вторник, 24 февраля 2015 г.

МОДАРЕ, КИ ҒАМИ ФАРЗАНД ДОРАД

       Ба утоқи кориам модаре ворид шуд. Модаре, ки беш аз 7 сол аз дидори ҷигарбандаш маҳрум аст. То метавонистам бо сухан дилашро бардоштам. Нақли ин модар  - Махфират СУЛТОНОВА, омӯзгори собиқадор,  сокини деҳаи Гумбазии ҷамоати деҳоти Навгилеми шаҳри Исфараро инҷо мегузорам.        
       Қазоват ба худи Шумост.

     


    Ман модари рӯҳшикаставу ҷигарбирён 9 сол мешавад, ки аз дидори фарзанди дилбандам бенасибам. Аз зинда ё мурда буданаш дарак надорам. Ҳамсар ва ду фарзанди  чашминтизораш бо дидагони чор роҳи падарро интизор. Вале мо ҳайҳот мегӯем аз ин фалаки каҷрафтор.
     Сонитар огоҳӣ ёфтем, ки ӯ дар ҳайати яке аз гурӯҳҳо  бар зидди қувваҳои ҳукуматӣ ҷангида истода будааст. Аз рӯи маълумотҳо дарёфтем, ки танҳо санаи 18-уми октябри соли 2009 5 нафар ҷавонони деҳаи Гумбазӣ дар амалиёти ҳарбӣ  ваҳшиёна ҳалок гардидаанд. Оё инро «ҷиҳод» номид ва ҷиҳоди мусулмон ба муқобили мусулмон?! Акнун баҳои ҷони ин ҷавонмаргони гумроҳро ки медиҳад?

Писари ман Раҳмонхон, соли таваллудаш 6-уми октябри соли 1977 бо як гурӯҳ рафиқонаш дар истгоҳи роҳи оҳан ба вагонҳо боркунанда буд. Аз ҳисоби он рӯзгорро пеш мебурд. Яке аз рӯзҳо ба ман муроҷиат кард, ки ба Ҳизби наҳзати ислом дохил шуданист.
   Азбаски аз фаъолияти ҳизби «Таҳрир» ва дигар равияҳои тундгаро воқиф будам, ба ин амали ӯ муқобил баромадам.  Аммо рӯзе вай дафтарчаи узвияти ҲНИТ-ро нишон дода, розӣ шавед, модар гуфт. Аз сӯҳбат бо ӯ аён шуд, ки аз номи Худову ислом истифода бурда, адолату ҳақиқатро байрақ карда, вайро ба ҳизби наҳзат қабул намудаанд. Маълум, ки ташвиқоташон зӯрӣ кардааст.
     Раҳмонхон яке аз аъзоёни фаъоли ин ҳизб ба шумор мерафт. Барои ҳамин ӯро раиси ҷавонони ҳизби деҳа интихоб карда буданд. Ҳар бор аз соати 7 то 9-и бегоҳӣ ҷаласаи ҳизбӣ дорем гуфта, аз хона мебаромад. Дар маъракаи интихоботи соли 2005 ташкилоти шаҳрии ҳизб ҳамчун нотиқ ӯро фаъолона истифода бурд. Дар ду деҳа ба сифати шахси бовариноки номзад баромад ҳам кард.
      1-уми майи соли 2006 якбора ба Федератсияи Русия рафтанӣ шуд. Ҳол он, ки ин хел ният надошт.
    -Охир, писарам, дар ин бегоҳӣ бе чиптаи самолёт ба куҷо меравӣ,-хавотир шудам ман.
    -Мошин тайёр, шарикҳо ҳаст. Масъалаи чипта ҳам ҳал шудагӣ. Шумою падарам аз фарзандон воқиф бошетон шуд,-дилпур кард маро Раҳмонхон,-фақат модарҷон, 1-2 моҳи аввал телефон накунам, парешон нашаветон. Ҳамин тавр, бо дили хиҷил фотеҳа додам.
     Пас аз 10 рӯз гурӯҳи террористӣ бо мақсади ғасби силоҳ ба нуқтаи сарҳадбонии Лаккон ҳуҷум оварда, чанд сарбозро қатл кард. Аз ин ҷо шиносномаи хориҷии Раҳмонхон пайдо гардид. Чанд вақт пас ниҳодҳои қудратӣ пинҳонгоҳи гурӯҳи террористиро дар мавзеи фурудгоҳи шаҳр ошкор сохтанд. Аз он ҷо низ шиносномаи миллӣ ёфт шуд.

