КАБИРӢ ЧАРО САҒИР ШУД?
Мулоқоти Муҳиддин Кабирӣ бо интихобкунандагон дар шаҳри Исфара доир гардид. Қаблан банда дар ягон мулоқоти рӯбарӯи ӯ ширкат надоштам ва гуфтан мумкин аст, ин аввалин иштироки ман дар мулоқоти Кабирӣ ба ҳайси як нафар шунаванда буд. Шунавандае, ки мехост аз Кабирӣ шуниданиҳоеро шунавад. Вале..
ДАСТУПОЧА ШУД
Дигар
иштирокдоронро намедонам, аммо вақте Кабирӣ дохили толори маҷлисгоҳ гардид,
якумин ҳарфу эҳсосе, ки банда дар симояш дидам, ин рӯҳафтодагиву изтироболудагӣ
буд. Шояд дигарон тавассути навор ин мулоқотро дида бошанд ва диданӣ ҳастанд,
аммо бояд гуфт, ки тавассути объективи дурбинҳои аккосиву наворбардорӣ метавон
лаҳзаҳоро сабт кард, аммо наметавон дар ин аксҳову наворҳо изтиробу ҳаяҷон ва эҳсосоти
ботинии шахсро ба мушоҳида гирифт.
Кабирӣ ба толор ворид шуду худро як лаҳза гум кард, ба қавли мардумӣ “даступоча
шуд”. Ҳамин як лаҳза кифоят буд, ки тамоми эҳсосҳои ботинии ӯ рӯй зананд. Яъне
ҳарфҳои он ки Кабирӣ таҳаммулпазир асту пуртоқат ва дипломати воқеан беназир
комилан дуруст набудаанд, балки ҷуз мақоли халқии “Овозаи Рустам беҳ аз Рустам”
чизи дигаре набуда.
КАБИРӢ ЧИЗИ ГУФТАНӢ НАДОШТ!
Ман як тан
интихобкунанда ҳастам ва чун ман дар ин толор бисёрҳо буданд. Ҳадафи лидери
ҳизби сиёсӣ ин PR-и ҳизбаш мебошад. Аммо Кабирӣ ҳамон гапҳое гуфта буд, ки соли
2012 ҳам дар Исфара аз даҳони ӯ садо
дода буданд. Гапи наве набуд дар суханрониҳояш. Чӣ мехонӣ - Аҳмади
порина... Мутмаинам ин ҳарфҳояшро ӯ дар Мастчоҳу Хуҷанд гуфтаасту дар оянда дар
дигар мулоқотҳояш дар вилояти Суғд низ хоҳад гуфт. Яъне аз болои худ ҳамчун
нотиқ дуруст кор накарда... Харфҳое дорад такрор.
Дар бораи
интихобот, Барномаи ҳизб, кадом корҳоро амалӣ карданӣ ҳастанд, лом накафонд. Ҳадди
ақал дархост аз интихобкунандагон оид ба ҷонибдори аз ҳизбаш ҳарферо ба забон
наовард. Ин ҷо суоли калон пайдо мешавад: ЧАРО???
Шояд Муҳиддин Кабирӣ
интихобкунандагонро назараш нагирифт? Агар чунин аст, вой бар чунин лидери
ҳизбӣ ва шахсе, ки худро сиёсатмадор метарошад!
Шояд ҳизби ӯ, яъне ҲНИТ
эҳтиёҷ ба PR надорад? Агар чунин гумон кард, сахт хато кард, зеро ҳама гуна
ҳизб ҳамеша ниёзманди PR аст, хоса дар арафаи интихобот.
Шояд ҲНИТ даъвои курсиҳои
вакилӣ надошта бошад, хулоса агар ҳамин аст, пас бояд ҲНИТ дигар фаъолият
накунад, чун миссияашро дар ҷомеа ба анҷом расонидааст.
Ва боз шоядҳои дигар...
Кабирӣ дар баромади худ вобаста ба терроризму будану набудани ҳизби сиёсии характери динидошта ҳарф зад. Оид ба моҷароҳои дунё ва ҷангҳои иттилоотиву дар пасманзари ин ҳодисаҳо кӣ эҳтимоли даст доштан дорад, ибрози назар намуд. Аммо суоле матраҳ аст, кӣ чаро суханро аз ин гуна рӯҳия писсимистона оғоз намуд? Оид ба ПОЗИТИВ вожае нагуфт. Чун ҳамешагӣ насиҳат кард. Шояд надонад, ки 1500 сол ин ҷониб аҳли адабамон моро насиҳат кардаанду имрӯзҳо низ рӯҳониёнамон ҷуз насиҳат маслиҳати созгоре дода наметавонанд. Воқеан халқи тоҷик насиҳатпазир аст, ҳам мулло насиҳат мекунаду ҳам лидери сиёсӣ. Пас чӣ тавофуте байни ин ду?
