ТАРС
Биёед кӯдакиамонро ба хотир меорем. Шахсан вақте ман кӯдак будам, чун хобам
намебурд, ё беодобие мекардам, худо раҳматӣ модаркалонам мегуфтанд:
-Хоб кун, набошад туя
ба гург медиҳам, мехӯрад.
Ана аҷӣ омаду ана биҷӣ...
Ё ҳамон шеърро аз фолклори халқӣ мехонданд :
Ку-ку пас, сандалӣ пас,
Хап хоб рав, гург омад, бо арғамчин мезанам...
Вақте калонтарак шудаму мактабхон ҳамин тарсондан дигар хелтар сурат
мегирифт. Муаллим талабаҳои сустхону шӯхро танбеҳ медоду ҷанг мекард. Ба қавле
ҳаракат менамуд алови чашми бачаҳоро гирад. Ҳарчанд дар мактаби замонавӣ
мехондем, аммо усулҳо ҳамон “Мактаби кӯҳна”-ро ба хотир меовард. Тарсонидан,
ҷанг кардан, “ҳайфи ту” эълон намудан, то ки мо донишманду оқил ба воя расем.
Чун падарам аввалин маротиба маро назди домуллои маҳалла барои саводи динӣ
баровардан бурданд аз гуфтаҳои китоб ёдовар шуданд: устухонаш аз ману пӯсту
гӯшташ аз Шумо. Гумон мекунам, падарам, ки шахси босавод ва аҳли мутоила
ҳастанд, ин ибораи падари устод Айниро бесабаб наоварда буданд.
Охирҳои солҳои 80. Насими бозсозӣ мевазид. Дар қатори ҳамсолон
масҷидравакон мекардем. Аз амри маъруфҳои муллоён баҳравар мешудем. Ҳамаи ин
амри маъруфҳо он вақт ва имрӯзҳо ҳам бо маъноҳои аз Худованд тарсонидан, дар
оташи дӯзах насӯхтан, аз азоби қабр, пурсиши Мункару Накир ҳаросон шудан анҷом меёфт.
Солҳои донишҷӯӣ аз ҳама бештар аз муаллимони бадқавоқу ҷиддисимо ҳарос доштем. Вақте суроби ин гуна
муаллимонро медидем, ба худ меандешидем: Аз санҷиш ва имтиҳони ин муаллим чӣ
гуна мегузашта бошам?!
Имрӯзҳо низ дар фаъолияти корӣ баъзан маро аз номи дигарон тарсониданӣ
мешаванд. Мегӯянд: агар фалонӣ фаҳмад, тамом, корат расво... Инчунин дар
раванди фаъолият бисёр роҳбаронеро дучор шудам, ки аз сояашон кормандон дарақ-дарақ
меларзанд. Усули роҳбариашон тарсонидан аст.
Моро дар кӯдакӣ аз аҷӣ, биҷӣ метарсонданду дар мактабхонӣ муаллимон бо бад-бад
нигоҳкуниву шаппотизаниҳо ва дашному тофтани рӯямон мехостанд, алови чашмамонро
гиранд. Муллоҳоямон мудом дар дили мо аз Худованд, аз оташи дӯзах, аз пурсиши
Мункару Накир, азоби қабру Рӯзи қиёмат ҳарос меандозанд. Дар иҷрои кор одатан
моро аз номи раисамон ларзон карданӣ ҳастанду аз гапи мардум. Ҳамин усулҳои
аҷоиби тарбияву тарсонидани мост, ки аз мурдан сахт метарсем. Метарсем, ки
намирем, зеро маргу мир дар назари мо даҳшату ваҳшат аст.
Яъне, меҳвари тарбияи мо ТАРС аст. Моро дар рӯҳияи тарсончакӣ тарбият
карданӣ мешаванд. Дар ҳоле, ки набояд ин тавр шавад.
Бояд дар кӯдакӣ тифлони мо хоб кунанд, на аз тарси аҷию биҷӣ, балки аз зиёд
хандаву бозӣ кардану шод шуданҳо, омӯзгорон бо тарсондан не, бо ҷой додани илм
дар диламон аз мо донишманд ба воя расонанд. Муллоҳоямон ба ҷойи тарсондан аз
Худованду ким-чиҳои дигар хуб мешуд, меҳри худовандиро дар дилҳо ҷой мекарданд.
Шарт нест аз раисон тарсонидан, балки бояд гуфт меҳрубонтар аз раис нисбат
ба зердастон касе нест ва мо раисро эҳтиром мекунем на ба он хотир, ки аз ӯ
метарсем, балки аз он ҷиҳат ки инсони комил аст, дардамонро мефаҳмад,
мададгорамон аст, барои бархе бародари калонисту барои дигаре шахси ғамхор...
Магар вақти он нест, ки ба тарбият ва тарсмеҳварӣ таҷдиди назар кунем? Зеро
вақте тарс ба мо бегона мешавад, он гоҳ аз мурдан касе нахоҳад тарсид. Марг
ваҳмангез нест, балки лаҳзаи аз ҳама ширин аст, зеро оғози дидорбинист. Аввали
пайвастан ба Ҳақ, беҳтарин воситаи расидан ба оромиш аст.

.jpg)




