четверг, 31 декабря 2015 г.

ДУЗД ДАР ЧОЙНИК


     Беҳтарин сӯҳбат сӯҳбати мӯйсафедон аст. Сӯҳбати қаймоқине, ки ҳар як ҳарфу ҳиҷояш маззаи нотакрори таҷрибаи зиндагиро дорад.

   Падарам, ки 90 сола ҳастанд, одатан вақте мо дар атрофи сандалӣ ҷамъ мешавем, чун дигар мӯйсафедон нақли солҳои гузаштаро дӯст медоранд.       
   Ҳодисаи кӯтоҳаке, ки дар поён меорам, ба солҳои баъдиҷангии 50-уми асри гузашта рост меояд.
   Ин ҳодиса дар ҳавлии бобоям рӯй дода будааст. Баъди Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз сабаби тангии рӯзгор дар маҳалла дуздӣ авҷ доштааст. Бобоям, ки рӯзгори нисбатан осудаҳол будаанд, гандумро дар осиё орд намуда, ба хона овардаанд. Аз сабаби шаб фаро расидан ордро ба сандуқ холӣ накарда, дар кунҷи ошхона гузоштаанд.
    Шаб дузд ордро ба яғмо бурдааст. Бобоям ба гапрасҳои маҳалла муроҷиат кардаанд, ки дар масъалаи ёфтани дузд кӯмак намоянд.
   Ду-се тан гапрасҳо омада, ҷустуҷӯйи дуздро аз хонаи бобоям сар кардаанд. Он замон дар атрофи одобу ахлоқи худи ин гапрасҳо низ гапу калочаҳо зиёд будаанд. Якеи онҳо ба кофтани даруни чойникҳо шурӯъ намудааст. Бобоям ҳайрон шуда, пурсидаанд:
   -Тақсир, Шумо чӣ кор карда истодаед?
    Гапрас ҷавоб додааст:
  -Шумо, ҳамсоя, дуздҳои ин замонаро намедонед. Онҳо хеле чаққон ва кордон шудагӣ. Дар ҷойҳое пинҳон мешаванд, ки ақли кас намегирад. Ман боварӣ дорам, ки онҳо дар дохили ягон чойник ё кӯза рӯст шудаанд.
    Дузд гумон мекунад, ки мо беқлем. Не, ақли мо расо, албатта дар даруни ягон чойник руст шудагист. Ҳоло ёбемаш...

"ЭЪЛОН"-И ФИКРКАРДАНӢ

     
Дар ҳаёти рӯзноманигорӣ лаҳзаҳои аҷоибу ғароиб хеле зиёд аст. Бинобар ин одатан рӯзноманигорон баъди ба нафақа баромадан ба ёддоштнависӣ мегузаранд. Ёддоштҳое, ки воқеан хонданиву ибратомӯз. Чанде аз чунин лаҳзаҳои аҷоиб дар соли 2015 дар идораи рӯзномаи “Насими Исфара” низ рӯй дод, ки якеи онро ин ҷо меорам:
     -Рӯзи сешанбе, рӯзи омода карда, ба нашр супоридани рӯзнома буд.  Ҳамаи саҳифаҳоро тайёр намуда, ба нашриёт фиристоданӣ будем, ки котиба даромад ва гуфт, марде эълон овардаасту мехоҳад, ки онро  чоп кунад. 
Мардро даъват кардем. Дар даст эълон ба утоқи корӣ ворид шуд. Эълонаш чунин буд:
        -Марди хушқаду қомат мехоҳад ҳамсари 50 солаи худро бо ду зани 25 сола иваз кунад. Телефон барои иртибот:___________
      Аз хонданӣ эълон на ханда карда метавонистему на таассуф. Зеро симои мард комилан ҷиддӣ буд ва аз он қатъияти азмаш хонда мешуд.
      Бо ҳазор забон гуфтугӯ намуда, ӯро хостем аз нияташ гардонем, аммо бо овардани талаботи қонун “Дар бораи муроҷиати шаҳрвандон” ва соҳибҳуқуқ будану озодии фитриаш якравӣ мекард ва ҳарфҳое мегуфт.
       Ман бошам, ғайриихтиёр дар хусуси синну соли ҳамсари худ фикр мекардам: “Ҳамсари ман 36 сола аст. Дар сурати иваз кардан метавонам соҳиби ду зани 18 сола шавам. Аммо..."
        Лоилоҷ дар ҳошияи эълонаш ҳамчун ҷавоб навиштем, ки “Старый друг лучше новых двух".

“АРЗИШ ДАР ПАЛТО”

   

Маҳаллае, ки дар он зиндагӣ мекунам, мисли дигар маҳаллаҳои деҳа мебошад. Чизи фарқкунандае надорад. Ҳама як дигарро хуб мешиносанд, дар ғаму шодӣ шариканд. Ба тариқи худ дӯст медоранд ва бад ҳам мебинанд. Риштаи дӯстиашон низ маҳз дар ҳавои маҳаллаамон шакл гирифтааст.
        Дар ана ҳамин маҳаллаи мо ду дӯст зиндагонӣ мекунанд. Ба ҳадде ба ҳам наздиканд, ки гумон мекунед, яке сояи дигаре аст. Дар маъракаҳо ҳамтабақу дар гапхонаҳо ҳамшафат ва дар сӯҳбатҳо ҳамсабақ. Ҳатто нахустҳарфи номашон низ дар “Алифбо” пешу қафост: М. ва Н.      

     Чӣ шуду чӣ монд, ки каси калони маҳалла чорабиние кард. Ба он одамони намоён даъватӣ буданду дар қатори онҳо М.ва Н. низ.  Дастҳоро шӯстанд ва хостанд, ки ба ошхӯрӣ дароянд. Н. худро ҳамчун марди маданӣ нишон доданӣ шуда, ба М. таклиф дод, ки биё палтоҳоямонро кашем, бафурҷа мешинему озодона.
       М. ин таклифро аҷиб донист ва посухи аҷибтар дод:
-Ҳамаи арзиши мо дар ҳамин палтост.
   То кунун Н. сар мекафонад, ки М. арзиши палто гуфта, қимматбаҳои будани онро дар назар дошт, ё...


среда, 30 декабря 2015 г.

"ПАРРАНДАИ ХУШХОН"


       Ният карданд, ки намоишгоҳи паррандагони хушхонро  доир кунанд. Ба ин хотир аз ҳамаи гӯшаву канор дархости овардани паррандаро намуданд. Як шиносамон мурғ ҳам парранда асту шутурмурғ ҳам гӯён хост ба ин намоишгоҳ паррандае барад. 
  Бо нияти холис ва фикрҳои пасипардагӣ уқоби шикории ҳамсояамонро ба орият гирифта, ба ин намоишгоҳ бурд. Вақте уқоби шикориро ба намоишгоҳ овард, ҳамаи паррандагони хушхон ба даҳон об гирифтагӣ барин садо набароварда, баръакс худро ба гӯшаи қафас мезаданд.

Намоишгоҳ ҳеҷ шуд, аммо шиносам дар куртааш намеғунҷид, ки беҳтарин паррандаро ӯ овардааст.


понедельник, 28 декабря 2015 г.

МУноСИБАТ
Як шиносамон аз муносибати атрофиёнаш ҳикояте кард. Онро инҷо меорему номи шиносамонро ҳамтуякак С. мегӯем.
С. номзадии худро ба раисии комитети маҳалла гузоштааст. Рӯзи интихобот. Аксар ҳамсоягону хешу табор дилпураш  кардаанду гуфтаанд:
-Парво накунед, Худо хоҳад, шумо раиси комитет. Овозамонро ба Шумо додем.
Имоми маҳалла ҳам омада, ин гапро мегуфтасту арбобу сӯфӣ ҳам.
Вақте овозҳоро шуморидаанд, маълум гаштааст, ки як овоз гирифтааст. То ҳол ҳайрон аст, ки агар аз байни имом, сӯфӣ, ошпаз, арбоб ва ё ду-се гапраси маҳаллаву "мо ба Шумо овозамонро додем" гуфтаҳо як нафар ба тарафдории ӯ овоз дода бошад, пас худи С. ба тарафдории кӣ овоз дод?