     Пурсиданиам, фарзанди маро гумроҳ карда, кӣ ба ҷойҳои бегона бурд? Ӯро аз хонаву дар ва Ватан бегона сохт? Кӣ???
Вақте ки ба бахши шаҳрии Ҳизби наҳзат рафта, сурати фарзандамро ба роҳбарони он нишон додам, онҳо дар ибтидо гӯё ӯро нашинохтанд. Маълум, ки рӯирост худро  ба нодонӣ  заданд. Яке аз масъулони ҳизб ба ман рӯй оварда гуфт:
     -Шумо омӯзгор-а? Фарзандатона дуруст тарбия карда натавонистед,-эрод гирифт ӯ.
    Аз куҷо омӯзгор буданамро донист? Маълум, ки ӯ ва ҳамкоронаш ман ва фарзандамро нағз мешинохтанд.
       То ба ин ҳизб дохил шудан Раҳмонхон бачаи хушахлоқ буд. Мактабро ҳам наuз тамом кард.  Наход ман, модар дидаву дониста ҷигарбанди худро ба ин кӯчаҳои гумроҳӣ тела дода бошам. Куҷост мантиқ?
       Ман имрӯз ҷабрдидаи ҳамин ҳизб ҳастам, аз он домангирам. Зеро аз номи ислом ва Худову Расул истифода бурда, бо суханҳои болохонадор ба ҳайати худ дохил мекунанд. Ташвиқоти нодуруст мебаранд ва ана натиҷааш, ки ман имрӯз заҳри ҷудоӣ ва ғурбат мечашам. Дигар модарон ва ҷавононро ҳушдор месозам, ки пайвандони онҳо ба чунин ҳизбҳои ғаразнок аъзо нагарданд. Зеро оқибати нек надорад. 


ИНТИЗОРИҲО ВА ҒАМУ ҒУССАИ ИН МОДАРРО ХУДАШ МЕДОНАДУ ХУДОВАНД

понедельник, 23 февраля 2015 г.

БОЗОР ВА БОЗИИ МАНФИАТҲО

         
     Бисёр мехостам бо чеҳрае самимӣ, меҳрубон ва холӣ аз лутфҳои ноҷояву илтифотҳои болохонадори дуруғин ба як вожа “ЧЕҲРАИ ИНСОНӢ”-и масъулу масъулиятдораке вохӯрам, аммо нашуд, ки нашуд.

      Симои ҳақиқии орӣ аз ҳама гуна лутфу дурӯғ ҳамоно симои тифлона будааст, ки ҳар чӣ дар дил дорад ба забон меорад ва бо беҳтарин ваҷҳ аз ҳуқуқҳои худ дифоъ месозад. Вале...



       Калидвожаи симои 99 дар сади ин гуна одамакон (ман мутмаинам 100 дар сад) аз ҳарфҳои “М”, “А”, “Н”, “Ф”, “И”, “А”, “Т” иборат аст. Чӣ ҳам метавон кард, чун замонаи “каҷ дору марез” онҳоро чунин карда ва айби онҳо ҳам нест.
Вақте хушгӯйиҳо мекунанду худро ғамхортарин инсон нишон медиҳанд, бовар накунед. Ин ҳамааш дуруғ, фиреби назар ва ПОНТ. Барои он луфт доранд, ки корафтода шудаанд ва кӯмаки Шумо зарур аст, дигар ҳеҷ. Бовар надоред? Бошад.
         Оё ягон маротиба масъулиятдораке, ки шиносатон аст ва ё ошноятон, ки соҳиби мансаб аст, просто так аз ҳолатон пурсид, просто так чӯё шуд, ки чӣ кор дореду чӣ рӯзгор? Не-да, воқеан НЕ.
         Мепурсанд албатта. Мепурсанд чӣ ҳол доред ва аҳли байтатон хубанд ва идома медиҳанд фалон беҳмадону ана ин корро бояд анҷом диҳем. Ва ин пурсишҳо одатан мақоли халқиро ба ёд меорад: “Саломи дузд бетамаъ нест”.
         Дузд салом медиҳад, то фаҳмад дар хонаатон кӣ асту анбонатон дар куҷост ва тоифаи “болооварда” низ ҳамчунин мепурсанд сиҳатед, чун гуфтед “ҳа” ...БА ШУМО БАРОРИ КОР! Нақшаву ниятҳои Шумо ва конце-то концов ҷаҳони ботинии Шумо ба арзиши як пули сиёҳ ҳам нест. Яъне манфиати онҳо бояд болотар аз манфиатҳои Шумо гузошта шавад чун...
       Хоса ин гуна бозор ва бозии манфиатҳо дар ҷараёни интихобот ба зинаи олӣ баромада. Ҳама дунболи манфиати худ, танҳо раъйдиҳандаи қаторист, ки манфиати вазифавӣ надорад. Як манфиат дорад: ХОНААШ ОБОД БОШАДУ ФАРЗАНДОНАШ ТИНҶ.

