понедельник, 16 марта 2015 г.
МУРДАШӮЙЕ ДАР МАҲАЛЛАИ МО БУД...
ВА ХУРӮСБОЗЕ НИЗ
Дар маҳаллаамон мурдашӯйе мезист. Ҳеҷ хусусияти фарқкунандае надошт ва ба кору бори ӯ низ касе аҳамият намедод. Як сокини қаторӣ буд чун мисли садҳо дигарон. Баъди маргаш фаҳмидем, ки чӣ қадар мансаби ӯ ҳам баланд будааст. Ин баландмансабии мурдашӯй низ баногоҳ расонаӣ неву дар даҳони занони лаби ҳавз забонаӣ шуд. Зеро талошгари ҷойи мурдашӯй хурӯсбози маҳалла баромад.

Одаме, ки дар ҷанозаҳо умуман иштирок намекарду аз мурдан сахт
метарсид. Ин талошу тапишҳои хурӯсбоз ба ҳадде буд, ки ҳам тағо ба кор бурду
ҳам муллоҷиринг ва ҳам нависонависҳо. Ҳатто хурӯси охиринро низ шӯрбо карду
ба хӯрандаҳо дод. Аммо ҳадаф аз мурдашӯй
шуданашро ба ҳама «секрет» мегуфт. Оқибат баъди яке аз намози аср ӯро мурдашӯйи
маҳалла таъин карданд. Хурсандии хурӯсбозро ҳадду канор набуд. Зеро ӯ дигар хурӯсбоз
не, МУРДАШӮЙ аст, охир! Лекин хурсандии хурусбоз дер давом накард. Дар таъзияи
нахустин қариб буд аз мурдашӯйхона ба ҷойи як мурда ду мурда бароранд. Баъди ин
ҳодиса хурӯсбоз ҳафт пушти мурдашӯйиро “талоқ” доду “секрет”-и худро кушод.
Маълум мешавад,
ки ӯ ба он хотир ҳаваси мурдашӯйиро кардааст, ки дигарон ӯро раис гӯянду
раисҷон. Зеро мурдашӯйи собиқро касе бо номаш не, бо лақаби “раисҷон” мешинохт.
Бечора хурӯсбоз намедонист, ки ин “раисӣ” ба мурдашӯйи фавтида аз бобояш мерос
монда. Зеро бобои ӯ бо номи “раисҷони говкуш”, ки дар вақти ҷанги Гирмон ҳамаи
говони хоҷагиро ҳаром куштааст, дар байни халқ машҳур гашта буд. Ва бо мурури
замон қисмати дуюми ин ибора аз байн рафта, аз говкуш танҳо раисҷон боқӣ монда,
аз насл ба насл то ба мурдашӯйи фавтида омада расидааст.
Ҳодисаву гирумонҳои
“раисталош”-ҳо баъзан ҳамин ҳодисаи хурӯсбози ҳаммаҳаллагиямро ба ёд
меорад. Барояшон муҳим нест, мутахассиси
соҳа будан ва ё аз ин соҳа бегона буданашон. Муҳим он аст, ки раис бояд шаванд.
Барои ин фикру зикр ва манфиату ҳаққи дигарон арзише надорад. Албатта ҳамаашон ҳуқуқи раис шудан доранд,
ҳадди ақал дар оилаи худашон. Лекин метарсам, ки монанди хурӯсбози мо дар
ҳаваси мурдашӯйӣ аз хурӯсакҳо маҳрум нагарданд. Боз кӣ медонад?
четверг, 12 марта 2015 г.
ТАҶЛИЛИ ИДИ МАТБУОТ ДАР ИСФАРА
Дар Исфара дар қатори рӯзномаи "Насими Исфара", инчунин ҳафтавориҳои ҷамъиятиву сиёсии "Имрӯз", "Хазинаи маърифат", "Кошонаи илм" ва "Ганҷи Ворух" фаъолият доранд. Барои сайқали истеъдод ва аҷргузорӣ ба аҳли қалам бахши исфарагии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар охири соли 2014 таъсис дода шудаасту барои шоирону нависандагони минтақа маҷаллае бо унвони "Ганҷи Исфара" бо сарпарастии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр нашр мешавад.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр барои дастгирии аҳли қалам ҳамеша омодааст. Зеро онҳо натанҳо воқеанигор, балки солноманависи диёранд.