четверг, 22 октября 2015 г.

РӮЗНОМАРО БОЯД ОБОДТАР КУНЕ(а)М!!!

   
 Сафари кори Сарвари давлат ба вилояти Суғд, маҷлис бо фаъолони вилоят, задаи асосии гуфтори Президенти Тоҷикистон: ободонӣ ва ҳиссагузорӣ дар он. Ҳарфҳое, ки касро ба андеша водор мекунанд, ки оё ҳамаи имкониятҳояшро истифода бурдааст барои ободониву пешрафт ва ё не? Дигаронро намедонам, аммо худамро медонам, ки не...

     Тайи панҷ моҳ аст, ки масъулияти сармуҳарририи рӯзномаи “Насими Исфара”-ро бар ӯҳда дорам. Фурсате, ки шояд аз як равзана барои мутобиқи замона кардани рӯзнома кам бошаду аз даричаи дигар хеле мувофиқ ва аз нигоҳи саввумӣ зиёде, ки зиёд. Баҳс карданӣ нестам, зеро ин мӯҳлат, яъне панҷ моҳ дар зиндагии ҳар мавҷудотеву даричаи нигоҳе ҳар гуна аст, лек чӣ тавре мегӯянд “Ҳар касро дар тарозуи худаш бар мекашанд...”
        Тӯли панҷ моҳ чӣ коре кардам, аниқтараш кардем? Намуди берунӣ ва утоқҳои корӣ бо дастгирии аҳли назар таъмир шуд. Дар назди бинои идора байрақчаҳои даъватию рекламавӣ насб гардид. (Баъзеҳо ин байрақчаҳоро нишоне аз империализм маънидод карданд). Дар радиои маҳаллӣ бо дастгирии аҳли эҷоди он сархати шумораи нави рӯзнома пешкаш карда мешаваду ролики даъватӣ ба обуна омода пахш. (Дар буҷаи рӯзнома ин корҳо пешбинӣ нашудааст).
   Ҷиҳози ҳуҷраи кориро ба табъи худ мувофиқ ҷобаҷо кардам, ҳарчанд на ба ҳама писанд аст. Бигузор чунин бошад, зеро дар масъалаи ба кӣ чӣ писанд аст, баҳс намекунанд.
     

Дизайни рӯзномаро низ тағйир додем ва он такмил мехоҳад. Дар чаҳор саҳифа ҳамачиро ғунҷоиш додан мумкин нест, гарчӣ Толстой гуфта: “Кӯтоҳбаёнӣ хоҳари истеъдод аст”. Аз ин рӯ аз хонандагон маъзарат мепурсам, ки шояд на ҳамаи онҳо дар ҳар шумораи рӯзномаи мо ба худ чизи хондание пайдо карда метавонанд. Дар ояндаи наздик бояд саҳифаҳои рӯзномаро зиёд кард...
      Маъракаи обуна аст. Ба онҳое, ки дар ин маърака моро, аз раиси шаҳри Исфара сар карда дастгирӣ доранд, миннатпазирем. Талош дорем, онҳое, ки дар ин ҷода чун гуфтори коммунистона “байрақбардор” ҳастанд, хушк намонем. Аксия эълон кардем, ки нафарони фаъоли маъракаи обуна ҳавасманд карда мешаванд.
    

 Шояд ба Шумо дурӯғ бошад, аммо ба Худои боло сар рост, бизнес-план дорем, ки дар оянда чӣ бояд карду чӣ иқдомеро бояд анҷом дод. Ҳис мекунам, корҳои зиёде ҳастанд, ки бояд иҷро кард ва вазифаи мост, ободтар кардани рӯзнома ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар он. Зеро ин кори Президент, раиси вилоят, раиси шаҳр, ё ягон соҳибкор нест, ин кори мост ва мо бояд иҷрояш кунем. Шароит муҳайё шудааст, бояд амал кард. Дар ин самт дар лексикони худ ҷанозаи калимаву ибораи “наметавонам” ва “ин кори ман нест”-ро хондаам. Агар гӯйӣ, ки натвонам, бирав биншин, ки натвонӣ...
    Ҳоло на ҳамаи имкониятҳо истифода бурда шудаанду на ҳамаи муносибатҳо ҷои худро ёфтаанд. Зеро аз нигоҳи ин тараф рӯзномаи маҳаллӣ ба ғайр аз воситаи таблиғотӣ ва паҳнкунандаи сиёсати ояндасоз будан инчунин молест, ки бояд ба бозори иттилоот бароварда шаваду харидор ёбад ва илоҷаш бошад, дар ин бозор “пояш ба замин нарасаду даст ба даст шавад”. Дар ин кор ба ғайр аз қаламбадасту менеҷер будан, инчунин маркетологу фурӯшанда будан зарур аст. (Зеро вазъи молӣ имкони ҷалби мутахассисро надорад ва зарурат ҳам нест).


Оё аз дасти ман ин ҳунарҳо меояд, инро вақт нишон медиҳад. Лек хуб медонам, ки вақтро ба манфиати худ барои ободии рӯзнома истифода бурданам ҳатмист!  

вторник, 21 июля 2015 г.

БРАВО, "ДАРОЖНИК"

Дар маҳаллаи мо Ҳомидҷонҳо зиёданд. То лақаби онҳоро нагиред, кас сарфаҳм намеравад, ки сухан бобати кадом Ҳомидҷон меравад, Ҳомидҷони “гӯрков”, Ҳомидҷони “бачақапак”, Ҳомидҷони “дарожник” ва ё дигар Ҳомидҷон. Лақаб ба Ҳомидҷонҳо беҳуда начаспидааст. Балки ифодагари кору амал ва хислату хусусияти онҳост. Ин ҷо мехоҳам дар бораи яке аз ин Ҳомидҷонҳо – Ҳомидҷони “дарожник” нависам.