      То кадом ҳад аз ин манфиаташ пуштибонӣ кардаасту раъйи ӯ амалӣ мешавад, санаи 2 март маълум хоҳад шуд.

суббота, 21 февраля 2015 г.

ФАНАТИК, РАДИКАЛ, Ё МИННАТБАРДОР?

      Чоркӯҳ. Зодгоҳи ман. Маконе, ки ҳама ба ҳар нигоҳе мешиносад.  Яке хулоса мекунад, ки ҷаҳон ҳамин Чоркӯҳ аст, чун дуртар аз он қадаме нагузошта, дигаре сари он андеша мебошад, ки Чоркӯҳ ҷуз лонаи модарӣ чизи дигаре нест ва танҳо оғози парвозаш ба дуриҳои дур мебошаду бас.   

Як тоифа Чоркӯҳро бо илму улум ва исломпарастии мардумаш мешиносаду дигаре дар симои чоркӯҳӣ террористу экстремист ва ким кадом нохалафро дидан мехоҳад. 

Барои саввумӣ умуман бефарқ аст, ин минтақа ҳаст ва ё нест. 

Алорағми дигарон дар равзанаи нигоҳи иддае зодгоҳам ранги аъробии бодиянишин беҳтарин ҷой асту гуворотар оби ҳамин дарёст.

        Ман гиламанд аз бегонаҳо нестам ва буда ҳам наметавонам, чун бегона нигоҳу ҳадафҳои худро дорад, зери ливои ошноиву дӯстӣ шояд дивиденди сиёсӣ кор карданист ва ё бадном кардани ин мардум ва минтақаро дар дил мепарварад ва миссияаш ҳамин аст.
          Вале воқеият ин аст: бечора деҳқонаш ҷуз нияти ҳосили хуб ба даст овардан фикри дигаре надорад, ҳарчанд мудом ба қавле “ЗЕРИ ГАП” аст. Омӯзгораш ғами оянда ва соҳибмаълумотии ҷомеаро мехӯрад, гарчӣ бечора муаллим  МИННАТБАРДОР шудааст. Дар симои занҳои донишманду бибиотунҳояш  тоифаи махсусе РАДИКАЛҲОро диданӣ ҳастанд ва беҳтарин домуллоҳояшро “ФАНАТИК” мехонанд. Намедонам аҳли зиёи деҳаи ман тарсӯянд ё на, чун доварӣ кардан ҳаққи ман нест, вале дар симои афроде ТАРСАНДА ном баровардаанд. Ба ин аҳли зиё ману манбаринҳоро низ  шомил медонанд  - даҳ, сад ва ҳазорҳо.
          Чоркӯҳ як деҳаест, чун дигар деҳаҳои Тоҷикистон ва умуман маҳаллаи сукунати иддае дар паҳнои ҷаҳон. Ҳам дузд дораду ҳам муттаҳаму ҳам бадтарин инсонҳоро. Вале нектарин одамро низ дораду беҳтарин инсонҳоро. Мушкилот ҳам дораду дастовард ҳам. Муҳим чӣ гуна будани ҳамдеҳагони ман нест муҳим чӣ гуна будани назарандоз аст.
           Чун мардуми зодгоҳи маро БАД ГУФТЕД, мутмаин бошед, БАД ХУДИ ШУМОЕД. Вақте чоркӯҳиёнро НЕК  МЕХОНЕД, боварии комил дорам, НЕКТАРИН ИНСОН ХУДАТОН ҲАСТЕД.
           Комилан деҳаеву қавму миллате бади бад ва ё неки нек буда наметавонад. Ин моем, ки бо баҳогузорӣ ҷаҳони ботинии худро нишон медиҳем. Бозгӯй мекунем, ки мо воқеан чӣ касем ва ҷаҳони ботинии мо чӣ арзише дорад. Аксаран мушкилот дар баҳогузоранда аст, на дар баҳогиранда.
     Дастони аз меҳнат шахшӯли модарони мо навозишҳо ва чехраҳои офтобхӯрдаашон латофатҳое дорад, ки нозуктарин паричеҳраи дунёро маҳрум аз ин латофату назокату навозишҳо кардаанд.
        Шояд симои мардонаш ба Шумо маъқул нест, лек Худованд хайратон диҳад, ин симои назарногир баҳои сад кишвару дунёро дорад.
     Дуои пирони мо кушояндаи ҳазорон гиреҳҳои бастаи дигарон аст.