Шояд заҳмати рӯзноманигорӣ беарзиш аст, болотар аз ҳамаи тӯҳфаҳост ва ё баръакс. Аммо муҳимтар аз ин ҳусни таваҷҷӯҳ ва қадршиносист, ки фарқ надорад дар кадом шаклу услуб сурат мегирад.
Аз як журналист даҳ вазир сохтан мумкин аст, аммо аз даҳ вазир як журналист сохта намешавад...

Вақте мегӯянд, журналистика дар паҳнои вақту замон, макону минтақа маҳдуд мегардад, бовар накунед. Зеро аз навиштаҳои "Бухорои шариф" ҳарчанд 103 сол сипарӣ шудааст, ҳамоно аҷргузорӣ меёбанд.

Додохони Эгамзод: Ба Шумо ҳамчун барги сабз шумораи нав аз танӯркандаи маҷаллаи "Ганҷи Исфара" ва ягона дар сатҳи Ҷумҳурӣ рӯзномаи деҳотии "Ганҷи Ворух" тақдим мекунам.
Ҳар навгонии Исфара ва бешу ками он нахуст дар нигоҳи журналистон ҷилвагар мешавад...
Ба журналистон таманно дорам:
- дар қатори хома бурро, клавиатураҳои коршоям;-дар радифи варақаву дафтарҳои хонданиву навиштанӣ лаптопу планшету компютерҳо;
-дастрасии мунтазам ба интернету бастаи тамомнашвандаи тарофаҳои интернетӣ...
Халқи рус мақоле дорад: "Совмещать приятное с полезным". Ин маъниро метавон ба таҷлили Рӯзи матбуот дар Исфара, ки санаи 11 марти соли 2015 дар тарабхонаи "Сомон" доир шуд, нисбат дод.
Ҳеҷ ганҷе рӯйи олам чун сухан поянда нест...
среда, 11 марта 2015 г.
ҲАҚҚИ КЛАВИТУРА
Айнан ҳамин тавр,
ҳаққи клавиатура. Вақти он аст, ки ба ҷойи ҳаққи қалам ҳаққи клавиатураро
истифода барем ва он миқдори муайяни маблағеро, ки барои ҳаққи қалам, ё худ
гонорар истифода бурда мешавад чун ҳаққи клавиатура унвон гузорем. Зеро дигар журналисти
имрӯза журналисти солҳои 80 нест ва дар ҷебаки ӯ ба ҷои блокноту қалами худкор телефонҳои
ҳамроҳ гузошта шудаасту дар дасташ планшету лаптоп.
Дигар рӯзи матбуоти
тоҷик низ билкул рӯзи матбуот нест зеро фаъолияти рӯзноманигори кунунии матбуотӣ
кайҳост, ки аз сарҳади матбуот убур
кардааст. Ӯ натанҳо нигорандаи сатрҳост, балки ҳам аккос асту ҳам наворбардор
ва ҳам танзимгари овозу сабтҳо. Агар журналисти муосир танҳо навишта тавонад
(бигузор бо риояи тамоми қавонини журналистӣ) ӯ комилан журналист нест, балки
журналист-фейки
интернетиро мемонад. Агар танҳо аксбардор аст, пас ӯ дар паси дурбини аккосӣ
рисолати худро иҷро мекунаду бас ва чун наворбардорӣ дорад, аксар ҳолат бо
наворҳояш танҳо аз шумори кормандони техникӣ ба ҳисоб хоҳад рафт. Яъне вақти он
аст, ки дар Рӯзи матбуот ба заҳматҳои журналистони чандрасонаӣ аҷргузории
бештаре карда шавад. Зеро воқеан ва комилан корманди матбуотӣ ва бо ҳарфҳои
калон ЖУРНАЛИСТИ ҲАҚИҚӢ ӯст.