Ҳомидҷони “дарожник” дар ҳамсоягии бародарам зиндагӣ мекунад. Бобову бобокалонҳояш аз мардуми соҳибилм буданд. Ба ҳадде, ки яке аз масҷидҳои панҷвақтаи деҳаи Чоркӯҳ ба номи бобояш – Домулло Абдухаллоқ номгузорӣ шудааст. Худи    Ҳомидҷон бошад, илми казоии динӣ надорад ва ба гуфти модаркалонам дар илми “совет” низ қаторӣ мебошад. Худованд ба ӯ илм надода бошад ҳам, аммо соҳибамал гардонидааст. Даррав ба ёдатон раисӣ наояд, амали ӯ болотар аз раисист. Кораш таъмири роҳи Исфара – Чоркӯҳ буд.  Навҷавон будем, субҳи барвақт вақте мардум аз масҷид ҷониби хонаҳояшон мешитофтанд, ӯ сӯйи роҳи калон мерафт, зеро қиблаи оромишаш ободии роҳҳо буд. Дар сари китфаш бел буду дар миёнаш порае нон. Андеша мекардем “аз субҳи содиқ то намози шом” ният кардааст, ки ба мардум хизмат кунад. Ҳарчанд дигар ӯро дар роҳҳо намебинам, аммо бо ҳамин симои хоксоронаву омиёна дар лавҳи хотирҳо нишастааст.  Гумон мекунам аз ҳама бештар дар ҳаққи ӯ дуо кардаанд. Дуои самимӣ ва холӣ аз риёву чоплусӣ. Вақте ба чеҳраи дар офтоб сӯхтаи ӯ нигоҳ мекунед, бе ихтиёр ҳақиқати зиндагиро ҳис менамоед. Ҳис мекунед, ки бояд касби худро аз таҳти дил дӯст дошт, барои иҷрои кору вазифа масъул бояд буд ва барои “показуха” набояд фаъолият бурд. Барои ӯ саису раис дар як сатҳ буданду муҳимтарин арзиш одаму одамгарӣ ба ҳисоб мерафт. Баъди анҷоми кор дар қади роҳ меистод ва бо ишораи даст мошинеро манъ намекард. Балки интизори микроавтобусҳои хатсайр мегашт. Чеҳрааш ба ҳамаи равандагони роҳи Исфара-Ворух шинос буд ва ҳама аз мусофир шудани ӯ дар нақлиёташон худро хушбахт ҳис менамуданд.  Гӯё ҳамроҳи ӯ дасти Худоро медиданд.
-Ман мегӯяд, -Ҳомидҷон, - аз соли 1991 инҷониб ба таъмири роҳҳо машғул шудам. Соли 2012 бо сабаби маъюбӣ ба нафақа баромадам. Дар давоми 21 соли корам ягон бор “кори ману кори ту” накарда, кори иҷро менамударо ба сомон расонидам. –Инро бинед, - давом медиҳад суханашро акои “дарожник”-и мо, - мумкин таъмири роҳ ва пур кардани чуқурчаҳои он барои баъзеҳо кори беҳуда намояд. Аммо ман ҳис мекунам, ки ин беҳуда нест, ба шумо не, ба ваё, ба ваё не ба каси дигар фоидаам мерасад-ку. Ҳеҷ набошад, роҳ ҳамвор шавад, равуои мусофирон роҳаттар мегардад, ҳамту не.
Бале, ҳамту, акои Ҳомидҷон. Шумо депутат нестед, аммо бештар аз вакилони мардумӣ мардумитар будед, беҳизбеду аз мо барин ҳизбиён мардумсолортар. Агар шоирона гӯям: Каъбаи умедатон халқ буду бас.
Абдуллоев Хайрулло, устои роҳи қитъаи Исфара – Ворух, нисбати қаҳрамони мо – Бобоев Ҳомидҷон мегӯяд:
- Ҳомидҷон одами қобил буд. Новобаста аз маъюбии худ талош мекард, ки дар ҳамвор кардани роҳҳо ва таъмири он ҳисса гузорад. Ин гуна шахсон ангуштшуморанд. Се сол мешавад бо сабаби саломатӣ дар нафақа асту ҳамроҳи мо нест, лекин холӣ будани ҷояш ҳоло ҳам эҳсос мегардад.
Шамсиалиев Абдуқодир, сарвари ҶДММ “Танзим” илова мекунад:
-Дар роҳ будани Ҳомидҷон ва ба таъмир машғул шудани он кас барои ронандагон фоли нек буд. Ҳис мекардем,  рӯзе, ки ин марди меҳнатӣ машғули кор аст, он рӯз кушоишу сафои дил ҳамсафари мост. Ӯро як ҷузъи рӯзгори ронандагӣ мепиндоштем. Агарчӣ ягон бор сари чанбари мошин нанишастааст, аммо сирри дили ронандагонро медонисту дарк мекард, ки роҳи ҳамвор боиси осудахотири мусофирон мебошад.
 Браво, акои Ҳомидҷон Бобоев, ё ба қавли халқ Ҳомидҷони “дарожник”. Роҳҳо таъмир шуда истодаанду валангор, валангор шуда истодаанду боз аз сари нав мумфарш. Нақлиёт зиёд шудаву теъдоди раҳакиён афзудааст. Аммо чеҳраи офтобхӯрдаатон бо либоси махсуси роҳсозону бел ҳамоно як ҷузъи ҷудонашавандаи он аст. 

Дар кӯчароҳи хотирҳо аломати роҳ шудаед – аломати масъулиятшиносиву меҳнатқаринии роҳсози тоҷик!!! 



среда, 10 июня 2015 г.

ЛАҶОМИ СУХАН НЕ, 

ТИЗГИНИ ГАП ГӮЕД!

Ман журналистам. Дар васоити ахбори чопӣ кор кунам ҳам, камтарак таҷрибаи фаъолият дар телевизионро дорам. Замоне дар телевизиони маҳаллӣ барномаҳои “Зан ва мард”, “Масъалаи рӯз” ва “Ташреҳ”-ро мебурдам. Он вақт ва ҳоло низ оид ба мушкилии омода сохтани тарҳи як барнома андеша ҳам накардаам. Зеро ин пешаи ман буду ҳаст ва онро бо муҳаббат иҷро мекунам. Гуфти русҳо, “оказывается» мушкил будааст. Мушкил будааст таҳияи сенарияи як барнома, дарёфти қаҳрамонони он, ба иштирокчиён фаҳмонида додани умқи масъала, дизайни студия ва ғайраву ва ҳоказо. Ба хусус мушкилтар мешавад чун ноогоҳе ба Шумо самти огоҳӣ нишон диҳад.  Да... 
Алҳол омодагӣ ба ташкилу гузаронидани як мизи гирдаке дар мавзӯи наонқадар печидаву баҳсбарангез идома дорад. Барнома бояд рӯзҳои наздик наворбардорӣ шавад. Тайёрӣ ба он бо ҷалби ҳамаю ҳама чиз  ҳафтаест, ки идома дорад ва ман низ яке аз ҳамон сафарбаршудагон ҳастам. Аниқтараш мо журналистонро омода карда истодаанд чӣ тавр сухан гӯему чӣ тавр шеваи рафторамон бошад. Аслан намехоҳанд номи мо ва ё чеҳраи мо дар ин гуна маҳфилҳо бошаду расонаӣ шавад, аммо чорае надоранд. Гӯё чорасози дигаронанду дар илоҷи кори худ бечораанд. Э ҳа, аҷаб дискусия дорем дар раванди омодагиҳо. 
Ин албатта ҷойи аҷобат надорад, ба шарте як нуктаро сарфи назар накунем. Нуктаеро, ки чӣ тавр соли 2007 барномаи 20 дақиқаи маро дар нисфаш қайчӣ зада буданд, қайчии маъмурӣ. Онҳое, ки ҳамон вақт барномаи “Зан ва мард”, ки муаллиф ва барандааш каминаи камтарин буд, нагузоштанд дигар пешкаши бинанда шавад, имрӯз сар мекафонанд оиди чӣ тавр гузаронидани як мизи мудаввари телевизонӣ. Воқеа ин тавр буд:
   Соли 2007. Дар телевизиони маҳаллӣ барномаи “Зан ва  мард”, ки аз мушкилот ва муносибатҳо ҳикоят мекунад, рафта истодааст. Дар нисфи барнома занг зада, талаб мекунанд, ки барнома боз дошта шавад ва қисмати боқимондаи он манзури бинанда нагардад. Ноилоҷ барнома боз дошта шуд. Рӯзи дигар комиссияи бонуфуз ташкил карда, омаданд то барномаро майда- майда таҳлил кунанд. Дар комиссия киҳое шомил набуд... ҳамаи бузургони идеологии ҳамонвақта!!!
Қисса кӯтоҳ айб ёфтанд, айби ногуфтанӣ ва бузургтар аз ин айб ҳам шояд набошад. Камбудӣ ҳамин будааст, ки ман дар рафти барнома ибораи “лаҷоми сухан”-ро истифода бурдаам. Вақте эътироз кардам, ки пас чӣ бояд гуям, гуфтанд:
-Тизгини гап гӯед, тизгини гап...чуваки ҳама мефаҳмад...

Ана ҳамин тавр, онҳое, ки лаҷоми суханро бо тизгини гап иваз карданӣ  буданд, имрӯз  "тизгин"-и маро гирифтанианд чӣ бало??? Лек сахт хато мекунанд!!!

воскресенье, 17 мая 2015 г.

ТАРС

Биёед кӯдакиамонро ба хотир меорем. Шахсан вақте ман кӯдак будам, чун хобам намебурд, ё беодобие мекардам, худо раҳматӣ модаркалонам мегуфтанд:
-Хоб кун, набошад туя ба гург медиҳам, мехӯрад. Ана аҷӣ омаду ана биҷӣ...
Ё ҳамон шеърро аз фолклори халқӣ мехонданд :
Ку-ку пас, сандалӣ пас,
Хап хоб рав, гург омад, бо арғамчин мезанам...