      Ҳамдеҳагони ман беҳтарин инсонҳои ҷаҳонанд. Танҳо як мушкилот доранд: ТАШНААНД, ТАШНАИ ДИДОРИ ОШНОИ ШУМО!!!

понедельник, 16 февраля 2015 г.

КАБИРӢ ЧАРО САҒИР ШУД?

       Мулоқоти Муҳиддин Кабирӣ бо интихобкунандагон дар шаҳри Исфара доир гардид. Қаблан банда дар ягон мулоқоти рӯбарӯи ӯ ширкат надоштам ва гуфтан мумкин аст, ин аввалин иштироки ман дар мулоқоти Кабирӣ ба ҳайси як нафар шунаванда буд. Шунавандае, ки мехост аз Кабирӣ шуниданиҳоеро шунавад. Вале..


ДАСТУПОЧА ШУД

      Дигар иштирокдоронро намедонам, аммо вақте Кабирӣ дохили толори маҷлисгоҳ гардид, якумин ҳарфу эҳсосе, ки банда дар симояш дидам, ин рӯҳафтодагиву изтироболудагӣ буд. Шояд дигарон тавассути навор ин мулоқотро дида бошанд ва диданӣ ҳастанд, аммо бояд гуфт, ки тавассути объективи дурбинҳои аккосиву наворбардорӣ метавон лаҳзаҳоро сабт кард, аммо наметавон дар ин аксҳову наворҳо изтиробу ҳаяҷон ва эҳсосоти ботинии шахсро ба мушоҳида гирифт.
         Кабирӣ ба толор ворид шуду худро як лаҳза гум кард, ба қавли мардумӣ “даступоча шуд”. Ҳамин як лаҳза кифоят буд, ки тамоми эҳсосҳои ботинии ӯ рӯй зананд. Яъне ҳарфҳои он ки Кабирӣ таҳаммулпазир асту пуртоқат ва дипломати воқеан беназир комилан дуруст набудаанд, балки ҷуз мақоли халқии “Овозаи Рустам беҳ аз Рустам” чизи дигаре набуда.

КАБИРӢ ЧИЗИ ГУФТАНӢ НАДОШТ!