Маъзарат, албатта
ман мефаҳмам, ки 103 қабл аввалин рӯзномаи тоҷикӣ нашр шудаасту то ин лаҳзаҳо
чун анъана Рӯзи матбуотро ба он вобаста мекунанд. Бошад, хуб аст. Лекин агар
дунболи гузаштаро гирем, ҳамоно бояд бо ҳамдигар баҳс кунем, ки аввал мурғ
пайдо шудааст, ё тухм. Дарозии ришамон чӣ миқдор бошад, ё бо кепкаҳои ленинӣ ба
масҷид рафтан равост ё нораво. Биноан муҳимтар он аст, ки ин санаи фархундаро
дар вобастагӣ бо таҳаввулоти замон таҷлил намоем.
Гумон мекунам беҳтарин
аҷргузорӣ ва қадршиносӣ дар масири таърихи матбуоти тоҷик дар Исфарамарз ҳамин
сол рӯйи кор омад. Ва сабаб ҳам дорад. Сабаб на дар он аст, ки “просто так”
фалонӣ нисбат ба журналистон хушбин аст. Ё беҳмадониро устухонаш бо нони
журналистика шах шудааст. Не, ин тавр нест. Гап сари он аст, ки ана ҳамин
фалонӣ дар рушди журнализм дар Исфара саҳм мегузорад. Роҳ ба сӯйи
рӯзноманигории чандрасонаӣ кушодааст ва баҳри тараққиёти ин соҳа хизматҳои шоён
менамояд. Ба қавли Сайёфи Мизроб БРАВО ба ӯ, бошад, ки дигарон аз ӯ ибрат
гиранд.
Стоп! Бале,
клишашиканӣ хуб аст, ба шарте ки дар доираи клиша бошад. Ва ана ҳамин шикасти
клишаҳои кӯҳна бо риояи анъанаҳои нек имсол дар Рӯзи матбуот дар Исфара рӯйи
кор омад, ки ба он ҳамаи кормандони матбуот, қаламбадастону клавиатуразеркунон
ва фейкҳои арҷманди интернетиро муборакбод мегӯям.
Худро дар пӯсти амаки
Абдулҳакими 90 сола тасаввур намуда, дуо мекунам:
Хока гиред зар гардаду якатон ҳазор шавад. Асло рӯйи камиро набинед, ҷунгалистон!!!
среда, 4 марта 2015 г.
НАТИҶАҲОИ ИНТИХОБОТ ДАР ИСФАРА
Санаи 1-уми март дар шаҳру деҳоти Исфара чун дар тамоми ма млакат интихоботи вакилони МН МО ҶТ, Маҷлисҳои вилоятиву шаҳрӣ ва ҷамоатҳо баргузор шуд.
Бояд ёдовар шуд, ки дар Исфара як ҳавзаи интихоботӣ
оид ба интихоботи вакилони МН МО ҶТ, 7 адад ҳавзаи интихоботии Маҷлиси вакилони
халқи вилояти Суғд, 40 адад ҳавзаи интихоботии Маҷлиси вакилони халқи шаҳр ва
268 адад ҳавзаи интихоботии Маҷлиси ҷамоатҳо ташкил гардида буданд.
Дар ҳавзаи интихоботии якмандатаи «Исфара», рақами
20 оид ба интихоботи МН МО ҶТ 3 нафар номзад – Мавзуна Шарофиддинова аз ҲХДТ,
Нӯъмон Шарифов аз ҲНИТ ва Инъомҷон Аминов ба тариқи худпешбарӣ байни ҳам сабқат
карданд.