       Вақте калонтарак шудаму мактабхон ҳамин тарсондан дигар хелтар сурат мегирифт. Муаллим талабаҳои сустхону шӯхро танбеҳ медоду ҷанг мекард. Ба қавле ҳаракат менамуд алови чашми бачаҳоро гирад. Ҳарчанд дар мактаби замонавӣ мехондем, аммо усулҳо ҳамон “Мактаби кӯҳна”-ро ба хотир меовард. Тарсонидан, ҷанг кардан, “ҳайфи ту” эълон намудан, то ки мо донишманду оқил ба воя расем.
    Чун падарам аввалин маротиба маро назди домуллои маҳалла барои саводи динӣ баровардан бурданд аз гуфтаҳои китоб ёдовар шуданд: устухонаш аз ману пӯсту гӯшташ аз Шумо. Гумон мекунам, падарам, ки шахси босавод ва аҳли мутоила ҳастанд, ин ибораи падари устод Айниро бесабаб наоварда буданд.
    Охирҳои солҳои 80. Насими бозсозӣ мевазид. Дар қатори ҳамсолон масҷидравакон мекардем. Аз амри маъруфҳои муллоён баҳравар мешудем. Ҳамаи ин амри маъруфҳо он вақт ва имрӯзҳо ҳам бо маъноҳои аз Худованд тарсонидан, дар оташи дӯзах насӯхтан, аз азоби қабр, пурсиши Мункару Накир ҳаросон шудан  анҷом меёфт.
     Солҳои донишҷӯӣ аз ҳама бештар аз муаллимони бадқавоқу  ҷиддисимо ҳарос доштем. Вақте суроби ин гуна муаллимонро медидем, ба худ меандешидем: Аз санҷиш ва имтиҳони ин муаллим чӣ гуна мегузашта бошам?!
    Имрӯзҳо низ дар фаъолияти корӣ баъзан маро аз номи дигарон тарсониданӣ мешаванд. Мегӯянд: агар фалонӣ фаҳмад, тамом, корат расво... Инчунин дар раванди фаъолият бисёр роҳбаронеро дучор шудам, ки аз сояашон кормандон дарақ-дарақ меларзанд. Усули роҳбариашон тарсонидан аст.
     Моро дар кӯдакӣ аз аҷӣ, биҷӣ метарсонданду дар мактабхонӣ муаллимон бо бад-бад нигоҳкуниву шаппотизаниҳо ва дашному тофтани рӯямон мехостанд, алови чашмамонро гиранд. Муллоҳоямон мудом дар дили мо аз Худованд, аз оташи дӯзах, аз пурсиши Мункару Накир, азоби қабру Рӯзи қиёмат ҳарос меандозанд. Дар иҷрои кор одатан моро аз номи раисамон ларзон карданӣ ҳастанду аз гапи мардум. Ҳамин усулҳои аҷоиби тарбияву тарсонидани мост, ки аз мурдан сахт метарсем. Метарсем, ки намирем, зеро маргу мир дар назари мо даҳшату ваҳшат аст.
   Яъне, меҳвари тарбияи мо ТАРС аст. Моро дар рӯҳияи тарсончакӣ тарбият карданӣ мешаванд. Дар ҳоле, ки набояд ин тавр шавад.
    Бояд дар кӯдакӣ тифлони мо хоб кунанд, на аз тарси аҷию биҷӣ, балки аз зиёд хандаву бозӣ кардану шод шуданҳо, омӯзгорон бо тарсондан не, бо ҷой додани илм дар диламон аз мо донишманд ба воя расонанд. Муллоҳоямон ба ҷойи тарсондан аз Худованду ким-чиҳои дигар хуб мешуд, меҳри худовандиро дар дилҳо ҷой мекарданд.
   Шарт нест аз раисон тарсонидан, балки бояд гуфт меҳрубонтар аз раис нисбат ба зердастон касе нест ва мо раисро эҳтиром мекунем на ба он хотир, ки аз ӯ метарсем, балки аз он ҷиҳат ки инсони комил аст, дардамонро мефаҳмад, мададгорамон аст, барои бархе бародари калонисту барои дигаре шахси ғамхор...


    Магар вақти он нест, ки ба тарбият ва тарсмеҳварӣ таҷдиди назар кунем? Зеро вақте тарс ба мо бегона мешавад, он гоҳ аз мурдан касе нахоҳад тарсид. Марг ваҳмангез нест, балки лаҳзаи аз ҳама ширин аст, зеро оғози дидорбинист. Аввали пайвастан ба Ҳақ, беҳтарин воситаи расидан ба оромиш аст.

суббота, 16 мая 2015 г.

ФАҲМИШ


    Бегоҳи ҷумъа. Дар маҳаллаамон таъзия шуда буд. Занак ош пухту дар доираи русуми ҳаммаҳаллагӣ ошро гирифта, ба таъзияхона рафтам. Як хона одам. Баъди адои намози шом ва тановули хӯрок яке аз соҳибилми маҳаллаамон оид ба фарзҳои Худованд амри маъруф намуд. Барои тасдиқи гуфтаҳояш ҳар замон мисолҳо меовард. Вақте гап сари наздикшавии моҳи шарифи Рамазон оид шуд, гуфт:

     -Мана соли гузашта, нисфи мардуми Чоркӯҳ дар боғхушкунӣ буданд. Аз дусар ба гармии ҳаво тоқат карда натавониста, рӯзаашонро аксарият хӯрданд. Имсол чӣ? Ҳосилро хунук зад. На зардолуи дуруст ҳасту на боғхушкунӣ. Сабаб чӣ? Рӯзахӯрии баъзе бародароя дида,  қаҳри Худованд омаду имсол офатро фиристод...

     Шояд мулло дуруст мегуфт. Бардоштеро иброз кард, ки дар объективи ақлаш ҷой гирифт. Дунболи маънидодкуниҳои догматикӣ рафт. Маънидодкуние, ки ҷавҳарашро тарсонидан  ташкил медиҳад, на меҳру муҳаббат. Гарчӣ оғози каломаш “бисмиллоҳир раҳмонир раҳим” буд. ТАЗЗОД, ҳамту не.

       Баъди ин гуна маънидодкунӣ вожаҳои тиллоии акои Иқбол ба хотир расид. Вожаҳое, ки воқеан тиллоианд ва касро ба некназариву некбинӣ ҳидоят мекунанд. Андешидам, ҳамин ҳолатро дигар хел ҳам маънидод кардан мумкин аст. Масалан:

     
 -Медонед бародаро чаро имсол ҳосили зардолу кам аст ва ё дар баъзе ҷойҳо умуман нест? Зеро ин раҳмати Худованд аст на офати Ӯ. Ба он хотир ки мавсими боғхушккунӣ ба моҳи шарифи Рамазон рост меояду Худованди меҳрубон намехоҳад бандаҳояш азоб кашад. Ҳам азоби ҷисмониву ҳам азоби рӯҳӣ. Вобаста ба саволи он ки зардолу нест, он қиммат аст, акнун чӣ мешавад, ҷавоб ҳамин ки ризқ азалист. Бо зардолу ҳам банда ризқашро мебинаду бе зардолу ҳам...


Зинда бошед Иқболако 
бо вожаҳои тиллоиятон: 
НЕКНАЗАРу НЕКБИН бояд шуд, то ХУШОЯНД гардад.

четверг, 14 мая 2015 г.

