ФАНАТИК, РАДИКАЛ, Ё МИННАТБАРДОР?
Чоркӯҳ. Зодгоҳи ман. Маконе, ки ҳама ба ҳар нигоҳе мешиносад. Яке хулоса мекунад, ки ҷаҳон ҳамин Чоркӯҳ аст, чун дуртар аз он қадаме нагузошта, дигаре сари он андеша мебошад, ки Чоркӯҳ ҷуз лонаи модарӣ чизи дигаре нест ва танҳо оғози парвозаш ба дуриҳои дур мебошаду бас.
Як тоифа Чоркӯҳро бо илму улум ва исломпарастии мардумаш мешиносаду дигаре дар симои чоркӯҳӣ террористу экстремист ва ким кадом нохалафро дидан мехоҳад.
Барои саввумӣ умуман бефарқ аст, ин минтақа ҳаст ва ё нест.
Алорағми дигарон дар равзанаи нигоҳи иддае зодгоҳам ранги
аъробии бодиянишин беҳтарин ҷой асту гуворотар оби ҳамин дарёст.
Ман гиламанд
аз бегонаҳо нестам ва буда ҳам наметавонам, чун бегона нигоҳу ҳадафҳои худро
дорад, зери ливои ошноиву дӯстӣ шояд дивиденди сиёсӣ кор карданист ва ё бадном
кардани ин мардум ва минтақаро дар дил мепарварад ва миссияаш ҳамин аст.
Вале воқеият
ин аст: бечора деҳқонаш ҷуз нияти ҳосили хуб ба даст овардан фикри дигаре
надорад, ҳарчанд мудом ба қавле “ЗЕРИ ГАП” аст. Омӯзгораш ғами оянда ва
соҳибмаълумотии ҷомеаро мехӯрад, гарчӣ бечора муаллим МИННАТБАРДОР шудааст. Дар симои занҳои
донишманду бибиотунҳояш тоифаи махсусе РАДИКАЛҲОро
диданӣ ҳастанд ва беҳтарин домуллоҳояшро “ФАНАТИК” мехонанд. Намедонам аҳли
зиёи деҳаи ман тарсӯянд ё на, чун доварӣ кардан ҳаққи ман нест, вале дар симои
афроде ТАРСАНДА ном баровардаанд. Ба ин аҳли зиё ману манбаринҳоро низ шомил медонанд - даҳ, сад ва ҳазорҳо.
Чоркӯҳ як
деҳаест, чун дигар деҳаҳои Тоҷикистон ва умуман маҳаллаи сукунати иддае дар
паҳнои ҷаҳон. Ҳам дузд дораду ҳам муттаҳаму ҳам бадтарин инсонҳоро. Вале нектарин
одамро низ дораду беҳтарин инсонҳоро. Мушкилот ҳам дораду дастовард ҳам. Муҳим чӣ
гуна будани ҳамдеҳагони ман нест муҳим чӣ гуна будани назарандоз аст.
Чун мардуми
зодгоҳи маро БАД ГУФТЕД, мутмаин бошед, БАД ХУДИ ШУМОЕД. Вақте чоркӯҳиёнро
НЕК МЕХОНЕД, боварии комил дорам,
НЕКТАРИН ИНСОН ХУДАТОН ҲАСТЕД.
Комилан деҳаеву
қавму миллате бади бад ва ё неки нек буда наметавонад. Ин моем, ки бо
баҳогузорӣ ҷаҳони ботинии худро нишон медиҳем. Бозгӯй мекунем, ки мо воқеан чӣ
касем ва ҷаҳони ботинии мо чӣ арзише дорад. Аксаран мушкилот дар баҳогузоранда
аст, на дар баҳогиранда.
Дастони аз
меҳнат шахшӯли модарони мо навозишҳо ва чехраҳои офтобхӯрдаашон латофатҳое дорад,
ки нозуктарин паричеҳраи дунёро маҳрум аз ин латофату назокату навозишҳо
кардаанд.
Шояд симои
мардонаш ба Шумо маъқул нест, лек Худованд хайратон диҳад, ин симои назарногир
баҳои сад кишвару дунёро дорад.
Дуои пирони мо
кушояндаи ҳазорон гиреҳҳои бастаи дигарон аст.
Ҳамдеҳагони ман
беҳтарин инсонҳои ҷаҳонанд. Танҳо як мушкилот доранд: ТАШНААНД, ТАШНАИ ДИДОРИ ОШНОИ
ШУМО!!!

Комментариев нет:
Отправить комментарий