         Ман як тан интихобкунанда ҳастам ва чун ман дар ин толор бисёрҳо буданд. Ҳадафи лидери ҳизби сиёсӣ ин PR-и ҳизбаш мебошад. Аммо Кабирӣ ҳамон гапҳое гуфта буд, ки соли 2012 ҳам дар Исфара аз даҳони ӯ садо  дода буданд. Гапи наве набуд дар суханрониҳояш. Чӣ мехонӣ - Аҳмади порина... Мутмаинам ин ҳарфҳояшро ӯ дар Мастчоҳу Хуҷанд гуфтаасту дар оянда дар дигар мулоқотҳояш дар вилояти Суғд низ хоҳад гуфт. Яъне аз болои худ ҳамчун нотиқ дуруст кор накарда... Харфҳое дорад такрор.
          Дар бораи интихобот, Барномаи ҳизб, кадом корҳоро амалӣ карданӣ ҳастанд, лом накафонд. Ҳадди ақал дархост аз интихобкунандагон оид ба ҷонибдори аз ҳизбаш ҳарферо ба забон наовард. Ин ҷо суоли калон пайдо мешавад: ЧАРО???
         Шояд Муҳиддин Кабирӣ интихобкунандагонро назараш нагирифт? Агар чунин аст, вой бар чунин лидери ҳизбӣ ва шахсе, ки худро сиёсатмадор метарошад!
         Шояд ҳизби ӯ, яъне ҲНИТ эҳтиёҷ ба PR надорад? Агар чунин гумон кард, сахт хато кард, зеро ҳама гуна ҳизб ҳамеша ниёзманди PR аст, хоса дар арафаи интихобот.
         Шояд ҲНИТ даъвои курсиҳои вакилӣ надошта бошад, хулоса агар ҳамин аст, пас бояд ҲНИТ дигар фаъолият накунад, чун миссияашро дар ҷомеа ба анҷом расонидааст.
Ва боз шоядҳои дигар...
        Кабирӣ дар баромади худ вобаста ба терроризму будану набудани ҳизби сиёсии характери динидошта ҳарф зад. Оид ба моҷароҳои дунё ва ҷангҳои иттилоотиву дар пасманзари ин ҳодисаҳо кӣ эҳтимоли даст доштан дорад, ибрози назар намуд. Аммо суоле матраҳ аст, кӣ чаро суханро аз ин гуна рӯҳия писсимистона оғоз намуд? Оид ба ПОЗИТИВ вожае нагуфт. Чун ҳамешагӣ насиҳат кард. Шояд надонад, ки 1500 сол ин ҷониб аҳли адабамон моро насиҳат кардаанду имрӯзҳо низ рӯҳониёнамон ҷуз насиҳат маслиҳати созгоре дода наметавонанд. Воқеан халқи тоҷик насиҳатпазир аст, ҳам мулло насиҳат мекунаду ҳам лидери сиёсӣ. Пас чӣ тавофуте байни ин ду? 
         Шояд мо миллати аз ҳад зиёд беободем, ки кор насиҳаткуниву насиҳатшунавӣ?

Н. САМЕЕВ НЕСТ, ШОЯД БА “ВЕРБОВКА” РАФТА...

          Дар ҳангоми мулоқот Кабирӣ ба набудани раиси бахши исфарагии ҲНИТ Самеев Наимҷон ишора кард. Гуфт, ки номбурда дар Федератсияи Русия корбарӣ дорад.
          Ваҳ! Ана гапу мана кор. Интихобот дар Тоҷикистон сурат мегирад. Кабирӣ хуб медонад, ки барои муҳоҷирон дар ФР чӣ қадар қитъаҳои овоздиҳӣ таъсис дода мешаванд. Электорати асосии интихобкунандагон дар куҷост? Чӣ гуна нақше, Самеев Н. ба раванди интихоботи Исфара гузоштанаш мумкин аст? Не, да. Ҳатман бояд Самеев Н. ба ФР барои вербовка рафтанаш зарур. Ин чӣ гуна гашти сиёсист? Инро чӣ гуна шарҳ медиҳед,   Кабирӣ?  Шояд дар паси ин гаштҳо бозиҳое ҳаст, ки интихобкунанда донистанаш зарур нест?
         Шояд, аммо дар маъракаи интихобот ба интихобкунанда ҳарфе бояд гуфт, ки ӯ шунидан мехоҳад, на калимоте, ки Шумо гуфтанӣ ҳастед. Илтимос, мӯҳтарам лидерони сиёсӣ мо – интихобкунандагон он қадар ҳам “тупой” нестем, ки Шумоёни азиз мепиндоред.