САРамро наХӮРед

     
   Чанд соле қабл вақте ба оне, ки худро идеологи рақами яки Исфара мешуморид (ҳоло ҳам мешуморад) гуфтаи машҳури аз як журналист 10 вазир сохтан мумкин асту аз даҳ вазир як журналист неро гуфтам, дар ҷавоб тамасхуромез изҳор дошт:
-Агар як вазир хоҳад сари даҳҳо журналистро мехӯрад.
Баъди ин посухаш аз ӯ канора ҷустам, зеро сарам бароям азиз аст ва намехоҳам касе онро хӯрад, хусусан ӯ.
* * *
Сари  навиштаи худ бо яке аз саромадони идеологияи Исфара баҳсе доштам. Баъди эродгириҳои дуҷониба савол дод:
-Журналист чӣ мазмун дорад?
Гуфтам:
о забони фаҳмишиатон баён кунам хабаркаш.
Гуфт:
-Мазмуни дигараш ҳам ҳаст ва он иғвогар!
Хандидаму чизе короӣ дар ҷавобаш нагуфтам. Аслан ба ҷойи ханда гиря карданам мебоист. Ҳам ба ҳоли худам ва ҳам аз бардошти саромади идеология. Ва сахттар аз ҳама ба ҳоли чунин идеяпардозӣ.

Аз ин ду ҳодиса хулоса кардам: идеологҳои воқеӣ ба мисли шоирону нависандагон истеъдоди фитрӣ бояд дошта бошанду аз модар идеолог тавваллуд шаванд. 


НА-МЕ-ФАҲ-МАМ  

(Он қадар беақл ҳам нестаму...)

   
 “Рӯди ман, олам дигар шуд, ту ҳамон астӣ, ҳамон...”
  Ин мисраи машҳури устод Турсунзода, шахсе, ки ҳар рӯз мебинемаш, тавассути он муомила анҷом медиҳемаш ҳоло низ актуалист. На ба он хотир ки Исфарарӯд ҳамон аст, билкул не. Исфарарӯд ҳамон нест, хурд шудааст, кӯчак шудааст, қирғизу тоҷикро ба бозӣ даровардаасту ҳарчанд моли ҳама аст, аммо тӯдае айни худ карданианд. Ва рӯди Турсунзода низ, онро Турсунзода “рӯди ман” гуфтааст, лек рӯди инфиродии ӯ нест, балки рӯди умум аст. 


Ва мутасифона ҳарчанд олам дигар асту корбарӣ бояд дигар шавад, лек амалкарди иддае дар рӯёрӯи таҳаввулоту бархӯрдҳо ҳамон аст, ки ҳамон, ранги рӯди Турсунзода. О, ҷанобон! Мо дар асри 21 зиндагӣ дорем, мегардед баъд дунболи мулоқоту вохӯриҳо бо фаъолоне, ки танҳо рисолаташон каллаҷунбонист. 
    То кай медавед аз кӯчае ба кӯча, аз мактабе ба мактаб даста-даставу гурӯҳ-гурӯҳ. Аниқтараш намедавед, балки ҳамон бечора муаллимонрову кормандони соҳаи тандурустии маҳаллиро, э равед, ки аҳли зиёи нохунакиро медавонеду худатон дар кабинети муаллим ё амалдори музофотӣ менишинед. Ва дар фарҷом баста-баста ҳисобот медиҳед: итари кардем, утари кардем, онтарии дигарро низ. Ҳамон ҳисоботатон ҳам қолабист. Ҳарфҳо якесту танҳо рақамҳо тағйир меёбанд. Барои Шумо, мутаассифона, ба мисоли ҳамин рӯд пешравии кор, пешгирии амалҳои бад муҳим нест, муҳим рафтан ба маҷрои худ ва дидани дигарон, яниқтараш дидани РАИС рафтани Шуморо.
    Эътироз карданиед? Мисоли зинда: масъалаи ташвишовар ҳамин хатари ДИИШ ва дигар ҳизбу ҳаракатҳои тахрибкор ба ҷавонони мо. ДИИШ чӣ кор мекунад?
     24 соат тавассути шабакаҳои интернетӣ корбарӣ мекунад. Ба гуфти  директори Академияи маҷозии «ТИК барои рушд» Асомиддин Атоев дар ҳоле, ки созмонҳои гуногуни экстремистӣ ва террористӣ дар як шабонарӯз 24 соат фаъолият намуда, ҳадафҳои худро миёни истифодабарандагони сомона ва шабакаҳои гуногуни интернетӣ таблиғу ташвиқ менамоянд, дар як шабонарӯз 8 соат мубориза бурдани ҳукуматҳои кишварҳои олам ба муқобили ин гурӯҳҳо аз дидгоҳи мантиқӣ хеле ночиз ва камсамар мебошад. Зиёда аз ин, гурӯҳҳои мазкур айни замон аз технологияҳое истифода менамоянд, ки баъзе давлатҳо ҳанӯз дар фикри ба даст овардани онанд.
        Суханаш ҷон дорад! Як пурсиш ё мониторинг оид ба дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоӣ дар байни ҷавонон ва кормандони идеологӣ гузаронед, масъала равшан хоҳад гашт (бадбахтона дастгоҳи идеологии мо то кунун мониторинги созе оид ба ин масъала нагузаронидааст ва ё гузарониданӣ ҳам нест). Равшан мешавад, ки ҷавонони кӯча бештар бо олами маҷозӣ - интернет фарогир ҳастанд нисбат ба расонандагони идеология. ПАРАДОКС!!!
    Э идеологҳои мӯҳтарам! То кай дунболи худнишондиҳиву ПОКАЗУХА меравем. О намешавад, ки каме аз пеши худ барои пешрафти ҳамин ҷомеа ва пешгирии амалҳои ифротиву шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои бадкор фаъолият намоем. Аз усулҳои пешрафта ва тақозои замон истифода кунем. Ё ба гуфти як соддаяки ҳаммаҳаллагиям – ҲИКӢ ақлатонро кор фармудан ба Шумо ҳаром аст!!! НА-МЕ-ФАҲ-МАМ!!!

      ТАВБА! Магар ба даҳони Раис нигоҳ карда нишастанамон зарур аст, ки кай ба ин ё он масъалае, ки иҷроияш вазифаи ҷонии мост, дахолат мекунанд?


пятница, 24 апреля 2015 г.

САТҲИЯТ


Яке аз собиқон дар омади гап реплика мепартофт: сатҳ-дия, сатҳ. Ин репликаро ӯ ҳарчанд танҳо ба як маънӣ кор мефармуд, аммо дар нақлҳои зер ҳамин сатҳият дар сатҳҳои гуногун дида мешавад.


САТҲИ 1

Соли 201... буд. Баъди ҷамъбасти маҷлиси фаъолони шаҳр моро зарур афтод дар заминаи маърӯзаи суратгирифта мусоҳибае ташкил кунем. Баъди ташкили мусоҳиба яке аз ҳамкорамон хост онро бо маърӯзачӣ мувофиқа кунад. Бо дидани далелҳои дар мусоҳиба оварда маърӯзачӣ ҳайрон шуд ва гуфт:
-Наход ҳамин гапҳоро ман гуфта бошам?
Вақте чун далел ҳисоботи ӯ пешниҳод карда шуд, ҳайрон монд ва гуфт:
-Фалониро даъват кунед ин рақамҳоро ӯ медонад. Ҳисоботро ҳамон тайёр кардааст.

САТҲИ 2

Дар гурӯҳи фейсбукии “Насими Исфара” иттилое дода шуд. Дар он аз ҷумла сухан бобати рақамҳои омориву соҳаи иқтисодиёт мерафт. Яке аз иштирокчиён вобаста ба рақамҳо пурсише кард, ки нисбат ба рӯзноманигорон дида, ба иқтисодчиён рабт дошт. Аз масъули иқтисодиёт хоҳиш кардем, то ба пурсиш ҷавоб диҳад.
Хайрият, посухи ӯ ҳамин буд, ки як даромаду хабар гирифту баромад. Нуқтаеро ҳам нагузошт. Маҷбур дар доираи фаҳмиши рӯзноманигорӣ посухи пурсандаро додем.
Намедонам, иқтисодчӣ худаш иқтисодиётро нафаҳмид ва ё ҳоҷати ҷавоб додан нахост. Ба ҳар ҳол хулосаи мо ҳамин буд, ки ҳар кас сатҳи худро дорад.