Тибқи маълумоти раиси комиссияи ҳавзаи интихоботии
«Исфара», №20 Ҳайдархӯҷа Тӯхтаев ба Мавзуна Шарофиддинова 78 ҳазору 223 нафар
(76,3%), ба Инъомҷон Аминов 13 ҳазору 430 нафар (13,1%) ва Нӯъмон Шарифов 3178
нафар (3,1%)-и интихобкунандагон раъй додаанд.
Дар раванди интихобот аз шумораи умумии
интихобкунандагони ҳавзаи «Исфара» № 20, ки 126 азору 359 нафарро ташкил медиҳанд,
102 ҳазору
520 нафар интихобкунандагон иштирок намуда, ба тарафдории Ҳизби Аграрии Тоҷикистон 13 ҳазору 362
нафар (13,03 %), ба тарафдории Ҳизби
Демократии Тоҷикистон 1349 нафар
(1,32%), ба тарафдории Ҳизби
Ислоҳоти
Иқтисодии Тоҷикистон 7 азору 689 нафар (7,5%), ба тарафдории Ҳизби Коммунисти
Тоҷикистон 1982 нафар (1,93%), ба тарафдории Ҳизби
Наҳзати
Исломии Тоҷикистон 3 ҳазору
587 нафар (3,5%), ба тарафдории Ҳизби Сотсиалистии Тоҷикистон 3 ҳазору 679 нафар
(3,57%), ба тарафдории Ҳизби Сотсиал-Демократии Тоҷикистон
423 нафар (0,41%) ва ба
тарафдории Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
65 ҳазору
244 (63,7%) овоз доданд.
Муқобили ҳамаи ҳизбҳо 2 ҳазору 102 нафар, яъне 2,05
фоиз раъй додаанд.
Шумораи бюлетенҳои ботилшуда 23 ҳазору 839
адад (18,87фоиз) ва шумораи бюлетенҳои
беэътибор дониста шуда 3 ҳазору 103 адад (3,03 фоиз)-ро ташкил додаанд.
Инчунин дар Исфара 7 нафар ба Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҲХДТ интихоб шудаанд. Теъдоди вакилони тозаинтихоб ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Исфара, даъвати панҷум чунин аст: ҲАТ - 1 нафар, ҲИИТ - 1 нафар, ҲКТ - 1 нафар, ҲХДТ - 37 нафар (аз ҷумла 4 нафар зан).
Дар 268 ҳавзаи Маҷлисҳои ҷамоатҳо низ интихобот доир карда шудаасту дар онҳо 268 вакил интихоб гардидаанд, ки 65 нафари онҳо аз ҷумлаи занон мебошанд.
Дар ягон ҳавзаи Исфара интихоботи такрорӣ гузаронида намешавад.
вторник, 24 февраля 2015 г.
МОДАРЕ, КИ ҒАМИ ФАРЗАНД ДОРАД
Ба утоқи кориам модаре ворид шуд. Модаре, ки беш аз 7 сол аз дидори
ҷигарбандаш маҳрум аст. То метавонистам бо сухан дилашро бардоштам. Нақли ин
модар - Махфират СУЛТОНОВА, омӯзгори
собиқадор, сокини деҳаи Гумбазии ҷамоати
деҳоти Навгилеми шаҳри Исфараро инҷо мегузорам.
Қазоват ба худи Шумост.
Сонитар огоҳӣ ёфтем, ки ӯ дар ҳайати яке аз гурӯҳҳо бар зидди қувваҳои ҳукуматӣ ҷангида истода будааст. Аз рӯи маълумотҳо дарёфтем, ки танҳо санаи 18-уми октябри соли 2009 5 нафар ҷавонони деҳаи Гумбазӣ дар амалиёти ҳарбӣ ваҳшиёна ҳалок гардидаанд. Оё инро «ҷиҳод» номид ва ҷиҳоди мусулмон ба муқобили мусулмон?! Акнун баҳои ҷони ин ҷавонмаргони гумроҳро ки медиҳад?