ТАШРИФИ “ТУФАЙЛӢ”

            Дар Исфара мулоқоти Кабирӣ қариб поён меёфт. Дар ин вақт Раҳматулло Зоиров вориди маҷлисгоҳ шуда, ният кард, чанд ҳарфе бо интихобкунандагон дошта бошад. Аммо раиси ҳавза дар такя ба қонунгузорӣ иброз намуд, ки қаблан аз ҷониби Зоиров ё дигар масъулини ҲСДТ оид ба гузаронидани мулоқот дархост нашудааст, бинобар ин наметавонад аз бардошти мардум ва сабурии онҳо истифода кунад. Лаҳзаи аҷиб, Ҳамту не!
           Зоиров Раҳматулло, ҳуқуқшинос, раиси як ҳизби сиёсӣ бо роҳи “туфайлӣ” вориди маҷлисгоҳ шудану нияти вохӯрӣ карданаш хуб набуд. Бовар кунед ба ҷойи Зоиров ман шарм доштам, аз ин рафтори ноҷоя ва ғайрисиёсиву беодобонааш.   Муфт мехост аудиторияро истифода барад. Ин чӣ маъно дорад? Шояд Р.Зоиров аз он тарсид, ки дар мулоқоти ҷудогонааш касе ба сӯҳбаташ наояд. Воқеан наомаданаш ҳам мумкин. Чун дар Исфара аъзои ҲСДТ нест, ки нест.

        

            Ба ҳар сурат аз рафти мулоқот як чиро эҳсос кардам: лидерони сиёсии ин аҳзоб танҳо мехоҳанд имиджи сиёсии худро боло баранд. Ба интихоботу интихобкунанда ва орзуҳои ӯ коре надоранд. Агар воқеан чунин аст, аз будани чунин аҳзобу лидерони сиёсӣ  набуданашон ҳазорон бор авлотар мебошад.

воскресенье, 15 февраля 2015 г.

БОЗОРИ ХУШОМАДГӮЙҲО АВҶ ГИРИФТ


       Шояд интихоботи имсола гармиҳои интихоботҳои гузаштаро надошта бошаду вакилмешудаҳо низ шаҳди ғалабаро бо тамоми кайфияташ начашанд. Аммо гармиҳои интихоботро дигар гармӣ зер карда гирифт, ин ҳам гармии бозори хушомадгӯйҳо...


         Ба қадри сухан, истеъдод ва камшавии ранги хомаҳову сиёҳрӯйгардии авроқи сафед дили кас месӯзад. Наход аз як нафари хабису хасис пайғамбар тарошанду писари Худоёрхон. Боз беибо, бе ягон андешаву фикр. Гумон намекунанд, ки халқ кӯр нест, кар ҳам нест ва гунг ҳам, ҳамаро мебинаду мешунавад. Майлаш, аз халқ андеша надоред.Ҳарчанд наздиктарин дӯстам сухане дорад: Аз ҳама тарозуҳо тарозуи халқ дақиқ кор мекунаду як грамм ҳам каму беш бар намекашад.
             Ниятатон аз қаҳрамонатон тамаъ карданӣ, равед ба наздаш ва мадҳияатонро дар пешорӯяш хонед бо овози баланду марғӯладоратон!!! 

          Не-да! Ҳатман бояд дар ягон рӯзнома чоп намуд, то мардум донад, ки фалонӣ одами хуб аст. Хорошо, ҳадди ақал як нафаратон нависед охир, на ин ки устоду ҳамкору шогирду шогирдча чашм кушода, фақат як нафарро дида бошетон. Ё илҳоми шумоён ҷуфт-ҷуфт меояду ҷуфтак? 
          Офарини будани Шумоён, вале ҳайфи илҳому истеъдоде, ки Худованд бароятон арзонӣ доштааст. Садқаи қалами рангинхаёлатон, аммо войи авроқи сафеде, ки аз “ҳиммататон” сияҳрӯй мешавад. Раҳмат барои “фидокориҳоятон”, лек фидокорӣ низ ҷой дораду фурсат. 
            Муҳимтар аз ҳама шукрона, ки мамдӯҳ ва қаҳрамони Шумо, яъне РАИСИ ЯК КОРХОНАВУ МУАССИСА  то кунун заррачае аз кардаҳои раиси шаҳрамонро накардааст, вагарна аз зинаи пайғамбарӣ ба зинаи худоӣ мебаровардедашееее...
              Мӯҳтарам қаламбадастони зарриндаст. Албатта он чӣ Шумо медонеду мебинед, ман дониставу дида наметавонам. Шумо саругарданҳо аз ману манбаринҳо воқеан болотаред. Лек як маъниро хуб фаҳмидаам:
                 Моли хуб ва дар ҳолати мову Шумо шахсияти хуб, ниёз ба мадҳияву рекламаҳои обшӯста надорад!!!  