САТҲИ 3

Соли 2011 буд. Ба саршавии маҷлис 10 дақиқа монда буд. Раис ба ман занг зад (Он вақт дар дигар идора низ ба ҳайси маъмур низ фаъолият доштам). Ҳарфе нагуфту гӯширо монд. Баъди андаке арақшор ба маҷлисгоҳ ҳозир шуд.
Пурсидам:
-Чаро шитоб кардед?
Ҷавоб дод:
-Вақте ба Шумо занг задам, овози гимн садо дод, гумон кардам, маҷлис сар шудаву дер мондаам.
Раис фаромӯш кардааст, ки ҳангоми ба телефони ҳамроҳи ман занг задан суруди миллӣ хоҳад шунид. Ба ҳар ҳол дар он солҳо хамин гуна расм буд дар телефонҳо.

САТҲИ 4

Чор – панҷ сол пеш. Масъалаи гирифтани ҳайкали Ленин ба миён омад ва дар байни масъулин баҳсу мунозираҳо сурат гирифт.
Яке аз масъулини баландпояи ҳамонвақта бо масъулияти том гуфт:
-Ҳоҷат ба гирифтани ҳайкали Ленин ва гузоштани ҳайкали нав нест. Беҳтараш каллаи Ленинро канему ба ҷояш каллаи ягон шоири классикро гузорем. Ҳам хароҷот камтар мешаваду ҳам ташвиш.

САТҲИ 5

Охири солҳои ҳафтодум. Аҳмадҷон Хисомутдинов котиби якуми хизби коммунисти шахр Судуриддин Маҳкамовро даъват намуда, ба ӯ вазифаи баландро пешниҳод мекунад. (А.Ҳисомутдинов бо русӣ ҳарф мезад).Судуриддин Маҳкамов дар ҷавоб баъди изҳори сипос намудан мегӯяд:- Если бы все работали на своём месте, тогда появилось бы очень много свободных мест.

Хуллас, агар ҳама аз руи истеъдод ва касби худ кор кунад, боз нафарони зиёде соҳиби ҷойи кор мешуванду ниёзе ба универсалшавии бархе намемонад. 
 

среда, 22 апреля 2015 г.

ШУБҳА

         
        Имоми маҳалламон худо раҳматӣ Домулло Мухтор дар намозу маъракаҳо дуо мекарданд ва дар таркиби дуояшон меомад: “Худованд аз гумону шубҳа ва тӯҳмати ноҳақ, балои ногаҳон нигаҳ дорад, омин!”

      Мо кӯдакони солҳои ҳаштод ба ин дуои Домулло Мухтор аҳамияте намедодем ва масҷиду маъракаҳо он вақтҳо барои мо шинохти мардум ҳисоб меёфт на андешаи суханони шунида. 
      Умуман дар он замон оид ба балои ногаҳону шубҳаву тӯҳмати ноҳақ касе ба гӯшаи хаёл ҳам намеовард. Зеро ба гуфти модари раҳматиям “замони серию пурӣ буд”, ба 176 рубли шӯравӣ нафақаи падарам ҳама шодону хандон умр ба сар мебурдем, тӯҳмат чист касе ё намедонист ва ё чунин вонамуд мекард. 
     Албатта арзишҳои он замона дигар буданду кӯдакиву наврасиҳои мо дунболи гову гӯсола гузашт на дар сари лаптопу планшетбозиҳо ва шод ҳам ҳастам, ки чунин кӯдакӣ доштам.
            Имрӯз ман дигар кӯдаку наврас нестам, чуноне ки дуои домуллоҳо низ дигар асту арабӣ. Боварӣ ҳам қариб, ки намонду ҷояшро шубҳа ва тӯҳматҳои бакораву бекора гирифт.    Ба дӯст ҳам шубҳа дорему ба душман ҳам.             
         Нанговартар аз ҳама гумону шубҳаи бад ва тӯҳмат дар ҳаққи шиносу ношинос ба арзишҳои фитриамон роҳ ёфт. Дар шакли хушгумонӣ баён кунам, аксарият психолог шудему қаблан дарк мекунем, ки суолкунанда аз мо ҷониби бадро мепурсад, на некро. Ва мо одат ҳам кардаем, ки танҳо бадро гӯему шубҳа кунем.
          Масалан фаразан пурсанд, ки Ғуфрон Ваҳобов кист, ҷавоб медиҳем: “э вай...” Иқбол Тешаев чӣ гуна инсон? Посухамон тайёр: “о, медонед- мӣ...” Яке рафту оид ба шахси тамоман ношинос, масалан Ҷамшед Аскарович пурсида монанд, худо дод, чунон гумону шубҳаи худамонро дар ҳаққи шахсияти ношинос баён мекунем, ки мондан мегиред. Нусхаро ба асли дар пиндорамон буда баробар мекунему монд.
     Дар ин ҳолатҳо птица-секретарь аз мултфилми «Бюро находок» ба ёд меояд, ки дар бораи ҳама маълумот медиҳад. Аммо фарқи мо аз ин қаҳрамони мултик дар он аст, ки вай дар ҳақиқат медонаду мо дар шубҳаҳоямон. Ҳамин шубҳаҳои зормондаи мост, ки моро зори мутахассисони воқеӣ кардаву ковандаи чирки зери нохун. Ба ҳадде шубҳаро ба воқеият омезиш додем, ки аз ин калима ҳарфи “ҳ”-ро хӯрдем ва ШУБА кардем. Шубаи қаблан дӯхташуда барои дигарон Ин ШУБА бо гармии худ чунон гарангу беҷуръатамон намуда, ки наметавонем гӯем: “Хато мекунед, фалонӣ ин гуна одам нест ва ин шубҳаву тӯҳмат асос надорад!!!”

          Агар Домулло Мухтор зинда мебуданд, шояд дуояшон низ мудерн мешуд ва дар таркиби дуояшон меомад: “ХУДОВАНД АЗ ГУМОНУ ШУБА ВА ТӮҲМАТИ НОҲАҚ, БАЛОИ НОГАҲОН НИГАҲ ДОРАД, ОМИН!”

среда, 15 апреля 2015 г.

“БЕИНСОФОБА   ИНСОФ   ДИҲАД”

Ҳамкорамон Владимир Васильевич Мартыненко ҳар рӯз баъди хӯроки нисфирӯзӣ дуо мекунад: “Беинсофоба инсоф диҳад, омин”...

