШИН БОШАД, ВАЛЕК МУДЕРНТАР АЗ МОСТ!!!!


ЛАҲЗАҲОЕ ГӮЁТАР
АЗ ҲАЗОРОН ВОЖА
















пятница, 22 августа 2014 г.

ДАР КӮЗА ОБУ... 

«Оё дар маркази ноҳияи Ҷабборов Расулови вилояти Суғд мардум бо оби нӯшокӣ таъминанд?»


     Чанде пештар дар сархати ахбор гапи наве чарх мезад. Хабари наве ҳам набуд, кӯҳна буд, кӯҳнаи эҳёшуда. Гап-гап карданд, ки Тоҷикистон ба Эрон оби нӯшокиро интиқол хоҳад дод! Эрониёнро бо оби тоза ТАЪМИН ХОҲАД КАРД!!! Бале, бале бо об бегонагонро таъмин менамоем дар ҳоле, ки худамон… 

       Дар ноҳияи ба номи Ҷаббор Расулов исрофи беҳуда ва истифодаи беҳадафи об ба назар мерасад. Тайи чаҳор рӯзи буду боши мо дар урдугоҳи «Уқобча» аз ҷумаки ошхонаи он пайваста об мешорид ва касе ба исрофи беҳудаи он эътибор намедод. Ин дар ҳолест, ки на ҳама сокинони он дастрасии комил ба оби нӯшокӣ доранд.Онҳо маҷбуранд, обро аз масофаи дур ба манзилҳои худ тавассути зарфҳо кашонанд ва ё аз обҳои полезии тасфияшуда истифода баранд.

     Манзили сокини кӯчаи Домуллоҷон Азизов Муҳаммадӣ Мансуров дар масофаи 300 метр дуртар аз бинои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия қарор дорад. Ӯ аз норасоӣ ва камбуди об шиква мекунад.

Муҳаммадӣ Мансуров мегӯяд: 
Чанд маротиба ба мақомоти дахлдор муроҷиат кардем, аммо бенатиҷа. Ягон рӯз ҳолат хуб мешудагист. 

Сокини дигари ноҳия Рамил иброз медорад:

 Баъди соати 20:00 баъд суръати омадани об тез мешавад. Дар ин вақт барои гирифтани об як-ду соат бояд навбат истод. 

 Махфират-хола қайд кард:

 Об нест. Пулашро ҳар моҳ медиҳем. Чанд бор муроҷиат кардем. Нағз мешудагист.

 Сардори КДФ “Обтаъминкунӣ ва канализатсия”-и ноҳияи Ҷаббор Расулов Абдураззоқ Акрамов изҳор дошт:

 Барои таъмини пурраи аҳолии маркази ноҳия беш аз 16 миллион сомонӣ лозим аст. Лоиҳа пешниҳод шудааст, ҳоло дар марҳилаи баррасишавист.

  


       PS: Захираи оби ноҳияи Ҷаббор Расулов дар обанборҳо 131 миллион м3-ро дар бар мегираду ин нишондод дар чашмасорон ҳудуди 120 миллион м3-ро ташкил медиҳад. Шумори аҳолӣ 122315 нафар мебошад.

(Аз Барномаи рушди иқтисодиву иҷтимоии
ноҳияи Ҷаббор Расулов барои солҳои 2011-2015).

*Мавод дар ҳамкорӣ бо Мутрибахон Ниёзова -
муҳаррири маҷаллаи "Нилуфар" омода шудааст.



четверг, 21 августа 2014 г.

ШИНОХТ....

        


Шинохт ба хотири шинохти хеш ва вокеият...
         Аммо намегуям Мансури Халлоч бояд буд. На, харгиз. На хамзамон наметавон мухолифи Халлоч.
         Бояд худии худ буд, то шинохта шавам ва шиносам дигареро. Чун симои ман пушида аст, пас дигаре низ симои аслии худро нишон нахохад дод...