Писари ман Раҳмонхон,
соли таваллудаш 6-уми октябри соли 1977 бо як гурӯҳ рафиқонаш дар истгоҳи роҳи
оҳан ба вагонҳо боркунанда буд. Аз ҳисоби он рӯзгорро пеш мебурд. Яке аз рӯзҳо
ба ман муроҷиат кард, ки ба Ҳизби наҳзати ислом дохил шуданист.
Азбаски аз фаъолияти ҳизби
«Таҳрир» ва дигар равияҳои тундгаро воқиф будам, ба ин амали ӯ муқобил
баромадам. Аммо рӯзе вай дафтарчаи
узвияти ҲНИТ-ро нишон дода, розӣ шавед, модар гуфт. Аз сӯҳбат бо ӯ аён шуд, ки
аз номи Худову ислом истифода бурда, адолату ҳақиқатро байрақ карда, вайро ба ҳизби
наҳзат қабул намудаанд. Маълум, ки ташвиқоташон зӯрӣ кардааст.
Раҳмонхон яке аз
аъзоёни фаъоли ин ҳизб ба шумор мерафт. Барои ҳамин ӯро раиси ҷавонони ҳизби деҳа
интихоб карда буданд. Ҳар бор аз соати 7 то 9-и бегоҳӣ ҷаласаи ҳизбӣ дорем
гуфта, аз хона мебаромад. Дар маъракаи интихоботи соли 2005 ташкилоти шаҳрии ҳизб
ҳамчун нотиқ ӯро фаъолона истифода бурд. Дар ду деҳа ба сифати шахси бовариноки
номзад баромад ҳам кард.
1-уми майи соли 2006
якбора ба Федератсияи Русия рафтанӣ шуд. Ҳол он, ки ин хел ният надошт.
-Охир, писарам, дар
ин бегоҳӣ бе чиптаи самолёт ба куҷо меравӣ,-хавотир шудам ман.
-Мошин тайёр, шарикҳо
ҳаст. Масъалаи чипта ҳам ҳал шудагӣ. Шумою падарам аз фарзандон воқиф бошетон
шуд,-дилпур кард маро Раҳмонхон,-фақат модарҷон, 1-2 моҳи аввал телефон
накунам, парешон нашаветон. Ҳамин тавр, бо дили хиҷил фотеҳа додам.
Пас аз 10 рӯз гурӯҳи
террористӣ бо мақсади ғасби силоҳ ба нуқтаи сарҳадбонии Лаккон ҳуҷум оварда,
чанд сарбозро қатл кард. Аз ин ҷо шиносномаи хориҷии Раҳмонхон пайдо гардид. Чанд вақт пас ниҳодҳои қудратӣ пинҳонгоҳи гурӯҳи террористиро дар мавзеи
фурудгоҳи шаҳр ошкор сохтанд. Аз он ҷо низ шиносномаи миллӣ ёфт шуд.
Пурсиданиам, фарзанди
маро гумроҳ карда, кӣ ба ҷойҳои бегона бурд? Ӯро аз хонаву дар ва Ватан бегона сохт?
Кӣ???
Вақте ки ба бахши шаҳрии
Ҳизби наҳзат рафта, сурати фарзандамро ба роҳбарони он нишон додам, онҳо дар
ибтидо гӯё ӯро нашинохтанд. Маълум, ки рӯирост худро ба нодонӣ
заданд. Яке аз масъулони ҳизб ба ман рӯй оварда гуфт:
-Шумо омӯзгор-а?
Фарзандатона дуруст тарбия карда натавонистед,-эрод гирифт ӯ.
Аз куҷо омӯзгор
буданамро донист? Маълум, ки ӯ ва ҳамкоронаш ман ва фарзандамро нағз
мешинохтанд.
То ба ин ҳизб дохил
шудан Раҳмонхон бачаи хушахлоқ буд. Мактабро ҳам наuз тамом кард. Наход ман, модар дидаву дониста ҷигарбанди
худро ба ин кӯчаҳои гумроҳӣ тела дода бошам. Куҷост мантиқ?