Ин дуои акои Володия ҷузъи ҷудонашавандаи хӯрокхӯрии мо шудаасту ҳама бо ханда барои ин дуояшон даст боло мекунем ва андеша ҳам намекунем, ки  “черт побери” Владимир Мартыненко ҳақ аст ва он чизе, ки имрӯз ба ҳамаи мо, аз саис то раис намерасад, ҳамин инсоф аст.
Ин инсоф аст, ки бинобар сармозании ҳосили зардолу нархи пасттарини он, яъне “компоташ” 8 сомонӣ шуд. 20 сомониашро имрӯз аз рӯйи инсоф 30-35 сомонӣ нарх мегузоранд, ҳарчанд зардолуҳои ба фурӯш мебароварда ягон алоқамандӣ ба сармо надорад ва боқимондаи ҳосили солҳои пеш аст. Албатта, “харад зам кун...” лекин ин мақол гӯркови  инсоф мебошад. Ранги журналистон, ки ба гуфте мурдашӯй ва гӯркови замонанд, гарчанде  даркоранд.
Ин инсоф аст, ки бархе волидайн фарзандонашонро аз хизмати ҳарбӣ мегурезонанд ва боз ҳамин инсоф аст, ки онҳо ба синаашон зада, худро ғамхори миллат нишон медиҳанду мехоҳанд дар рӯйхати гирандагони ҳавлиҷо ному насабашон дар сархати аввал бошад. Алорағми “ғайриимкон асту аз рӯйи навбат” гуфтанҳои Обидҷон Аҳмедов мехоҳанд дар сафи аввалинҳо эҳром банданду зиёрати Каъбатуллоҳ намоянд.
Ана ҳамин инсоф аст, ки муллоҳои мо ҳарфи гуфтание нисбат ба амнияти давлат, гумроҳии ҷавонон, ҳадиси ришу ҳиҷоб надоранд. Доранд албатта, фақат дар доираи гуфтанҳои умумӣ, ки танҳо ба хотири гуфтан аст. Ва дарк ҳам намекунанд метавонад мулло сухане созанда дошта бошад, на мавқеи хомӯшонаи сӯзанда. Ва ин ҳама чашм пӯшидану хомӯш нишастанҳояшон низ дар пояи инсофашон мебошад.
Агар талаботҳои гуногуни инсоф ва дараҷаи инсофдорӣ намебуд, яке корашро аз сидқи дил иҷро намекарду дигаре манёвр наменамуд. Барои иддае таъриф шеваи худширинкунӣ ва зиначаҳои расидан ба мақсад намегашту барои бархе танқиду воҳима усули тарсонидан интихоб карда намешуд.
Ҳамин инсоф аст, ки аз набудани он гурӯҳаке динро ба мақсадҳои нопокашон истифода бурда истодаанду масҷидро дари масҷидро ҷойи паҳнкунии рӯзномаашон интихоб намудаанд. Ва гурӯҳаки дигаре ҳам ҳастанд, ки ба масҷид соф барои ибодат мераванд ва инсофашон инро талаб мекунад.
Ин инсофи ман аст, ки чизҳоеро менависаму мегӯям ва ин инсофи шумост, ки  дар доираи он  бардошт мекунед аз он. Агар дар ҳошияи ин ҳарфҳо ҳарфе гуфтаниед ин ҳам ба инсофи шумо вобаста...

Беҳтарин дуо ҳамин дуои Владимир Васильевич Мартыненко будааст: мусулмонтар аз дуои мо, самимитар аз фотеҳаи мо ва ҳаққонитар аз пичир-пичирҳои мост. Дар гирди як вожа – ИНСОФ давр мезанад ва мо ҳама даврзанандаи атрофи ҳамин вожаем. Гарчӣ Владимир Васильевич Архимед нестанд, лекин ИНСОФ НУҚТАИ ТАКЯГОҲИСТ!

понедельник, 6 апреля 2015 г.

РАИСОНИ МАҲАЛЛА БОЯД МАОШХӮР ШАВАНД,
то ки пайдо бошанду арзишҳои ҷомеа дуруст ҳифз гардад.

“Имрӯзҳо оиди терроризм ва қатли инсонҳо аз тарафи гурӯҳҳои тахрибкор бо ҷиҳодҳои дуруғинашону ботилашон бисёр мешунавему мехонем, дар ҳоле, ки террористи аслӣ дар паси миз нишаставу тавассути интернет ҳазорон хонаҳоро вайрон ва оилаҳоро барҳам зада истодааст”.

           Мавзӯе, ки аз ҳама бадаш мебинам, ҳамин мавзӯи террор ва бахусус террор аз номи ислом аст. Аммо чӣ кунам, ки ин мавзӯъ доғи рӯз шудаву онро нодида гирифтан нашояд. Баръакс, бояд дар қатори дигарон ва беҳтар аз дигарон бар зиддаш мубориза барам. Ҳарчанд медонам террорист Ватан надорад, молу мулки ман то ҷое ба ӯ лозим нест ва барои ғасби сарзамини дигарон намеҷангад, балки ҷанги ӯ барои ҷанг аст. Метавонад ранги шабаҳ дар ҷое пайдо шавад, ки интизораш нестам, гарчӣ барои пайдошавӣ солҳо омодааш кардаанд... дар фазое, ки бархе демократикаш мехонанд. Ман зидди демократия ва озодии дигарон нестам, лекин вақте ин озодӣ ва демократияи коғазӣ роҳ ба сӯйи терроризм мекушояд, ба ҳафт пушташ туф кардам.  Чуноне ки нафрат дорам ба амалҳое, ки дақёнусӣ ҳастанду барои ҳисобот бархе иҷрояш мекунанд, то ҳифз кунанд аз мансаб, вазифа ва галстукашон. Ба онҳо муҳим нест пешгирии ин тамоюли нафратбор, муҳим он аст, ки СУПОРИШро иҷро созанд... ва НАПАРАНД  аз мансабак.
    Хуб, шафтолуашро менависам. Дар паҳншавии ғояҳои террористӣ дар байни ҷавонон имрӯзҳо нақши калидиро интернет бозида истодааст. Бино ба гуфти Фаридун Ҳодизода, директори академияи “Диалог”-и шаҳри Душанбе ин кор асосан тавассути шабакаи иҷтимоии “Одноклассники” сурат мегирад. Ё ИН ШАБАКАРО ЗЕРИ НАЗОРАТ БОЯД ГИРИФТ, Ё ОНРО ТАЛОҚ БОЯД ДОД!!! МЕЖДУ ПРОЧИМ ТАЛОҚИ ҚОНУНӢ!!!
       Бино ба навиштаи таҳқиқгари масъалаҳои терроризми байналхалқӣ Волф Шмидт бозиҳои компютерӣ низ яке аз воситаҳои дар мафкураи наврасон ҷой додани амалҳои террористист. Аз худам ҳамроҳ мекунам, ки ин кинофилмҳои туркиву наворҳои исломие, ки ҳар ки хоҳад мефурӯшаду мебинад, ҷанбаъҳои ифротгароёна доранд.  БОЗИҲОИ КОМПЮТЕРИВУ КИНОҲОВУ НАВОРҲОРО ТАНЗИМ, Э РАФТЕД, КИ СЕНЗУРАМОНӢ КУНЕД, МАСЪУЛИН!!!
           Дар хонаҳои лоину гилин зиндагӣ доранд, лекин дар тори сарашон антеннаҳои параболӣ. Каналҳое мебинанд, ки номашро дар  Энсеклопедия ҳам ёфта наметавонед. Ва каналҳои оддиякак ҳам не. Каналҳое, ки ба саволатон ҷавоб хоҳанд дод дар масъалаҳои динӣ. Аз имоми маҳалла ҷавоб гирифтан мушкил аст, аммо аз он тарафи дунё дар як лаҳза посухи саволатон мерасад. ВАҚТИ ОН АСТ, КИ (ба кушодани канали алоҳидаи телевизонӣ аниқ зӯрашон намерасад) ШӮРОИ УЛАМОИ ИСФАРА СОМОНАИ РАСМИИ ХУДРО БОЗ КУНАД ВА МУНТАЗАМ “ОБНОВИТАШ” НАМОЯД. Магар онҳо аз Тӯраҷонҳо каманд? Кам бошанд, гапамро гашта гирифтам.
   Виктор Михайлов, директори сомонаи интернетии www.antiterrortoday.com мегӯяд, ки бинобар назорати сахт ва ҳамаҷиҳатаи мақомот дар Ӯзбекистон ва ваколати васеъ додан ба раисони кумитаҳои маҳаллаҳо боиси он шудааст, ки дар давоми соли 2014 ягон нафар дар ҳудуди Ӯзбекистон ба гурӯҳҳои ифротӣ ҳамроҳ нашудааст. Якбор, агар лозим бошаду маъқул афтад, корҳои зеринро амалӣ кардан аз манфиат холӣ нест:
           БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТИ ИМОМХАТИБОН ВА ҶОРӢ КАРДАНИ АМРИ МАЪРУФ ДАР МАСҶИДҲОИ ПАНҶВАҚТА;
           ТАШКИЛИ МАРКАЗҲОИ ҲАМОҲАНГСОЗАНДАИ ФАЪОЛИЯТИ МАКТАБ, МАҲАЛ ВА ОИЛА;
           НАЗОРАТ АЗ БОЛОИ ИМОМОН, НАФАРОНИ АЗ ҲАБСБАРОМАДА АЗ ҶОНИБИ РАИСИ МАҲАЛЛА;
           МАҲКУМ НАМУДАНИ КОРҲОИ БАД РАСМАН БО ТАШКИЛИ МАҶЛИСҲО ДАР МАҲАЛЛАҲО АЗ ТАРАФИ ЛИДЕРОНИ МАҲАЛ;
            ИСТИФОДАИ  АЗ УСЛУБИ “РАДДИ МАЪРАКА КАРДАН”;
           МАОШХӮР НАМУДАНИ РАИСОНИ МАҲАЛЛАҲО;
           АЗ ВАЗИФА ГИРИФТАНИ МАНСАБДОРЕ, КИ ЯКЕ АЗ ХЕШОНАШ БА ТЕРРОРИЗМУ ЭКСТРЕМИЗМ ПАЙВАСТААСТ.


