БОЗОРИ ХУШОМАДГӮЙҲО АВҶ ГИРИФТ
Шояд интихоботи имсола гармиҳои интихоботҳои гузаштаро
надошта бошаду вакилмешудаҳо низ шаҳди ғалабаро бо тамоми кайфияташ начашанд. Аммо
гармиҳои интихоботро дигар гармӣ зер карда гирифт, ин ҳам гармии бозори
хушомадгӯйҳо...
Ба қадри сухан, истеъдод ва камшавии ранги хомаҳову
сиёҳрӯйгардии авроқи сафед дили кас месӯзад. Наход аз як нафари хабису хасис
пайғамбар тарошанду писари Худоёрхон. Боз беибо, бе ягон андешаву фикр. Гумон намекунанд,
ки халқ кӯр нест, кар ҳам нест ва гунг ҳам, ҳамаро мебинаду мешунавад. Майлаш,
аз халқ андеша надоред.Ҳарчанд
наздиктарин дӯстам сухане дорад: Аз ҳама тарозуҳо тарозуи халқ дақиқ кор
мекунаду як грамм ҳам каму беш бар намекашад.
Ниятатон аз қаҳрамонатон тамаъ карданӣ, равед ба наздаш ва мадҳияатонро дар пешорӯяш хонед бо овози баланду марғӯладоратон!!!
Ниятатон аз қаҳрамонатон тамаъ карданӣ, равед ба наздаш ва мадҳияатонро дар пешорӯяш хонед бо овози баланду марғӯладоратон!!!
Не-да! Ҳатман бояд дар ягон рӯзнома чоп намуд, то мардум донад, ки фалонӣ одами хуб аст. Хорошо, ҳадди ақал як нафаратон нависед охир, на ин ки устоду ҳамкору шогирду шогирдча чашм кушода, фақат як нафарро дида бошетон. Ё илҳоми шумоён ҷуфт-ҷуфт меояду ҷуфтак?
Офарини будани Шумоён, вале ҳайфи илҳому истеъдоде, ки
Худованд бароятон арзонӣ доштааст. Садқаи қалами рангинхаёлатон, аммо войи
авроқи сафеде, ки аз “ҳиммататон” сияҳрӯй мешавад. Раҳмат барои “фидокориҳоятон”,
лек фидокорӣ низ ҷой дораду фурсат.
Муҳимтар аз ҳама шукрона, ки мамдӯҳ ва қаҳрамони Шумо, яъне РАИСИ ЯК КОРХОНАВУ МУАССИСА то
кунун заррачае аз кардаҳои раиси шаҳрамонро накардааст, вагарна аз зинаи
пайғамбарӣ ба зинаи худоӣ мебаровардедашееее...
Мӯҳтарам қаламбадастони зарриндаст. Албатта он чӣ Шумо
медонеду мебинед, ман дониставу дида наметавонам. Шумо саругарданҳо аз ману
манбаринҳо воқеан болотаред. Лек як маъниро хуб фаҳмидаам:
Моли хуб ва дар ҳолати мову Шумо шахсияти хуб, ниёз ба
мадҳияву рекламаҳои обшӯста надорад!!!
Комментариев нет:
Отправить комментарий