Шояд мо миллати аз ҳад зиёд беободем, ки кор насиҳаткуниву насиҳатшунавӣ?
Кабирӣ дар баромади худ вобаста ба терроризму будану набудани ҳизби сиёсии характери динидошта ҳарф зад. Оид ба моҷароҳои дунё ва ҷангҳои иттилоотиву дар пасманзари ин ҳодисаҳо кӣ эҳтимоли даст доштан дорад, ибрози назар намуд. Аммо суоле матраҳ аст, кӣ чаро суханро аз ин гуна рӯҳия писсимистона оғоз намуд? Оид ба ПОЗИТИВ вожае нагуфт. Чун ҳамешагӣ насиҳат кард. Шояд надонад, ки 1500 сол ин ҷониб аҳли адабамон моро насиҳат кардаанду имрӯзҳо низ рӯҳониёнамон ҷуз насиҳат маслиҳати созгоре дода наметавонанд. Воқеан халқи тоҷик насиҳатпазир аст, ҳам мулло насиҳат мекунаду ҳам лидери сиёсӣ. Пас чӣ тавофуте байни ин ду?
Шояд мо миллати аз ҳад зиёд беободем, ки кор насиҳаткуниву насиҳатшунавӣ?
Н. САМЕЕВ НЕСТ, ШОЯД БА “ВЕРБОВКА” РАФТА...
Дар ҳангоми
мулоқот Кабирӣ ба набудани раиси бахши исфарагии ҲНИТ Самеев Наимҷон ишора
кард. Гуфт, ки номбурда дар Федератсияи Русия корбарӣ дорад.
Ваҳ! Ана гапу
мана кор. Интихобот дар Тоҷикистон сурат мегирад. Кабирӣ хуб медонад, ки барои
муҳоҷирон дар ФР чӣ қадар қитъаҳои овоздиҳӣ таъсис дода мешаванд. Электорати
асосии интихобкунандагон дар куҷост? Чӣ гуна нақше, Самеев Н. ба раванди
интихоботи Исфара гузоштанаш мумкин аст? Не, да. Ҳатман бояд Самеев Н. ба ФР
барои вербовка рафтанаш зарур. Ин чӣ гуна гашти сиёсист? Инро чӣ гуна шарҳ
медиҳед, Кабирӣ? Шояд дар паси ин гаштҳо
бозиҳое ҳаст, ки интихобкунанда донистанаш зарур нест?
Шояд, аммо дар
маъракаи интихобот ба интихобкунанда ҳарфе бояд гуфт, ки ӯ шунидан мехоҳад, на
калимоте, ки Шумо гуфтанӣ ҳастед. Илтимос, мӯҳтарам лидерони сиёсӣ мо –
интихобкунандагон он қадар ҳам “тупой” нестем, ки Шумоёни азиз мепиндоред.
ТАШРИФИ “ТУФАЙЛӢ”
Дар Исфара
мулоқоти Кабирӣ қариб поён меёфт. Дар ин вақт Раҳматулло Зоиров вориди
маҷлисгоҳ шуда, ният кард, чанд ҳарфе бо интихобкунандагон дошта бошад. Аммо раиси
ҳавза дар такя ба қонунгузорӣ иброз намуд, ки қаблан аз ҷониби Зоиров ё дигар
масъулини ҲСДТ оид ба гузаронидани мулоқот дархост нашудааст, бинобар ин
наметавонад аз бардошти мардум ва сабурии онҳо истифода кунад. Лаҳзаи аҷиб,
Ҳамту не!
Зоиров
Раҳматулло, ҳуқуқшинос, раиси як ҳизби сиёсӣ бо роҳи “туфайлӣ” вориди маҷлисгоҳ
шудану нияти вохӯрӣ карданаш хуб набуд. Бовар кунед ба ҷойи Зоиров ман шарм
доштам, аз ин рафтори ноҷоя ва ғайрисиёсиву беодобонааш. Муфт мехост
аудиторияро истифода барад. Ин чӣ маъно дорад? Шояд Р.Зоиров аз он тарсид, ки
дар мулоқоти ҷудогонааш касе ба сӯҳбаташ наояд. Воқеан наомаданаш ҳам мумкин.
Чун дар Исфара аъзои ҲСДТ нест, ки нест.


Комментариев нет:
Отправить комментарий