      Зиддӣ озодии дигарону арзишҳои демократӣ ҳарфе навиштам?  Бале. Ба баъзеҳо намефорад? Бигузор. Аммо барои ман муҳимтар аз ҳама оромии Тоҷикистон ва шаҳрвандони он мебошад. Демократияе, ки ба мардуми кишварам ташвиш меораду хотири парешон як пули пучак арзише надорад.

понедельник, 30 марта 2015 г.

ЧАРО ҶАВОНОН БА ҲАРАКАТҲОИ ТУНДГАРОИ ИСЛОМӢ ПАЙВАСТАНД?

Аз пастии маърифат, бекориву муҳоҷират, бо айби волидайн ва ё тавассути ҲНИТ?


Сабабҳои пайвастшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву тундгарои динӣ дар чист?  Ин мушкилотест, ки касеро бетараф намегузорад.





Обидбой Аҳмадов, мудири бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллиии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар ин масъала мегӯяд:

-Сабаби асосии пайвастани ҷавонон паст будани сатҳи маърифати динии онҳо, дуруст надонистани сиёсат ва муҳоҷирати меҳнативу аз назорат дур монданашон мебошад. Инчунин бояд диққати махсус ба маърифатнокии насли ҷавон ҳангоми таҳсил дар мактабҳо дода шавад, зеро омили асосии таъсиррасон ба ояндаи шахсият ҳамин аст.

Махфират СУЛТОНОВА, омӯзгори собиқадор,  сокини деҳаи Гумбазии ҷамоати деҳоти Навгилеми шаҳри Исфара, ки писараш ба яке аз ҳизбҳои террористӣ шомил шудааст, сабаби террорист шудани ҷавононро дар ҲНИТ мебинад:

Писарам Раҳмонхон бо як гурӯҳ рафиқонаш дар истгоҳи роҳи оҳан ба вагонҳо боркунанда буд. Яке аз рӯзҳо ба ман муроҷиат кард, ки ба Ҳизби Наҳзати Ислом дохил шуданист.
Азбаски аз фаъолияти ҳизби «Таҳрир» ва дигар равияҳои тундгаро воқиф будам, ба ин амали ӯ муқобил баромадам.  Аммо рӯзе вай дафтарчаи узвияти ҲНИТ-ро нишон дода, розӣ шавед, модар гуфт.
      Раҳмонхон яке аз аъзоёни фаъоли ҲНИТ ба шумор мерафт. Ӯро раиси ҷавонони ҳизби деҳа интихоб карда буданд. Дар маъракаи интихоботи соли 2005 ташкилоти шаҳрии ҳизб ҳамчун нотиқ ӯро фаъолона истифода бурд. Дар ду деҳа ба сифати шахси бовариноки номзад баромад ҳам кард.
     1-уми майи соли 2006 якбора ба Федератсияи Русия рафтанӣ шуд. Пас аз 10 рӯзи рафтанаш гурӯҳи террористӣ ба нуқтаи сарҳадбонии Лаккон ҳуҷум кард. Аз ин ҷо шиносномаи хориҷии Раҳмонхон пайдо гардид. Баъди ин ниҳодҳои қудратӣ пинҳонгоҳи гурӯҳи террористиро дар мавзеи фурудгоҳи шаҳр ошкор сохтанд. Аз он ҷо шиносномаи миллии ӯ ёфт шуд.
     Ман имрӯз ҷабрдидаи ҲНИТ ҳастам, аз он домангирам.

Муҳибҷон Ҳомидов, омӯзгор сабабҳои шомилшавиро чунин шарҳ медиҳад:

-Аз Чорқишлоқ як гурӯҳ ҷавонон ба Сурия рафтаанд. Дар пайвастани ҷавонон ба ҳаракатҳои террористӣ сабабгор бекорӣ мебошад. Барои ҷавонони имрӯзаи бемаълумот ҷойи кори мувофиқ нест ягона роҳ муҳоҷирати меҳнатист. Худам борҳо дар муҳоҷират будам медонам, ки шароити беш аз 90 фоизи муҳоҷирон бад аст. Оддитарин шароити зиндагӣ нест. Аксар дар шароите кор мекунанд, ки ҳолаш аз конслагерҳо ҳам бадтар аст. Ҳамин дар муҳоҷират бекорӣ, шароити дуруст надоштан ва асабонияти зиёд боис мешавад, ки ҷавонон ба ҳизбҳои террористӣ пайванданд.
Аз гуфтаҳои Муҳибҷон Ҳомидов бармеояд, ки 90 дар сади ҷавонон саводи дурусти динӣ надоранд. Зидди сиёсати имрӯзаи Ҳукумати Тоҷикистон низ нестанд ба ҳизбҳои динии тундгаро дар заминаи фанатизми динӣ шомил нашудаанд.
Дар муҳоҷирати меҳнатӣ ду роҳи “вербовка” ҳаст, - мегӯяд Муҳибҷон.
Якум тавассути шабакаҳои интернетӣ. Ҷавони аз гирумонҳои зиндагӣ хасташуда ва ҷойи дурусти кор надошта одатан роҳи ягонаи вақтхӯширо дар интернет мебинад. Дар интернет “вербовщик”-ҳо бо ному расми духтарони зебо ҷавононро ба гап меандозанд, мулоқот таъин мекунанд. Баъди чанде мебинед, ки ҷавони дар паҳлӯятонбуда нест ва хабар меояд, ки ӯ дар Сурия аст. Дуюм ҷалби мустақими ҷавонон дар кӯчаву бозорҳо. 



Абдухалил Шарипов, сокини деҳаи Чоркӯҳ боварӣ дорад, ки сабабгори асосии шомилшавии ҷавонон барҳам хӯрдани давлати Шӯравӣ аст. Зеро ба гуфти ӯ дар он даврон идеологияи бегона имкони фарогирии қишрҳои ҷомеаро надошт.




Абдуманнон Раупов, таърихшинос мегӯяд:

-Дар заминаи тангии зиндагӣ ва бекорӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ пайваст шудани ҷавонон асоси воқеӣ надорад. Худ дида истодаед, ки дар давлатҳои мутараққӣ низ, ба мисли давлатҳои Аврупо ва ФР ба сафи террористон шомил шуда истодаанд. Ин ба фикри ман як ҷанбаъ дорад, ба гумроҳӣ рафтани ҷавонон.  Пешгирии ин раванд кори як сохтори муайян ё ҳукуматҳои маҳаллӣ набуда, балки кори ҷонии ҳамагон мебошад. Пеш аз ҳама бояд волидайн ҳадди ақал мунтазам аз ҳоли фарзандонашон пурсон бошанд ва фаъолияти онҳоро назорат баранд. Ба он хотир, ки инсон ба ҳамаи солхӯрдагиҳояш дар назди волидайнаш ҳамоно кӯдак аст ва назорату тарбияи ҳамешагиро мебояд. Инчунин аҳли ҷомеа низ набояд бетараф бошанд. Зеро
Агар бинӣ, ки нобинову чоҳ аст,
  В-агар хомӯш биншинӣ гуноҳ аст.