Ман имрӯз ҷабрдидаи ҳамин
ҳизб ҳастам, аз он домангирам. Зеро аз номи ислом ва Худову Расул истифода
бурда, бо суханҳои болохонадор ба ҳайати худ дохил мекунанд. Ташвиқоти нодуруст
мебаранд ва ана натиҷааш, ки ман имрӯз заҳри ҷудоӣ ва ғурбат мечашам. Дигар
модарон ва ҷавононро ҳушдор месозам, ки пайвандони онҳо ба чунин ҳизбҳои ғаразнок аъзо нагарданд. Зеро оқибати нек надорад.
ИНТИЗОРИҲО ВА ҒАМУ ҒУССАИ ИН МОДАРРО ХУДАШ МЕДОНАДУ ХУДОВАНД
понедельник, 23 февраля 2015 г.
БОЗОР ВА БОЗИИ МАНФИАТҲО
Бисёр мехостам бо чеҳрае самимӣ, меҳрубон ва холӣ аз лутфҳои ноҷояву илтифотҳои болохонадори дуруғин ба як вожа “ЧЕҲРАИ ИНСОНӢ”-и масъулу масъулиятдораке вохӯрам, аммо нашуд, ки нашуд.
Симои ҳақиқии орӣ аз ҳама гуна лутфу дурӯғ ҳамоно симои тифлона будааст, ки ҳар чӣ дар дил дорад ба забон меорад ва бо беҳтарин ваҷҳ аз ҳуқуқҳои худ дифоъ месозад. Вале...
Калидвожаи симои 99 дар сади ин гуна одамакон (ман мутмаинам 100 дар сад) аз
ҳарфҳои “М”, “А”, “Н”, “Ф”, “И”, “А”, “Т” иборат аст. Чӣ ҳам метавон кард, чун замонаи
“каҷ дору марез” онҳоро чунин карда ва айби онҳо ҳам нест.
Вақте хушгӯйиҳо мекунанду худро ғамхортарин инсон нишон медиҳанд, бовар
накунед. Ин ҳамааш дуруғ, фиреби назар ва ПОНТ. Барои он луфт доранд, ки
корафтода шудаанд ва кӯмаки Шумо зарур аст, дигар ҳеҷ. Бовар надоред? Бошад.
Оё ягон маротиба масъулиятдораке, ки шиносатон аст ва ё ошноятон, ки соҳиби
мансаб аст, просто так аз ҳолатон пурсид, просто так чӯё шуд, ки чӣ кор дореду
чӣ рӯзгор? Не-да, воқеан НЕ.
Мепурсанд албатта. Мепурсанд чӣ ҳол доред ва аҳли байтатон хубанд ва идома
медиҳанд фалон беҳмадону ана ин корро бояд анҷом диҳем. Ва ин пурсишҳо одатан
мақоли халқиро ба ёд меорад: “Саломи дузд бетамаъ нест”.
Дузд салом медиҳад, то фаҳмад дар хонаатон кӣ асту анбонатон дар куҷост ва
тоифаи “болооварда” низ ҳамчунин мепурсанд сиҳатед, чун гуфтед “ҳа” ...БА ШУМО
БАРОРИ КОР! Нақшаву ниятҳои Шумо ва конце-то
концов ҷаҳони ботинии Шумо ба арзиши як пули сиёҳ ҳам нест. Яъне манфиати онҳо
бояд болотар аз манфиатҳои Шумо гузошта шавад чун...
Хоса ин гуна бозор ва бозии манфиатҳо дар ҷараёни интихобот ба зинаи олӣ
баромада. Ҳама дунболи манфиати худ, танҳо раъйдиҳандаи қаторист, ки манфиати
вазифавӣ надорад. Як манфиат дорад: ХОНААШ ОБОД БОШАДУ ФАРЗАНДОНАШ ТИНҶ.
То кадом ҳад аз ин манфиаташ пуштибонӣ кардаасту раъйи ӯ амалӣ мешавад,
санаи 2 март маълум хоҳад шуд.
Подписаться на:
Комментарии (Atom)