понедельник, 9 февраля 2015 г.

МУЛЛОҲОИ ПРИМИТИВ

 

  Замона дигар шуд ва ҷаҳон ҷаҳони пешрафти илму техника. Дигар наметавон кӯдаконро бо бозиҳои айёми тифлиамон –руструстшавакон ё аллак-чиллак саргарм намуд. Балки бозиҳои онҳо дигар дар сари компютер асту интернет, планшет асту лап-топ. Ва… тифлонамон дигар шуданду арзишҳояшон, магар ду чиз ҳамоно тағйир наёфт, ки наёфт: амри маъруфҳои муллоҳои минбарнишин ва сиёсатмадорони вақт. Ба гуфти Мирзо Турсунзода: Рӯди ман олам дигар шуд, ту ҳамон астӣ, ҳамон...

        Ба нигоҳи якумӣ ҳоло ҳам ҷомеа дар асри антиқа умр ба сар мебараду барои дуюмӣ политтехнологияву имиджмейкер гуфтанӣ мафҳумҳо комилан ношинос ва шинос шудан ҳам намехоҳанд. О чаро шинос ҳам шаванд, дар ҳоле ки имрӯзҳо низ ба қавле корбариҳои шӯравиёна “эффективность»-и баланд дорад. Ба дуюмӣ коре надорем, меравем дунболи якумӣ.

      Рӯзи ҷумъа. Мавъизаи мулло: ба масҷид сари луч наоед. Шапкаҳои Ленинро аз саратон гиред. Макрӯҳ!!!  Намозатон ноқисдор мешавад...

     Вақте мулло аз минбар  “амри маъруфи беҳтарин”-ашро мекард, ба ёд Аҳмади Дониш ва даъвоҳои муллоҳои замонаш мерасиданд оид ба  напӯшидани калӯш, зеро аз сабаби дар пошнааш доштани мӯйилаби хук он ғиҷиррос мекардааст... ва танзи Саъдуллоҳи Мӯсо оид ба маҳси ҷӯробу дарозии риш.
       Имомхатиб дар намози ҷумъа  оид ба шапкаҳои ленинӣ сухан мекарду сари луч масҷидравӣ, ман бошам худро хиҷолатзада ҳис намудам. Гумон кардам ҳама ба шапкаи ман дида дӯхтаанд ва гирифта ҳам наметавонистам, чун сарлуч намоз хондан кароҳият дошт... Дар ин ҳолатҳо ба раисон низ раҳмам омад, ки заифтар аз ман будаанд, чун бар замми сарлучу шапкаи ленинӣ доштанашон боз галстук ҳам доштанд...
    Намедонам, чи гуна намози ҷумъа хонда шуду давоми мавъизаи мулло чӣ буд? Аммо яқин буд, ки муллои  минбарнишин аз ман дида, бештар ниёз ба тарбият дорад. Тарбияи ҳамқадами замона шудану дунболи хару хингил ва кӯзаи бобоӣ нарафтан. Агар рушди ислом дар сарпӯшиву саллаҳои Қориишкамба мешуд, кайҳо дар Марс мусулмонон масҷид месохтанд ва ҳатман ин муллоҳои моро ба онҷо миссионер мекарданд. Вале, чӣ мегӯед, ки ...
       
   Чун бандаи шокир бо будани ин муллоҳои  примитив шукр мегӯям. На ба он хотир, ки аз шукри мо бисёртар шаванд, балки аз он шукр, ки дар ҷомеа теъдодашон камтар аст, вагарна...

вторник, 27 января 2015 г.

МОДАРАМ…
Тақдим ба модари азизу фидокорам
       Модарам ба ёд меояд. Модаре, ки дигар наметавонам бинамаш. Ӯ рафта аз ман, аз мо ба сӯйи Худо, ба ломакон. Имрӯз ман бузург шудаам, вале модарам зинда мебуд, ҳанӯз кӯчакам мехонд, ба сӯи пирӣ   раҳсипорам, аммо назди вай ҳанӯз кӯдак боқӣ мемондам. Ӯ танҳо касе буд, ки ашк, ширу хунашро фидоям намуд. Ҳамаи мардум фаромӯшам карданд, магар модар, хама рахоям карданд, ҷуз модар. Ҳамаи дунё бароям тағйир кард, магар модар. Модаре, ки эҳсос мекунам дар он дунё низ ғами маро мехӯрад...

      Модар! Чӣ қадар рухсораатро бо ашк шустушӯ медодӣ, ҳангоме ки ба сафар мерафтам. Ва чӣ андоза хобро бар хеш ҳаром мекардӣ, вақте набудам. Чӣ сон хобро ба фаромӯшӣ месупурдӣ, вақте бемор мешудам!
     Модар! Ҳангоме ки аз сафар бар мегаштам, дами дар истода медидамат, ба ман нигариста,  ашки хушҳолӣ аз чашмонат ҷорӣ мешуд. Ва замоне, ки аз хона берун мерафтам, бо қалби андӯҳнок бо ман худоҳофизӣ мекардӣ.
     Модар! Ҳар кас аз ман таъриф мекард, ӯро тасдиқ менамудӣ, гарчи маро пешвои халоиқ ва моҳи шаби чаҳордаҳ биномад. Ва касе, ки маро бадгӯӣ мекард, ӯро дурӯғгӯй мепиндоштӣ, гарчи ахли адолат ба манфиати вай шаҳодат дода. Ҳамеша ту танҳо касе будӣ, ки ба корҳои ман машғул мешудӣ ва фақат ту ғами маро комилан мехӯрдӣ.
     Модар! Чӣ гуна некиҳоятро посух гӯям, дарҳоле, ки шикаматро ҷойгоҳи ман қарор дода, аз шират ба ман нӯшонда будиву оғӯшатро бароям ошёне қарор додӣ. Чӣ гуна хубиҳоятро ҷуброн кунам? Ту дар роҳи хушбахт шудани ман мӯйҳои саратро сафед намуда, бадани хешро барои роҳати ман заиф сохта будӣ. Ва қоматат барои осоиши ман хамида буд.
     Модар! Беҳтарин лаҳзаҳо ҳамоне буд, ки ҳамроҳи ту тавофи Хонаи Худованд намудем. Дар он ҷо низ ёди ту даме бо Худо буду даме бо падарам ва даме бо фарзандон. Ғусса мехӯрдӣ, ки дуриву падарам танҳост ва намедонад бе ту чӣ гуна рӯз гузаронад. Андеша менамудӣ, ки духтаронат бо ҳамаи дороӣ дар хонаи ту беҳузурат худро бегонаву ятим эҳсос накунанд...
     Модар! Вақте ба суратат менигарам,  шармандагии хешро ҳис мекунам. Ҳис мекунам, ки ба қадри ту нарасидам. Зеро замоне, ки ҳамаи дӯстон ба ман пушт гардонанд, ту танҳо касе будӣ, ки вафодор мондӣ. Ва замоне ки вафодорон ба ман хиёнат карда ва ёрони самимӣ маро фиреб доданд, танҳо ту будӣ, ки бо қалби меҳрубон, ашкҳои гарм, суханони дилнавоз ва ҳамдардии бемонанди хеш бо ман ҳамроҳӣ менамудӣ, маро дар оғӯш мегирифтӣ, мебӯсидӣ, навозиш мекардӣ, дилдори менамудӣ, ҳамдардӣ месохтӣ ва бароям дуо мекардӣ.
    Модар! Ба ёд меоварам, чӣ андоза дар оғӯш гирифтан, бӯса, навозиш ва ҳамдардиро бе ҳеҷ подошу раҳматгуиҳо нисорам менамудӣ. Ба оина менигарам ва симои туро дар худ мебинам. Зеро гушти ман аз гушти баданат бофта шуд. Чеҳраам бо ашкҳоят шустушӯ дода шуд, мӯйҳои сарам бо бӯсаҳоят рӯида шуда ва муваффақиятам ба баракати дуоҳоят насибам гашта.
    Модар! Ба ман иҷозат бидеҳ, то қабратро дар оғӯш гирам, ҳарчанд раво нест. Худро қурбонат созам, гарчи дар шариати мо қурбонии инсон хушоянд набошад. Бароят бимирам кош дубора зинда шавӣ, назди падар оӣ, падаре, ки ба ҷои ту моро ҳам падарӣ дораду ҳам модарӣ...